Кафедраи методикаи таълим

ГАДОЕВ Каримҷон Хайруллоевич

Дараҷа: номзади илмҳои педагогӣ, дотсент

Вазифа: мудири кафедра

Таҳсилот: олӣ

Ихтисос аз рӯйи диплом: омӯзгори забони англисӣ

Тахассус (касб): омӯзгори забони англисӣ

Собиқаи умумии корӣ: 13 сол

Собиқаи корӣ аз рӯйи ихтисос: 13 сол

Рақами телефони корӣ: (+992) 98 767 94 00

E-mail: g.karimjon@mail.ru

Кафедраи методикаи таълим соли 2011 таъсис ёфтааст. Асосгузори кафедраи методикаи таълим аълочии Маорифи халқ, методисти категорияи олӣ, номзади илми педагогӣ, дотсент Барно Ашӯрова буда, аз таъсисёбӣ то соли 2014 роҳбарии кафедраро ба ӯҳда доштанд.

Кафедраи методикаи таълим (собиқ кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёт) дар назди факултети филологияи руси Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода бо Қарори мушовараи Вазорати маорифи Ҷумхурии Тоҷикистон аз 13.04.2006 №8/4 ва Қарори Шӯрои олимони Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улугзода №1 аз 26.08.2011 таъсис дода шуд. Аз солҳои аввали таъсисёбӣ фаъолияти асосии кафедра барои тайёр намудани мутахассисони ояндаи омӯзгорӣ аз забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, олмонӣ, фаронсавӣ ва чинӣ равона карда шудааст.

Фаъолияти кафедра дар асоси Низомномаи кафедраи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи маориф ба роҳ монда шудааст.

Соли 2014 бо Қарори Шӯрои олимони донишкада ду кафедра муттаҳид гардид ва аз 1 октябри соли 2014 бо номи кафедраи «Педагогика, психология ва методикаи таълим» фаъолияти худро давом дод. Дар ҳайати он 18 устод фаъолият доштанд. Аз моҳи феврали соли 2016 кафедраҳо фаъолияти худро дар алоҳидагӣ оғоз намуданд ва номи кафедра методикаи таълим боқӣ монд.

Кафедраро дар солҳои гуногун роҳбарӣ намуданд

Ашӯрова Барно, н.и.п., дотсент (2011-2014; 2015-2016)

Товбаева Малуда Мусулмоновна, н.и.п., дотсент (2014-2015)

Шарипов Мӯҳсин, н.и.п., дотсент (2017-2018)

Гадоев Каримҷон Хайруллоевич, н.и.п., дотсент (аз моҳи сентябри соли 2019)

Самтҳои асосии фаъолияти кафедра

Фаъолияти таълимӣ

Кафедраи методикаи таълим фаъолияти худро барои тайёр намудани мутахассисони касбии омӯзгорӣ ба роҳ мондааст. Санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, барномаю консепсияҳои соҳаи маориф ва илм устодони кафедраро водор месозад, ки баҳри ҳамаҷониба тайёр кардани омӯзгорони забонҳои гуногун, аз ҷумла забони давлатӣ, русӣ ва англисӣ камари ҳиммат бандад. Сиёсати роҳбарияти давлат, санадҳои соҳаи маориф роҳнамои ҳамарӯзаи кафедра ба шумор рафта, дар рафти корҳои таълимӣ, таълимӣ-методӣ, илмӣ ва тарбиявӣ рӯи кор меоянд.

Мақсади кафедраи методикаи таълим дар самти таълим ба таври назариявӣ фаҳмонидани ҷабҳаҳои гуногуни илми методика, дар амал татбиқ намудани донишҳои андӯхтаи донишҷӯён, рушду ташаккул додани маҳорату малакаи касбӣ-методӣ ва нутқи озоди муоширатии онҳо ба шумор меравад.

Барои амалӣ сохтани мақсади гузошташуда, кафедраи методикаи таълим ҳамасола дар назди худ вазифагузорӣ намуда, баҳри иҷрои онҳо устодони кафедра кӯшиш менамоянд. Вазифаҳои кафедра аз:

  • таҳия намудани барномаи таълимӣ ва силлабусҳои ҳар як фанни таълимии кафедра;
  • вобаста ба ихтисоси донишҷӯён (ихтисосҳои омӯзгорӣ) дастурҳои таълимӣ, таълимӣ-методӣ, маводҳои таълимии ёрирасон мураттаб сохта, дар рафти дарсҳо истифода намоянд;
  • дар баробари дарсҳои аудиторӣ ба донишҷӯён супоришу корҳои мустақилонаро дар шаклҳои гуногун (навиштани маърӯзаю реферат, ҷамъоварии маълумоти иловагӣ вобаста ба мавзӯи дарс, хондани адабиёти иловагии илмию таълимӣ ва ғ.) пешниҳод намуда, натиҷаи иҷроиши онро назорат намояд;
  • ташкили таҷрибаомӯзии омӯзгорӣ дар муассисаҳои таълимии томактабию умумӣ;
  • маҷмӯи саволномаҳои санҷиширо аз фанҳои таълимии кафедра таҳияшуда барои худсанҷии донишҷӯён пешниҳод намоянд.

