Категорияҳо

Донишкада дар тӯли фаъолияти хеш аввал низоми назорати сифати таҳсилро ба роҳ монда буд, ки вобаста ба он дар шуъбаи таълим мутахассис оид ба назорати сифати таҳсилот ва се эксперт амал менамуданд. Бо мақсади баланд бардоштани сифати таҳсили донишҷӯён дар соли таҳсили 2011-2012 Бахши идоракунии сифати таҳсилот таъсис ёфт. Дар бахши мазкур ду корманд: мудир ва нозири сифати таҳсилот фаъолият менамуданд.

Вазифаҳои стратегии Донишкада дар самти сифати таҳсилот ба таври мушаххас муайян гардида, эъломия оид ба сифати таҳсилот дар ҳамаи сохторҳои Донишкада бо донишҷӯён ва ҳайати устодону омӯзгорон муҳокима ва мувофиқа шуда, аз тарафи Шӯрои олимони Донишкада санаи 21 декабри соли 2012 қабул гардидааст. Донишкада барои баланд бардоштани сифати таълими донишҷӯён Барномаи идоракунии сифати таҳсилотро дар асоси намунаи Барномаи идоракунии сифати таҳсилоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия намуда назоратро дар асоси барномаи мазкур аз болои факултетҳои Донишкада ба роҳ мондааст. Соли таҳсили 2012-2013 бахши мазкур Бахши мониторинг ва идоракунии сифати таҳсилот номгузорӣ шуд, ки тибқи Низомнома ва нақшаи кории алоҳидаи аз ҷониби роҳбари муассиса тасдиқшуда фаъолият менамояд. Мониторинги сифати таҳсилоти ҳар як факултети Донишкада мунтазам гузаронида шуда, натиҷаи дониши хаттии донишҷӯён дар муқоиса бо натиҷаи санҷишҳои фосилавӣ таҳлил карда шуда, дар ҷаласаи Шӯрои олимони Донишкада мавриди баррасӣ қарор дода шуда роҳҳои гуногуни бартараф кардани камбудиҳо ҷустуҷӯ карда мешавад.

Ҳамин тавр, 21-уми декабри соли 2012 ду ҳуҷҷат оид ба сифати таҳсилот қабул гардид:

1. Рисолат(миссия)-и Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода

2. Сиёсати сифати таҳсилоти Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода дар самти таъмини сифати таҳсилот.

Хадамоти мониторинг ва идоракунии сифати таҳсилот аз 1.02.2014 ба Бахши мониторинг ва идоракунии сифати таҳсилот табдил дода шуд. Усмонова М.Х. аз сардори Хадамоти мониторинг ва идоракунии сифати таҳсилот озод карда шуда, ҳамчун мудири Бахши мониторинг ва идоракунии сифати таҳсилот таъйин гардид.

Дар сохтори мазкур ду нафар корманд мудир-Усмонова М. Ва нозир-Фирдавси Нусратулло фаъолият менамуданд.

Тибқи тағйироти сохторҳои Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ба Бахши мониторинг ва идоракунии сифати таҳсилот аз 1.10.2014 чор воҳиди корӣ ҷудо карда шудааст.

Аз 13-уми октябри соли 2016 вазифаи мудири шуъбаи мониторинг ва идоракунии сифати таҳсилотро Аминов Фирӯз Саидмирзоевич ба уҳда дошт.

Дар сохтори таркибии он кормандони зерин фаъолият доштанд;

Тағоева Ганҷина – нозири сифати таҳсилот

Шукурова Шоира - нозир-диспетчер

Аз 1 уми сентябри соли 2017 вазифаи сардори ШМИСТ-ро номзади илмҳои педагогӣ, Шарифов Муҳсин Ғаффорович ба уҳда дорад ва дар шуъба боз ду нафар: Шукурова Шоира ба ҳайси нозири сифати таҳсилот, Шакарбекова Дилоро ба ҳайси нозири сифати таҳсилот ва Ҷафарова Рухшона ба ҳайси нозир-диспечер фаъолият доранд.

Top
We use cookies to improve our website. By continuing to use this website, you are giving consent to cookies being used. More details…