Категорияҳо

Шоев Маҳмудхон Эргашевич

Унвони илмӣ: номзади илмҳои филология, дотсент

Собиқаи корӣ: 30 сол

Самти фаъолияти илмӣ: журналистика, публитсистика ва баъзе масъалаҳои адабиётшиносии муосири тоҷик

Муовини ректор оид ба таълим ва корҳои методӣ ба амалисозии корҳои таълимию методии Донишкада масъул аст. Дар мавриди набудани ректор, вазифаҳои хизматии ӯро бо фармони ректор иҷро менамояд. Кори қисми таълимро бевосита роҳбарӣ намуда, доир ба фаъолияти самаранокии он масъул аст.

Вазифаҳои муовини ректор оид ба таълим:

• банақшагирӣ ва ташкили ҷараёни таълим дар Донишкада;

• ташаккул ва такмили системаи раванди таълим;

• ташкили такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандон;

• роҳбарӣ, назорат ва ҳамоҳангсозии фаъолияти кафедраҳо ва дигар сохторҳои Донишкада оид ба ташкили раванди таълим;

• роҳбарӣ ба Шӯрои илмӣ-методӣ;

• назорат аз болои ҳуҷҷатгузорӣ ва ҳисоботҳо дар қисми таълим, кафедраҳо;

• назорат аз болои нақша, барнома, таҳияи модул ва дигар маводҳои методӣ дар кафедраҳо;

•санҷиши иҷрои нақшаҳои таълимӣ ва барномаҳои кории устодони кафедраҳо;

• назорат аз болои давомоти шунавандагон дар дарсҳо ва риояи интизоми меҳнатии ҳайати омӯзгорон ва кормандони қисми таълими Донишкада;

• назорати амалисозии нақша, барнома ва модулҳои таълимӣ.

E-mail: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Телефон: (+992 37) 232-50-05

Top
We use cookies to improve our website. By continuing to use this website, you are giving consent to cookies being used. More details…