Шуъбаҳои забономӯзӣ
Арабӣ
Шуъбаи забони арабӣ соли 2004 дар ҳайъати кафедраи забонҳои Шарқи Хориҷӣ таъсис ёфтааст ва то имрӯз фаъолияти хешро баҳри омода сохтани тарҷумонҳои забони арабӣ-англисӣ идома медиҳад. Дар аввали таъсисёбии шуъба роҳбарии кафедраро дотсент Исоев Маҳмадраҳим (2004-06) ба ӯҳда гирифтанд, ки баҳри ба по хестани он хидматҳои шоиста анҷом додаанд.
Айни ҳол шуъба фаъолияти худро, дар самти тайёр намудани мутарҷимони хушсалиқае, ки аз маҳорату малакаҳои амиқи назарию амалии забонӣ, инчунин донишҳои пухтаю ҳамаҷонибаи касбӣ бархурдоранду бо ҷаҳонбинии пешқадам мусаллаҳанд, муваффақона пеш мебарад.
Дар ин ҷода 6 нафар устодони варзида ҷидду ҷаҳди тамом доранд, ки 2 нафар номзадҳои фан-дотсентон Махсудов Ҳ. ва Сафаров М., 4 нафар муаллимони калон Баюмӣ М. Сатторов И. Мирзоев Ҳ. ва Аҳёев М., ассистент Қобилов Ф. аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Дар шуъба як нафар устоди соҳибзабон Баюмӣ М. ба шогирдон аз фанни каломи зиндаи арабӣ, таърихи забони арабӣ, фонетикаи назарӣ ва амалӣ, услубшиносии забони арабӣ, сарфу наҳву қироат ва ғайра ба донишҷӯён дарс медиҳад.
Шуъбаи забони арабӣ бо Сафоратҳои Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, Давлати Қатар ва дигар, сохторҳои тахассусии донишгоҳу донишкадаҳои кишварамон монанди кафедраи филологияи араби ДМТ, факултети шарқшиносии ДДХ ба номи Б. Ғафуров, кафедраи забонҳои Донишкадаи исломӣ ба номи Имоми Аъзам- Абӯ Ҳанифа Нуъмон ибни Собит, инчунин бо кафедраи забонҳои форсию арабии Донишгоҳи давлатии Аштархон (Русия) ҳамкориҳои илмию таълимию методиро ба роҳ монда, дар анҷуману дигар тадбирҳои илмию амалӣ чи дар сатҳи ҷумҳурӣ ва чи дар сатҳи байналмилалӣ фаъолона ширкат меварзад.
Маълумоти мукаммал оиди забони арабӣ ва ҳафтаи забони арабӣ.
Чинӣ
Бо ташаббусу дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафорати Ҷумҳурии мардумии Чин дар Тоҷикистон соли 2000-ум дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода шуъбаи тарҷумони забони чинӣ дар назди факултети забонҳои Шарқ кушода шуд. Мувофиқи шартнома ва қарордодҳои Донишкада бо Донишгоҳҳои кишвари Чин ба донишкада мутахассисони соҳибзабон даъват шуданд. Соли аввал барои таълиму тадриси забони чинӣ аввалин муаллими соҳибзабон Ян Шин Тсан ба донишкада даъват шуд. Омўзгори соҳибзабон Ян Шин се сол дар омода намудани мутахассисони тарҷумони забони чинӣ саҳми худро гузошта, баъд аз ба охир расидани шартнома ба Чин баргашт. Дар ин муддат донишҷўёни кафедра барои такмил додани забономўзӣ ба кишвари Чин ба муддати аз шаш то як сол сафарбар карда шуданд, ки баъд аз хатм ба донишкада баргашта, ба тадриси забони чинӣ машғул шуданд.
Ҳамин тавр, бо дархости Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ва дастгирии Сафорати Ҷумҳурии мардумии Чин ба Донишкада устодони соҳибзабон, аз қабили, Дзоу Лин Шен, Ван Хай Джиан, Ден Син, Ли Джин, Фан Фейфей, Лю Го Ли, Асия Алӣ ва дигарон даъват шуда, дар баланд бардоштани сатҳи дониши донишҷӯён ва омӯзгорони ватанӣ саҳми арзанда доранд. Баъд аз хатми донишкада мутахассисони ватанӣ, яъне хатмкардагони шуъбаи забони чинӣ: Худобахшова Мария, Набиева Мадина, Абдуллоева Ганҷина, Азизова Райҳона, Улукханова Нигора, Халилова Мавзуна, Лаълбекова Дилором ва дигарон дар омода намудани кадрҳои баландихтисос саҳми арзандаи худро гузоштаанд.
