Кафедраи филологияи Шарқи наздик

ТУРСУНОВ Ғолиб Абдусобирович

Вазифа: мудири кафедра

Дараҷа ва унвони илмӣ: муаллими калон, номзади илмҳои филологӣ

Рақами телефони корӣ: (+992 37) 237 01 49

Email: fil-sharq@mail.ru

Кафедраи филологияи Шарқи Наздик моҳи сентябри соли 2019 дар натиҷаи тақсим намудани кафедраи филологияи Шарқ, ки моҳи сентябри соли 2018 бо қарори Шӯрои олимони Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, дар натиҷаи муттаҳид намудани кафедраҳои забонҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ва Шарқи Наздик таъсис ёфта буд, ба фаъолият оғоз намудааст, ки таърихи кафедраҳои мазкур тариқи зайл аст:

Кафедраи забонҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода расман соли 2009 ба фаъолият оғоз намудааст. Қабули толибилмон ба шуъбаҳои забони чинӣ, забони ҷопонӣ ва забони куриёӣ аз соли 2000-ум шурӯъ гардидааст, ки он дар ҳайати факултети забонҳои хориҷӣ буд. Дар аввал донишҷӯён ихтисосҳои мазкурро бо дараҷаи мутахассис ва минбаъд аз рӯи дараҷаи бакалавр хатм мекунанд. Аввалин мудири кафедра дотсент Шоев Раҳматулло Субҳонович буд, ки баҳри ташкил ва пешбурди фаъолияти кафедра саҳми арзанда гузоштааст. Баъдан дар вазифаи мазкур муаллими калон Худобахшова Мария Викторовна фаъолият карда, сипас роҳбарии онро Турсунов Ғолиб Абдусобирович, Насруллоев Муҳаммал Нуруллоевич, Абдуллоев Вайсиддин Саидович бар уҳда доштанд.

Лозим ба зикр аст, ки собиқ кафедраи забонҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ба таълими забонҳои чинӣ, ҷопонӣ ва куриёӣ машғул буд.

Муаллимони нахустини шуъбаи чинии кафедра профессор Янг, Дзоу, дотсент Асия Алӣ, Днг, Ванг, Лю Го Ли ва дигарон буданд, ки дар таълиму тарбияти донишҷӯёни тоҷик хидмати шоёне карданд. Минбаъд хатмкардагони шуъбаи забони чинӣ Худобахшова М.В., Мамадҷонова Н., Абдуллоева Г., Набиева М, Азизова Р., Халилова М. ва дигарон ба таълими забони чинӣ машғул гардидаанд.

Дар самти таълими забони ҷопонӣ муаллимони соҳибзабон Мичико, Табата, Эйко, Кобаяши, Ясуко, Ҳироко ва хатмкардаи ихтисоси мазкур Ғуломалиев Ш., Набиева М., Каримова М., Кучбоева Ш саҳм гузоштаанд.

Дар омӯзиши забони куриёӣ омӯзгорони соҳибзабон Шин Нагкюн, Чой Ми Ҳи, Чу Мун Су, Ҳо Ин Вон ва хатмкардагони ин ихтисос Одинаева З., Сурхова Ф., Нормахмедов И., Мирзоев Д. ва дигарон ҷидду ҷаҳд намудаанд.

Моҳи сентябри соли 2016 бошад дар ҳайати кафедра шуъбаи забони ҳиндӣ ифтитоҳ ёфт, ки он хоҳишмандони забони ҳиндиро ба таълиму тарбият фаро гирифта, омӯзгорони аввалини ин шуъба Абдуллоев В., Юнусӣ А., Азизова З. ба таълиму тарбияти насли наврасу ҷавон машғул шуданд.

