Кафедраи назария ва таърихи адабиёт

ШАМСОВ Нурмад Сироҷович

Вазифа: мудири кафедра

Дараҷа ва унвони илмӣ: номзади илмҳои филологӣ, дотсент

Рақами телефони корӣ: (+992 37) 232 51 04

Email: shamsov1960@mail.ru

Кафедраи назария ва таърихи адабиёти тоҷик аз воҳидҳои сохтории Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ба ҳисоб меравад. Моҳи августи соли 1980, бо таъсисёбии Донишкадаи давлатии забон ва адабиёти руси ба номи А.С. Пушкин кафедраи забон ва адабиёти рус, кафедраи методикаи таълими забони русӣ низ ташкил ёфтааст. Он аввал дар доираи кафедраи забони русӣ ва сипас дар кафедраи забоншиносии умумӣ амал мекард. Танҳо моҳи майи соли 1989 кафедра ба таври мустақил таҳти унвони филологияи тоҷик таъсис ёфта, ба фаъолият шурӯъ намуд. Кафедраи мазкур соли 2006 бо номи таърихи адабиёти тоҷик табдили ном карда, ҳамин тавр, соли 2017 назария ва таърихи адабиёт номгузорӣ шуд.

Самтҳои афзалиятноки фаъолияти кафедра омӯзиш ва таҳқиқи таҳаввули жанрҳо, баррасии осори гуногуни дорои аҳамияти илмӣ ва эстетикидошта, таҳқиқи адабиётшиносии муосир, рушд ва мавқеи истифодаи он дар мактабҳои миёна ва олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мондааст.