Категорияҳо

Одинаев Саломиддин Раҷабалиевич

Унвони илмӣ: номзади илмҳои таърих, дотсент

Собиқаи корӣ: 36 сол

Самти фаъолияти илмӣ: таърихи халқи тоҷик, таърихи муносибатҳои хориҷии Тоҷикистон,саҳми Тоҷикистон дар тайёр намудани мутахассисони хориҷи ва ғ.

Кори қисми тарбияро бевосита роҳбарӣ намуда, доир ба фаъолияти самаранокии он масъул аст.

Вазифаҳои муовини ректор оид ба тарбия:

• фармонҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро доир ба корҳои тарбиявӣ дар амал татбиқ менамояд;

• фармоишҳои ректори Донишкада, қарорҳои Шурои олимон ва раёсати Донишкадаро оид ба корҳои самарабахши тарбиявӣ миёни устодону донишҷӯён амалӣ менамояд;

• иштироки фаъоли устодони Донишкадаро дар ташвиқу тарғиби сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин менамояд;

• фаъолияти кори тарбияро дар Донишкада тибқи санадҳои меъёриву ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соҳаи маориф, Консепсияи миллии тарбия ва дар асоси «Низомнома»-и тасдиқ намудаи Шурои олимон ба роҳ мегузорад;

• фаъолияти созмонҳои ҷамъиятӣ, Шӯрои занон, Шӯрои кураторон ва ғайраро ҳамоҳанг сохта, самарабахшии фаъолияти онҳоро дар вусъати корҳои тарбиявӣ таъмин менамояд;

• фаъолияти тарбиявӣ, мазмун ва мундариҷаи корҳои тарбиявии устодони кафедраҳо ва садорати факултетҳоро дар хобгоҳ таҳти назорати доимӣ қарор медиҳад;

• барои таҳким бахшидани робита ва ҳамкориҳо бо волидайни донишҷӯён тадбирҳои мушаххас меандешад;

• иҷрои мунтазами нақшаи корҳои тарбиявии Донишкада, факултетҳо, кафедраҳо ва созмонҳои ҷамъиятиро зери назорат мегирад;

• тибқи барнома ва нақшаҳои тарбиявӣ пайваста чорабиниҳои фарҳангӣ, варзишӣ, маънавӣ, озмунҳои мухталиф ва вохӯриву мулоқотҳоро дар сатҳи баланд ва судманд баргузор менамояд;

• иштироки фаъолонаи донишҷӯёнро дар маъракаҳои муҳими сиёсиву фарҳангӣ дар сатҳи ҳукуматӣ ва шаҳру нохиявӣ таъмин менамояд.

E-mail: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Телефон: (+992 37) 232-51-22

Top
We use cookies to improve our website. By continuing to use this website, you are giving consent to cookies being used. More details…