Кафедраи забонҳои Шарқи Наздик дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода расман соли 2010 бар асари тақсим намудани кафедраи забонҳои Шарқи Хориҷӣ ба ду сохтори  мустақил арзи вуҷуд кард. Аслан, қабули толибилмон ба шӯъбаи арабӣ дар ҳайъати факултети забонҳои Шарқ аз соли 2004 оғоз гардид. Ҳамон сол ҷиҳати ташкил ва таъмини хушсифати раванди таълими  забонҳои арабӣ, форсӣ, японӣ, хитоӣ ва кореягӣ кафедраи забонҳои Шарқи Хориҷӣ таъсис ёфт. Ду соли аввал, яъне солҳои 2004 ва 2005,  донишҷӯён аз рӯи ихтисоси тарҷумони забонҳои арабию англисӣ, инчунин,  тарҷумони забонҳои форсию  англисӣ қабул шуданд. Минбаъд то соли 2012 қабулу омодасозии мутахассисони забони арабӣ танҳо аз рӯи ихтисоси «Бакалавр,  тарҷумони забони арабӣ» сурат гирифт. Аз соли таҳсили 2012-2013 қабул ба шӯъбаи арабӣ боз аз рӯи ихтисоси  тарҷумони забонҳои арабию англисӣ идома дорад, ҳамчунон омӯзиши забони форсӣ низ баъди таваққуфи муваққатӣ аз рӯи ихтисоси  тарҷумони забонҳои форсию англисӣ аз нав ба роҳ монда шуд.

Давраи аввал сарварии кафедраро шодравон дотсент Исоев Маҳмадраҳим  (2004-06) ба ӯҳда гирифтанд, ки баҳри ба по хестани он хидматҳои шоиста  анҷом доданд. Сипас вазифаи мазкурро дар солҳои муайян устодон – дотсент А.С. Самадов (2006-09), ва И.Х. Сатторов (2009-11); дотсент Махсудов Ҳ. (2011-2016) ва дотсент Мухторова Ф.(2016-2017) ба зимма доштанд. Алҳол ба фаъолияти кафедра н.и.ф. Сафаров М. роҳбарӣ менамояд.

Устодони нахустини шуъбаи арабӣ профессор Х.М. Зиёев, шодравон дотсент М. Исоев, дотсент А.С. Самадов, муаллими калон Ҳ. Анақулов, муаллимон Н. Тиллоев, М. Сайдаралиев, А. Абдуллоев,  А. Абдуҷабборов, Ҳ.Мирзоев, И.Сатторов, М. Байюмӣ, марҳум Б. Шукуров ва дигарон буданд, ки барои ба роҳ мондани фаъолияти пурсамари кафедра саҳми босазои худро гузоштаанд. Дар самти таълими забони форсӣ хидматҳои устодони гиромии соҳибзабон Беҳҷатхонум Саидӣ, Аъзамхонум Таваккулӣ, Пагоҳ Зиндабод, Муҳаммад Қулизода ва мутахассисони  соҳибтаҷрибаи ватанӣ дотсент Н. Саркоров, М. Кенҷаев, А. Эгамов, П. Кабирӣ, Ғ. Турсунов ва дигарон пурарзишанд.

Имрӯзҳо кафедраи забонҳои Шарқи Наздик фаъолияти хешро баҳри омода сохтани мутарҷимони хушсалиқае, ки аз маҳорату малакаҳои амиқи назарию амалии забонӣ, инчунин донишҳои пухтаю ҳамаҷонибаи касбӣ бархурдоранду бо ҷаҳонбинии пешқадам мусаллаҳанд, муваффақона пеш мебарад. Дар ин ҷода 10 нафар устодони варзида ҷидду ҷаҳди тамом доранд. Тавассути онҳо омӯзиши асосҳои забони арабӣ аз рӯи анқариб 50 фанни таълимӣ сурат мегирад. Аз ҷумлаи омӯзгорон 5 нафар номзадҳои илм-дотсентон (Махсудов Ҳ., Сафаров М.,  Саркоров Н., Мухторова Ф., 5 нафар муаллими калон Байюмӣ М., Сатторов И., Мирзоев Ҳ., Турсунов Ғ. ва Аҳёев М.) ва 1 нафар ассистент (Қобилов Ф., мебошанд. Онҳо нозукиҳои забони арабиро дар таълимгоҳҳои олии тахассусии  Ҷумҳурии Мисри Араб, Арабистони Саудӣ Ҷумҳурии Исломии Покистон, Ҷумҳурии Судон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯхтаву андӯхтаанд. Боиси хушнудист, ки 4 нафар дастпарварони донишкадаамон низ дар паҳлӯи устодони худ истода, маҳорати педагогиашонро сайқал медиҳанд.