Феълан, дар шуъбаи забони чинӣ омўзгорони соҳибзабон: Ванг Пин Хуа, Манат Талапубик, Анфиса Чжан Чи, Йе Шао На, Янг Вен Ҷин ва хатмкардагони шуъбаи мазкур Мамадҷонова Нигора, Тоҳирова Маҳина, Ҷумъаев Бобораҷаб, Муборакшоева Наврӯзмоҳ фаъолият бурда, ба донишҷўён аз фанҳои забон, адабиёт ва фарҳанги кишвари мутамаддуни Чин дарс мегўянд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки ҳамасола бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафорати ҶМХ аз ҳисоби донишҷўёни аълохону фаъоли шуъбаи забони чинӣ ҳудуди 30-35 нафар барои забономўзӣ ба Ҷумҳурии мардумии Чин ба муҳлатҳои гуногун сафарбар мешаванд. Инчунин, хатмкардагони шуъбаи забони чинӣ имконият доранд пас аз хатми донишкада ба аспирантура ва магистратураи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии мардумии Чин дохил шуда, фаъолияти илмию амалии хешро идома диҳанд.
Моҳи сентябри соли 2016 бо ташаббуси роҳбарияти Донишкада ва Сафорати Ҷумҳурии Чин 2 синфхонаҳои компютерӣ кушода шуд, ки бо таҷҳизоти замонавӣ ҷиҳозонида шудаанд. Ин боз як иқдоми нек барои боз ҳам хубтару беҳтар шудани сифати таълиму тадрис ва мустаҳкам намудани равобити ду кишвар мебошад.
Барои баланд бардоштани сатҳи дониши донишҷўёни ин шуъба ва бартараф намудани мушкилоти таълимӣ, аз ҷониби Сафорати Чин ба шуъба китобу маводи зиёде доир ба забон, таърих, фарҳанг, ҷуғрофия ва адабиёти Чин ҳадя карда шуд, ки омўзгорон ва донишҷўён метавонанд аз онҳо самаранок истифода баранд.
Пайваста дар шуъба аз ҷониби Сафорати Чин ва Маркази Конфутсий озмунҳои «Наттоқи забони чинӣ», «Пайванди забонӣ» (Пули чинӣ), чорабиниҳои фарҳангӣ, ҳафтаҳои забонӣ гузаронида мешаванд, ки донишҷўёни фаъол аз ҷониби Сафорат, Маркази Конфутсий ва раёсати донишкада бо ифтихорномаҳо мукофотонида шуда, ҳамчунин барои идомаи таҳсил ба донишгоҳҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Чин фиристонда мешаванд.
Ҷопонӣ
Бо ташаббусу дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафорати Ҷумҳурии Ҷопон дар Тоҷикистон соли 2002 дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода шуъбаи тарҷумони забони ҷопонӣ дар назди факултети забонҳои Шарқ ба фаъолият шурўъ намуд.
Бо дастгирии Сафоратхонаи Ҷумҳурии Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон аввалин муаллимони соҳибзабон дар самти таълими забони ҷопонӣ Табата Катсутоши ва Табата Мичико даъват шуданд. Мувофиқи шартнома онҳо дар донишкада як сол фаъолият намуда, ба донишҷўён аз фанҳои забон ва адабиёти Ҷопон дарс гуфтанд. Сипас, соҳибзабонони дигар, аз қабили, Кавакита Эйко, Катагири Ҳироҳару, Кобаяши Рётароу, Абэ Ясуко ва Кобаяши Юридиэйко аз ҷониби Сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват шуда, дар баланд бардоштани сатҳи дониши донишҷўёни ин шуъба саҳми арзанда гузоштанд.
Минбаъд дар радифи омўзгорони соҳибзабон хатмкардагони шуъба низ ба таълими забони ҷопонӣ ва тарбияи насли наврас машғул шуданд, ки дар ин замина хидматҳои Ғуломалиев Шералӣ, Набиева Махфират, Исломов Яҳё, Шодиев Ҷаҳонгир, Расулов Ғиёсиддин, Кучбоева Шаҳноза ва Каримова Маҳина назаррас аст. Аз моҳи сентябри соли 2016 ба шуъба мутахассиси соҳибзабон Сайочи Аои даъват шудааст, ки дар баланд бардоштани сатҳи дониши донишҷӯён ва омӯзгорони ҷавон саҳми арзанда дорад.
