Кафедраи назария ва таърихи адабиёти рус

Соли 1980, моҳи август бо ташкилшавии Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ҳамзамон факултети забон ва адабиёти рус, таъсис ёфт. Аз рӯзи аввали таъсиси Донишкада кафедраи адабиёти рус фаъолият мекунад.  Дар кафедра фанҳои таърихи адабиёти рус, таърихи адабиёти хориҷа, практикуми адабиёти рус, адабиёти муосири рус, нақди адабӣ, муқаддимаи адабиётшиносӣ, назарияи адабиёт,  эҷодиёти даҳонии халқ, адабиёти бачагонаи рус ва Англия, адабиёти Британияи Кабир, курси махсус, кишваршиносӣ, хониши ифоданок, таҳлили адабии матн, балоғат, адабиёти ИДМ, сарчашмашиноси таълим дода мешавад. Самти тадқиқоти илмии кафедра дар айни замон масъалаи «Робитаҳои адабии Русия ва Шарқ»- ро фаро мегирад.

Дар назди кафедра маҳфили  «Пушкинский дом» фаъолият менамояд, ки аъзоёни он  донишҷӯёни фаъоли факултетро фаро мегирад. Омӯзгорони кафедра ва донишҷӯён аз утоқи забон ва адабиёти рус, ки бо навтарин воситаҳои техникии таълим, мавҷгирии барномаҳои маърифатии телевизионии Русия ва компютерҳо таҷҳизонида шуда аст, пурсамар истифода мебаранд. Инчунин дар кафедра  маҳфили адабӣ амал мекунад. Баъзе фанҳои кафедра дар факултаи романӣ-германӣ  ва шарr низ таълим дода мешавад.

Дар айни ҳол дар кафедраи назария ва таърихи адабиёти рус омӯзгорони пуртаҷриба фаъолият мекунанд. Бо донишҷӯёни тибқи квотаи Президентӣ маҳфилҳои махсус оид ба омӯзиши забон  ва адабиёти рус гузаронида мешавад.

Имрӯз  устодони кафедра фаъолияти кории худро идома дода, дар соли хониши нав бо мақсад ва вазифаҳои дар пешгузоштаи худ корро оғоз намуданд.  Дар кафедраи мазкур  8 нафар устодони варзида  фаъолияти кори худро идома дода истодаанд. Аз ҷумлаи омӯзгорон 3 нафар номзадҳои илми филология, дотсент: Раҷабова Қ.Ҳ., Давруқов Ш.., Аъзамова М.Ш.,  4 нафар муаллими калон ва 1 нафар ассистент мебошанд.