Шоистаи ёдоварист, ки шогирдон сабақҳои хешро аз асосҳои сарфу наҳви арабӣ соли сенздаҳум аз дасти устоди варзидаи соҳибзабон Муҳаммад Байюмӣ (Миср; каломи зиндаи арабӣ, таърихи забони арабӣ, фонетикаи назарӣ ва амалӣ, услубшиносии забони арабӣ, сарфу наҳву қироат ва ғ.)  мегиранд.

Дар айни замон устодони кафедра мунтазам барои гузаронидани давраҳои бозомӯзӣ ва курсҳои махсуси марбути забони арабӣ ба таълимгоҳҳои олии дигар аз дохилу хориҷи кишвар даъват мешаванд. Чунончи, устод М. Байюмӣ чанд соли охир ба пойтахти Қирғизистон шаҳри Бишкек ва ба шаҳри Хуҷанд сафар доштанд ва мизбонон муваффақияти кори давраҳои бозомӯзии анҷомдодаашонро маҳз ба мушоракати ӯ алоқаманд медонанд. Ҳамчунон дотсент Ҳ. Махсудов муддати чор сол (2008-2011) барои гузаштани курсҳои махсус аз қисматҳои гуногуни забони арабӣ ба Донишгоҳи давлатии Аштархон (Русия) даъват шуда, мутахассиси пешбари кафедраи забони арабии он ҳисоб меёфт. Таснифи 6 маҷмӯаи таълимию методӣ аз рӯи унсурҳои федералии нақшаи таълимии донишгоҳи номбурда ба қалами ӯ тааллуқ дошта, онҷо дар ҷараёни таълим мавриди истифода қарор  гирифтаанд.

Муаллимони кафедра пайваста аз паи пухтаву суфта ва такмилу  сайқал додани маҳорати касбӣ ва донишу малакаҳои забонии хеш мебошанд. Ҳанӯз соли 2006 устод М. Исоев дар шаҳри Қоҳираи Ҷумҳурии Мисри Араб аз тарафи донишкада ба давраи бозомӯзӣ фиристода шуда буданд, соли 2008  муаллими калон Ҳ. Мирзоев курси такмили ихтисосро дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон гузашт. Дар ин робита, охири моҳи январи соли 2012 дар Душанбе Пажӯҳишгоҳи забону адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи Илмҳои Тоҷикистон бо ҳамкории Иттиҳоди ҷаҳонии мактабҳои арабии исломии байналхалқӣ давраи бозомӯзии муаллимони забони арабиро доир сохт, ки дар он тамоми устодони кафедра фаъолона ширкат варзида, ба гирифтани шаҳодатномаи такмили ихтисос ноил шуданд.

Кафедраи забонҳои Шарқи Наздик дар сатҳи таълимгоҳ ва кормандони алоҳида бо марказҳои дигари арабшиносии ҷумҳурӣ, монанди кафедраи филологияи араби ДМТ, факултети шарқшиносии ДДХ ба номи Б. Ғафуров, кафедраи забонҳои Донишкадаи исломӣ ба номи имом Абӯ Ҳанифа, инчунин бо кафедраи забонҳои форсию арабии Донишгоҳи давлатии Аштархон (Русия) ҳамкориҳои илмию таълимию методиро ба роҳ монда, иштирокчии доимии анҷуману дигар тадбирҳои илмию амалӣ мебошад.

Бояд қайд кард, ки аввалин мудири кафедраи филологияи Шарқ номзади илмҳои филологӣ, дотсент марҳум Махсудов Ҳасанбой Абдуллоевич буданд, ки дар пешрафти кафедра саҳми назаррас гузоштаанд ва сипас ба вазифаи мазкур Турсунов Ғолиб Абдусобирович таъйин гардида, фаъолияти кафедраро густариш додааст.

Феълан мудири кафедраи филологияи Шарқи Наздик номзади илмҳои филологӣ Турсунов Ғолиб Абдусобирович мебошад, ки баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар кафедра ва тадриси босамари забонҳои арабӣ ва форсӣ ҷидду ҷаҳд менамояд.