Кафедраи информатика ва фанҳои табиӣ-риёзӣ

СУЛТОНҲАЙДАРОВ Нуриддин Хонқулиевич

Вазифа: мудири кафедра

Дараҷа ва унвони илмӣ: муаллими калон

Рақами телефони корӣ: (+992) 93 865 56 55

Email: www.salomnuriddin78@mail.ru

Кафедраи информатика ва фанҳои табиӣ моҳи сентябри соли 2007 дар сохтори ДДЗТ ба номи Сотим Улуғзода таъсис дода шуд. Аз ибтидои таъсисёбӣ то соли 2013 вазифаи мудири кафедраи мазкурро номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Мавлоназаров Салмоншо Султоназарович бар уҳда дошт.

Бо фармоиши ректори донишкада моҳи марти соли 2014 кафедраи мазкур ба ду кафедраи алоҳида: кафедраи информатика ва технологияи иттилоотӣ – иртиботӣ ва кафедраи варзиш ва экология, моҳи октябри ҳамон сол кафедраҳои мазкур аз нав муттаҳид шуданд ва кафедра бо унвони кафедраи информатика ва фанҳои табиӣ – риёзӣ фаъолияташро идома дод.

Аз моҳи августи соли 2018 кафедраи мазкур ба ду кафедраи алоҳида: кафедраи информатика ва технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар сохтори факултети забонҳои Шарқ ва кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва фанҳои табиӣ-риёзӣ ҳамчун кафедраи умумидонишкадавӣ фаъолияти худро ба роҳ монданд.

Кафедраи информатика ва технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ айни ҳол ҳамчун кафедраи тахассусӣ барои ихтисоси забони чинӣ. Информатика таъсис дода шудааст, ки таълими фанҳои тахассусии ихтисоси мазкурро дар амал татбиқ менамояд.

Ҳайати кафедра

МАЪРУФОВ Абдуқаҳҳор Маъруфович

Вазифа: муаллими калон

Маълумот: олӣ

Ихтисос аз рӯйи диплом: система ва технологияҳои иттилоотӣ (ва иқтисодиёт)

Тахассус (касб): информатик-иқтисодчӣ

Фанҳои дарсӣ: технологияи информатсионӣ, системаи иттилоотӣ, информатика дар иқтисодиёт

Собиқаи умумии корӣ: 8 сол

Собиқаи корӣ аз рӯи ихтисос: 8 сол

ФОЗИЛОВ Ҷавлонбек Менгибоевич

Вазифа: ассистент

Маълумот: олӣ

Ихтисос аз рӯйи диплом: иқтисодиёт (дараҷаи магистрӣ)

Тахассус (касб): менеҷменти соҳаи маориф

Фанҳои дарсӣ: технологияи информатсионӣ, математика

Такмили ихтисос: соли 2018 фанҳои дақиқ ДМТ 17.09.18 то 20.10.18

Собиқаи умумии корӣ: 5 сол

Собиқаи корӣ аз рӯи ихтисос: 5 сол

ҶАБАРОВ Муҳаммад Самиевич

Вазифа: ассистент

Маълумот: олӣ

Ихтисос аз рӯйи диплом: иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот (энергетика)

Тахассус (касб): иқтисодчӣ

Фанҳои дарсӣ: технологияи информатсионӣ

Собиқаи умумии корӣ: 4 сол

Собиқаи корӣ аз рӯи ихтисос: 1 сол

ҶАББОРОВА Тахмина Ходихоновна

Вазифа: лаборант

Маълумот: олӣ

Ихтисос аз рӯйи диплом: системаҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт

Тахассус (касб): информатик-иқтисодчӣ

Фанҳои дарсӣ: технологияи информатсионӣ

Собиқаи умумии корӣ: 15 сол

Собиқаи корӣ аз рӯи ихтисос: 3 сол

ШАМСОВ Бахтовар Салмонович

Вазифа: муаллими калон

Маълумот: олӣ

Ихтисос аз рӯйи диплом: забоншиноси ва технологияи нави иттилоотӣ

Тахассус (касб): забоншинос (мутахассиси технологияи нави иттилоотӣ)

Фанҳои дарсӣ: технологияи информатсионӣ, забоншиносии компютерӣ, лексикографияи компютерӣ, луғатҳои электронӣ

Собиқаи умумии корӣ: 4 сол

Собиқаи корӣ аз рӯи ихтисос: 4 сол