Дар кафедраи методикаи таълим устодони соҳибтаҷриба ва олимони шинохтаи мамлакат ба монанди д.и.п., профессор Шербоев С., дотсентон Ашӯрова Б., Товбаева М.М., Заробекова Н.М. ва дигарон аз солҳои таъсисёбии кафедра фаъолият намуда, шогирдонро дар зинаҳои гуногуни таҳсилот тайёр менамоянд. Аз таҷрибаи бойи устодони кафедраи методикаи таълим омӯзгорони ҷавони дигар кафедраҳои Донишкада истифода бурда, дарсҳои худро дар асоси усулҳои муосири таълим ташкил менамоянд.

Фаъолияти илмӣ-тадқиқотии кафедра

Кафедраи методикаи таълим ба самти илм диққати махсус зоҳир менамояд. Фаъолияти илмии кафедраи методикаи таълим дар баробараи дигар кафедраҳои Донишкада дар сатҳи зарурӣ қарор дорад. Кафедра дар самти корҳои илмӣ-тадқиқотӣ хеле фаъол буда, дар ташкил намудани семинару мизҳои мудаввар ва баргузории конференсияҳои илмӣ-амалӣ, илмӣ-методии Донишкадавию ҷумҳуриявӣ пешсар мебошад.

Фаъолияти илмӣ-тадқиқотии кафедраи методикаи таълим барои иҷро намудани корҳои зерин равона гардидааст:

  • Гузаронидани мизҳои мудаввар, семинарҳои илмӣ, конференсияҳои илмӣ-амалӣ, илмӣ-методӣ бахшидаи ба мушкилот ва муваффақиятҳои таълими забонҳо;
  • Экспертиза, таҳқиқ ва пешниҳоди тақриз ба барномаҳои фанҳои таълимии зинаҳои гуногуни таҳсилот дар самти таълими забону адабиёти тоҷик ва забонҳои хориҷӣ;
  • Пешниҳоди тақриз ба рисолаҳо ва мақолаҳои илмӣ, лоиҳаҳои илмӣ, монографияҳо, китобҳои дарсӣ ва дигар маводҳо дар самти таълими забонҳо.

Муҳақиқони ҷавони зинаи докторантура (аз рӯи ихтисос PhD), аспирантура ва унвонҷӯён бо кафедраи методикаи таълим ҳамкории зич дошта, дар таҳияи рисолаҳои илмӣ аз устодони кафедра маслиҳатҳои илмию методӣ мегиранд.

Устодони кафедра роҳбарии як зумра олимони ҷавонеро дар самти таълими забонҳо корҳои илмӣ анҷом медиҳанд, ба ӯҳда доранд. Кафедра ҳамчун муассисаҳои пешбар ба рисолаҳои илмӣ ва фишурдаи рисолаҳои илмӣ аз шифри 13.00.02 (методикаи таълим) тақриз пешниҳод менамояд. Профессори кафедраи методикаи таълим Шербоев С. аъзои Шӯрои диссертатсионӣ буда, кафедраро дар дигар муассисаҳои таълимию илмӣ муаррифӣ менамояд.

Фаъолияти кафедра дар самти тарбия

Кафедраи методикаи таълим дар баробари пешбурди корҳои таълимӣ ва илмӣ ба тарбияи дуруст намудани шогирдон аҳамияти махсус медиҳад. Кӯшиши устодони кафедра дар самти тарбия аз он иборат мебошад, ки донишҷӯёни ҷавони Донишкадаро давр ба давра ҳамчун омӯзгорони касбии дорои одобу ахлоқи намунавӣ тайёр намоянд.

Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун роҳнамо ҳамарӯза дар дарсҳои таълимию тарбиявии устодони кафедра васеъ истифода мешавад. Устодони кафедра сарпарастии гурӯҳҳои академиро ба ӯҳда дошта, дар баробари гузаштани дарсҳои тарбиявӣ, инчунин донишҷӯёнро ба корҳои ҷамъиятии донишкадавӣ ва берун аз донишкада сафарбар менамоянд.

Аз ҷониби устодони кафедра баргузории дарсҳои кушод ва чорабиниҳои тарбиявӣ дар мавзӯҳои рӯзмарраи ҷавонон ташкил карда мешаванд. Чорабиниҳои мазкур имконият медиҳанд, ки донишҷӯёни Донишкада дар баробари омӯхтани илм, гирифтани тахасус ва тайёр шудан ҳамчун омӯзгорони касбии оянда, инчунин ҳамчун инсони комилу тарбиядида Донишкадаро хатм кунанд.