Категорияҳо

Бахши тачрибаомузи ва кор бо мутахассисони чавон аз соли 2008 то 2011 дар тобеияти шуъбаи таълими ДДЗТ фаъолият менамуд. Аз соли 2011 бахши алоҳида таъсис дода шуд, ки он дар тобеияти Раёсати таълими ДДЗТ буда, бахши таҷрибаомӯзӣ ва карера номгузорӣ шуд. Бахши мазкур аз ду корманд – сардор ва мутахассиси пешбар иборат мебошад. Бахши номбурда дорои Низомнома буда, тибқи он фаъолият менамояд.

Холо Бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони чавон номгузори шуда,бо шуъбаи маорифи ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ ,Шоҳмансур, Синои шаҳри Душанбе ва дигар шуъбаҳои маорифҳо шартномаҳои ҳамкории тарафайнро ба имзо расонидааст. Донишҷӯёни факултети забонҳои романию германӣ, филологияи тоҷик, филологияи руси Донишкада таҷрибаомӯзии таълимӣ ва омӯзгориашонро дар муассисаҳои таълимии миёнаи умумии ноҳияи Синои Шаҳри Душанбе мегузаронанд. Вазифаи бахш аз сафарбар намудани донишҷӯён ба таҷрибаомӯзии омӯзгорию- тарҷумонӣ ва назорат бурдан аз болои ба ҷои кор ҳозиршавии мутахассисони ҷавони Донишкада мебошад. Аз тарафи бахш Низомномаҳои таҷрибаомӯзии омӯзгорӣ ва тарҷумонӣ таҳия гардида бо қарори Шӯрои олимон тасдиқ шудааст. Инчунин дастур ва барномаҳои методии таҷрибаомӯзии омӯзгорӣ ва тарҷумонӣ коркард шудаанд, ки аз онҳо устодону таҷрибаомӯзон ба таври васеъ истифода мебаранд.

Номгуи ҳуҷҷатҳо оид ба фаъолияти таҷрибаомӯзии таълимии донишҷӯ

1. Рузнома ( бо муҳру имзои раёсати таълим ва садорати факултет)

2. Роҳхат аз шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва карера

3. Барномаи кори таҷрибаомӯзӣ аз рӯи ихтисос

4. Тавсифнома аз муассисае,ки донишҷӯ дар он таҷрибаомӯзӣ гузаштааст

5. Ҳисоботи таҷрибаомӯзӣ

 

Номгуи ҳуҷҷатҳо оид ба фаъолияти таҷрибаомӯзии омӯзгории донишҷӯ

1. Рузнома ( бо муҳру имзои раёсати таълим ва садорати факултет)

2. Нақшаи тақвимӣ

3. Нақшаи кори тарбиявӣ

4. Нақша-конспекти дарси тарбиявӣ

5. Нақша- конспекти дарси як соата

6. Дафтари таҳлили машғулиятҳои дарсӣ

7. Тавсифномаи психологӣ-педагогӣ барои як хонанда ва ё гурӯҳи синф

8. Воситаҳои аёнӣ

9. Тавсифномаи роҳбарияти мактаб ба фаъолияти омӯзгории таҷрибаомӯз

10. Ҳисобот

 

Бахши кор бо мутахассисони чавон -Таъмини муассисахои таълими бо кадрхои омузгори яке аз масъалахои асоси ва мухим дар сохаи маориф махсуб гардида, он ба раванди бомаром ва бомувафаки таълиму тарбия ва баланд бардоштани сатхи дониши хонандагон алокаи зич дорад.

Раёсати Донишкада халли масъалаи мазкурро яке аз хадафхои асосии худ карор додла, корро дар ин самт сол то сол вусъати тоза мебахшад.

Ҳадаф:

  • - Банақшагирӣ ва ташкили корҳои илмию методӣ оид ба гузаронидани таҷрибаомӯзии донишҷӯѐни ДДЗТ вобаста ба соҳаҳои ихтисосие, ки ДДЗТ омода мекунад.
  • - Санҷиши нақшаҳои таълимӣ дар ҳама ихтисосҳо (навъи таҷрибаомӯзӣ, андоза ва мӯҳлати таҷрибаомӯзӣ) дар мавриди мувофиқ будан ѐ набуданашон ба талаботи стандартҳои давлатии таълимӣ дар макотиби олӣ.
  • - Ташкил ва гузаронидани семинарҳои дастуриву методӣ бо роҳбарони таҷрибаомӯзӣ оид ба масъалаҳои банақшагирӣ ва ташкили таҷрибаомӯзӣ.
  • - Омода намудани васоити таълимию методӣ, дастурамалҳо, дигар ҳуҷҷатҳои зарурӣ оид ба таҷрибаомӯзии донишҷӯѐни ДДЗТ.
  • - Ташкил ва гузаронидани таҷрибаомӯзии донишҷӯѐни ДДЗТ ва назорат аз болои ин чорабинӣ дар ҳама сохторҳои ДДЗТ.
  • - Омода намудани шартномаҳо бо корхонаҳо ва муассисаҳои қаламрави ҶТ новобаста аз шакли молик ияташон.
  • - Ҷамъоварии мунтазами мавод оид ба корхонаву муассисаҳое, ки бо ДДЗТ дар масъалаи таҷрибаомӯзӣ ҳамкорӣ мекунанд.
  • - Ҳамоҳанг сохтани фаъолияти роҳбарони таҷрибаомӯзӣ дар ҳама факултаҳои ДДЗТ.
  • - Ташкил ва гузаронидани конфронсҳои ҷамъбастӣ аз рӯи натиҷаҳои таҷрибаомӯзии донишҷӯѐни ДДЗТ.
  • - Иштирок дар кори кафедраҳо ва факултаҳо аз рӯи масъалаҳое, ки ба таҷрибаомӯзии донишҷӯѐни ДДЗТ дахл доранд.
  • - Омода намудани пешниҳодот оид ба такмил додани банақшагирӣ ва ташкили таҷрибаомӯзии донишҷӯѐни ДДЗТ.
Top
We use cookies to improve our website. By continuing to use this website, you are giving consent to cookies being used. More details…