Кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносӣ

МАҶИДОВ Диловар Ҳафизович

Вазифа: мудири кафедра

Дараҷа ва унвони илмӣ: номзади илмҳои фалсафа, дотсент

Рақами телефони корӣ: (+992 37) 232 51 04

Email: dilovar8181@bk.ru

Кафедра аввалин маротиба ҳамчун кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ фаъолияти худро солҳои 80-уми асри ХХ оғоз намудааст. Нахустин мудири кафедра номзади илмҳои таърих, дотсент Дуднев А.П.(солҳои 1980-1985) буд. Дар давоми ин солҳо кафедра тағйири ном намуда, номи асосҳои марксисм-ленинзмро низ гирифтааст. Соли 1985 кафедрахои коммунизми илмӣ ва фалсафа якҷоя карда шуда, мудирии онро солҳои 1986-1990 дотсент М. Тағоев ба уҳда дошт. Дотсентон Николаев К. А. ва Богданов И. Е. солҳои 1990-1993 вазифаи мудирии кафедраро иҷро намуда буданд. Солҳои 1993 – 2004 кафедра бо номи фалсафа ва таъриху назарияи иқтисод  амал намуда, ба он дотсент Ҷалилов Ш. Р., муаллими калон Чоршанбиев Н., дотсент Скоробогатов И.М. ва инчунин доктор Зиеёв Х.М. сарварӣ намудаанд.

Аз соли 2004 кафедраҳои фалсафа ва сиёсатшиносӣ ва таъриху назарияи иқтисод аз нав ҷудо гашта, ба таври мустақил фаъолияти худро ба роҳ мондаанд. Кафедраро давоми солҳои 2004-2016 зери роҳбарии Базарова С.Ш., Базарова Саодат Шарифовна, Муродова Н.С., Тураева З.Ю., Карамхудоев Ш.Х. ва Сафаров Л. Ш. фаъолияти худро боз ҳам муташаккилона инкишоф додааст.

Ҳайати кафедра

АЗИЗМУРОДОВ Муҳаммадсалим Раҳимович

Вазифа: муаллими калон

Маълумот: олӣ

Ихтисос аз рӯйи диплом: забони англисӣ

Тахассус (касб): муаллими забони англисӣ

Фанҳои дарсӣ: фалсафа, сотсиология, диншиносӣ

Такмили ихтисос: фалсафа, диншиносӣ, фарҳангшиносӣ, аз 10.01.2018 то 20.02.2018 дар Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касби назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Собиқаи умумии корӣ: 10 сол

Собиқаи корӣ аз рӯи ихтисос: 10 сол

БОБОЕВ Кенҷа

Вазифа: муаллими калон

Маълумот: олӣ

Ихтисос аз рӯйи диплом: фалсафа

Тахассус (касб): файласуф, омӯзгори фалсафаи марксистӣ-ленинӣ ва ҷомеъашиносӣ

Фанҳои дарсӣ: фалсафа, сотсиология, фарҳангшиносӣ

Такмили ихтисос: равияи гуманитарӣ-ҳуқуқӣ аз 18.04.2016 то 21.05.2016 дар Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касби назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Собиқаи умумии корӣ: 44 сол

Собиқаи корӣ аз рӯи ихтисос: 44 сол

КАРАМХУДОЕВ Шукрат Худоназарбекович

Дараҷа: номзади илмҳои фалсафа

Вазифа: дотсент

Маълумот: олӣ

Ихтисос аз рӯйи диплом: филолог

Тахассус (касб): муаллими забон ва адабиёти тоҷик

Фанҳои дарсӣ: фалсафа, сотсиология, фарҳангшиносӣ, диншиносӣ

Собиқаи умумии корӣ: 17 сол

Собиқаи корӣ аз рӯи ихтисос: 17 сол

ҚОБИЛОВ Муҳаббатшо Замирович

Вазифа: муаллими калон

Маълумот: олӣ

Ихтисос аз рӯйи диплом: асосҳои давлат ва ҳуқуқ; магистри самти забоншинос

Тахассус (касб): ҳуқуқшинос – маъмур дар соҳаи маориф; лингвист

Фанҳои дарсӣ: фалсафа, сотсиология, фарҳангшиносӣ, геополитика, сиёсатшиносӣ, ҳуқуқшиносӣ; муносибатҳои байналхалқӣ

Собиқаи умумии корӣ: 11 сол

Собиқаи корӣ аз рӯи ихтисос: 9 сол

МИРОВА Нағзигул Раҳмоновна

Вазифа: лаборант

Маълумот: олӣ

Ихтисос аз рӯйи диплом: забон ва адабиёти рус

Тахассус (касб): муаллимаи забон ва адабиёти рус дар мактабҳои миллӣ

Фанҳои дарсӣ: диншиносӣ, фарҳангшиносӣ, этика ва эстетика

Такмили ихтисос: технологияи иттилоотӣ, аз 20.09.2017 то 07.10.2017 дар Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касби назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Собиқаи умумии корӣ: 10 сол

Собиқаи корӣ аз рӯи ихтисос: 10 сол

САЛИМОВ Аслиддин Иномҷонович

Вазифа: муаллими калон

Маълумот: олӣ

Ихтисос аз рӯйи диплом: сиёсатшиносӣ

Тахассус (касб): сиёсатшинос-маъмур

Фанҳои дарсӣ: мантиқ, сиёсатшиносӣ

Собиқаи умумии корӣ: 6 сол

Собиқаи корӣ аз рӯи ихтисос: 6 сол

СУЛАЙМОНОВ Баҳманёр Саидэҳсонович

Дараҷа: номзади илмҳои фалсафа

Вазифа: муаллими калон

Маълумот: олӣ

Ихтисос аз рӯйи диплом: шарқшиносӣ

Тахассус (касб): шарқшинос-филолог (филологияи Араб)

Фанҳои дарсӣ: фалсафа, сотсиология, фарҳангшиносӣ

Собиқаи умумии корӣ: 12 сол

Собиқаи корӣ аз рӯи ихтисос: 12 сол