Кафедраи филологияи англис

МУСОЯМОВ Зубайдулло Муминшоевич

Вазифа: мудири кафедра

Дараҷа ва унвони илмӣ: номзади илмҳои филологӣ, дотсент

Рақами телефони корӣ: (+992 37) 232 51 04

Email: zubaidullo@gmail.com

Кафедраи филологияи англис (собиқ кафедраи забонҳои хориҷӣ) дар назди факултети забонҳои хориҷии (ҳоло факултети забонҳои романию германӣ) Донишкада ҳанӯз соли 1993 таъсис ёфта буд. Солҳои аввал дар назди кафедра ихтисоси забони русӣ – англисӣ (омӯзгор) тайёр карда мешуд. Баъдан кафедра фаъолияташро пурра барои тайёр кардани мутахассисони омӯзгор ва тарҷумони забони англисӣ равона мекунад.

Кафедраро дар солҳои гуногун устодони зерин роҳбарӣ намудаанд: Иномова Дилрабо, муаллими калон (1993), Ҷумаева Елена Сергеевна, муаллими калон (1993), Астанова Халида Азизовна, муаллими калон (1994-2000), Ҳасанова Малика Сайдаҳмадовна, муаллими калон (2006-2009), Ғафурова Мукаррама Ҷалоловна, муаллими калон (2000-2005; 2010-2011), Насруллоев Муҳаммад, н.и.ф. (2011-2012), Наврасов Абдурауф Бурҳонович, н.и.п. (2012-2017), Гадоев Каримҷон Хайруллоевич, н.и.п. (2018).

Дар кафедра беш аз 30 омӯзгор фаъолият мекунанд, ки аксарияти онҳо ҷавонон мебошанд, ки зиёда аз 15 номгӯйи фанҳои тахассусии забонҳои англисиву олмонӣ ва фаронсавиро дарс медиҳанд.