Даромадан

Кафедраи педагогика ва психология

ОШИМОВА Маҳбуба Машарифовна

Вазифа: мудири кафедра, дотсент

Рақами телефони корӣ: (+992) 91 944 96 43

Email: 30-05@list.ru

Кафедраи педагогика ва психология яке аз кафедраҳои аввалинест, ки дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон соли 1980 таъсис ёфта то имрӯз фаъолият дорад. Кафедра кори худро барои иҷрои корҳои тарбияи педагогию психологии донишҷӯён, масъалаҳои назариявии таълиму тарбия барои ташаккули шахс равона карда истодааст.

Кафедра барои тайёр кардан ва тарбияи кадрҳои баландихтисоси соҳаи омӯзгорӣ ва тарҷумонӣ низ саҳми босазо гузошта, таҳқиқотҳои илмии худро аз рӯи мавзӯи бунёдии «Роҳҳои амали гардонидани қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд» ба роҳ мондааст. Аз тарафи устодон ва омӯзгорони кафеда як қатор мақола ва дастурҳо, барномаҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ таҳия гардидааст, ки он дар машғулоятҳои дарсиашон истифода бурда мешаванд. Мақсади кафедра ин барои баланд бардоштани сатҳи дониш, маҳорат ва малакаҳои педагогии донишҷӯён дар соҳаи омӯзгорӣ равона гардидааст.

Кафедраи мазкур байни факултавии донишкада ба ҳисоб рафта аз моҳи сентябри соли 2017 он ба факултети филологияи рус марбут мебошад. Он ҳамчун кафедраи пешбар буда дар назди он муҳокимаи рисолаҳои номзадиву докторӣ, инчунин, ҳимояи рисолаҳои хатм ва корҳои курсӣ ва додани тақризҳо баррасӣ карда мешавад. Айни замон дар кафедра 21 устодон фаъолият дорад, ки аз онҳо 4 нафарашон докторони илмҳои педагогӣ, 5 нафар номзадҳои илми педагогика, 3 нафар муаллими калон ва 8 нафар ассистентон мебошанд.

Дар кафедра 18 воҳиди кори мавҷуд буда омӯзгорон аз рӯи 22 номгӯи фанҳои таълимӣ аз он ҷумла: «Педагогикаи умумӣ», «Таърихи Педагогика», «Психологияи умумӣ», «Психологияи сину солӣ», «Психологияи касбӣ», «Психологияи муошират», «Педагогикаи мактаби олӣ», «Психологияи мактаби олӣ», «Курси махсуси мактабшиносӣ», «Таърихи афкори педагогикаи халқи тоҷик» ва ғайра машғулияти дарсии худро бо истифодаи технологияи муосир мегузаронанд.

Устодони кафедра дар ҳамаи факултетҳои донишкада ба донишҷӯёни зинаи бакалавриат ва магистратура дарс дода роҳбарии таҷрибаи таълимӣ ва омӯзгориро ба ӯҳда доранд. Таҳти роҳбарии устодони ботаҷрибаи кафедра донишҷӯён корҳои курсӣ, дипломӣ ва рисолаҳои хатм менависанд. Дар назди кафедра 3 нафар аспирант, 6 нафар унвонҷӯй фаъолият дорад, ки аз рӯи мавзӯъҳои илмии ҳалталаб кор карда истодаанд. Дар давоми мавҷудиёти кафедра зиёда аз 10 нафар рисолаи номзади илмӣ ва 4 нафар рисолаи докториашонро аз рӯи ихтисоси 13.00.01. ҳимоя кардаанд.

Ҳадаф:

– баланд бардоштани сатҳи донишандузии донишҷӯён ва мутахассисони соҳаи омӯзгорӣ;

– таҳияи назарияи таълим ва методҳои тарбия муосир;

– таҳияи технологияҳои навини методи таълим;

– баррасии таъминоти методии тамоми раванди таълим;

– тайёр кардани мутахассисоне ҷавони соҳаи омӯзгорӣ;

– мусоидат намудан ба рушди кадрии соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– таъмини раванди таълим ва нақшаҳои таълимӣ барномаҳои касбӣ.

Вазифаҳои асосии кафедра аз рӯи самтҳои зерин равона карда шудааст:

татбиқи сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурӣ нисбат ба тарбияи насли наврас;

– баррасии Консепсияи миллии тарбияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– мунтазам омухтани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи маориф;

– татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд»;

– ташаккул додани маҳорати касбии донишҷуён, масъулятнокӣ, ҷаҳонбинӣ, ҳуввияти миллӣ, ташаккули фарҳанги ва омода намудани мутахассисони касбии соҳаи омӯзгориву тарҷумонӣ;

– коркарди барномаҳои таълимии мувофиқи самтҳои педагогӣ;

– таъмини усулҳои инноватсионӣ ва баланд бардоштани сифати таълим бо назардошти дастовардҳои муосири илмӣ ва амалӣ;

– таълими муоширати касбӣ дар ҷанбаи ихтисоси интихобнамуда ва такмил додани малакаю маҳорати педагогӣ;

– васеъ намудани ҷаҳонбинии умумигуманитарӣ, маърифатӣ ва эстетикии донишҷуён.

Корҳои илмӣ-тадқиқотии кафедра: Дар кафедра мавзуи лоиҳаи кори илми-тадқиқоти бо номи “Омодагии педагогию-психологӣ волидаён дар тарбияи кӯдакони синфҳои ибтидоӣ дар мактабҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” коркард шуда истодааст. Муҳлати иҷроиш аз 01.01.2016 то 31.12.20.