Бо кумаки Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмиллалӣ (JICA), ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад, ба шуъба ба муддатҳои муайян волонтёрҳо (омўзгорони ихтиёрӣ) Изуми С., Ёшиаки Мураматсу даъват шуда, ба донишҷӯён ва омӯзгорони ҷавони шуъба барои азхуд намудани забон кумаки худро расонида истодаанд.
Ҳамасола бо дастгирии Сафорати Ҷумҳурии Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон омўзгорон ба такмили ихтисос равона мешаванд. Озмуни «Наттоқон» бо забони ҷопонӣ баргузор мегардад, ки ғолибони он бо туҳфаҳо ва ифтихорномаҳо аз ҷониби Сафорат қадрдонӣ карда мешаванд ва ҳамчунин ба озмун ва семинарҳои Осиёи Миёнагии “Наттоқони забони ҷопонӣ”, ки дар шаҳрҳои Бишкек, Тошканд ва Алмаато сафарбар мешаванд.
Моҳи феврали соли 2016 бо ташаббуси Сафорати Ҷопон ва Фонди Маркази омӯзиши забони ҷопонӣ аввалин маротиба дар донишкада бо иштироки муассисаҳои оли ва миёнаи касбии ҷумҳурӣ барои маҳорат ва малакаи забондонӣ аз донишҷӯён ва омӯзгорони забони ҷопонӣ имтиҳон гирифта шуд, ки омӯзгорон ва донишҷӯёни болаёқати шуъба аз имтиҳони зинавӣ гузаштанд.
Ҳамасола бо дастгирии Сафорати Ҷумҳурии Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муаллимон ва донишҷўёни фаъол барои донишандўзӣ ва такмилу бозомўзӣ ба муддатҳои муайян дар донишгоҳҳои кишвари Ҷопон таҳсили худро давом медиҳанд. Озмунҳои «Наттоқон», «Иншои беҳтарин», «Ҳафтаи забони ҷопонӣ» баргузор мегардад, ки ғолибони он аз ҷониби Сафорат бо ифтихорномаҳо ва туҳфаҳо қадрдонӣ карда мешаванд. Донишҷўёни фаъол ва омўзгорон ба озмун ва семинарҳои Осиёи Миёнагии “Наттоқони забони ҷопонӣ” ба шаҳрҳои Алмаато, Бишкек, Тошканд ва сафарбар мешаванд.
Моҳи сентябри соли 2017 дар шаҳри Москва бо ташаббуси Сафорати Ҷопон ва Фонди Маркази омӯзиши забони ҷопонӣ озмуни “Наттоқони забони ҷопонӣ” байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварҳои ИДМ барпо гардид. Донишҷўи соли 4-уми шуъбаи ҷопонӣ Мадибоев Нозим барои маҳорат ва малакаи забондонӣ дар байни 15 кишвар сазовори ҷои аввал гардида, бо диплом ва сертификат сарфарз гардонида шуд.
Кафедраи забонҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ саъю кӯшиши худро ҷиҳати омода намудани мутахассисони соҳаҳои тарҷумони забонҳои ҷопонӣ равона месозад, зеро дар ҳоли ҳозир барои ҷомеаи Тоҷикистон мутахассисони соҳаи мазкур заруранд.
Форсӣ
Шуъбаи забони форсӣ дар Донишкада аз соли 2004 зимни кафедраи забонҳои Шарқи Хориҷӣ таъсис ёфта то ҳол фаъолияти хешро дар ҷодаи омодасозии тарҷумонҳои забонҳои форсӣ-англисӣ пеш мебарад.
Аз рӯзҳои аввали кушодашавии шуъбаи забони форсӣ дар самти таълими забони форсӣ хидматҳои устодони гиромии соҳибзабон Баҳҷатхонум Саидӣ, Аъзамхонум Таваккулӣ, Пагоҳ Зиндабод, Муҳаммад Қулизода ва мутахассисони соҳибтаҷрибаи ватанӣ дотсент Н. Саркоров, Ф. Мухторова ва Ғ. Турсунов, ва дигарон пурарзишанд.
Дар шуъбаи забони форсӣ 3 нафар устодони соҳибтаҷриба ба донишҷӯён дарс мегӯянд, ки аз ҷумлаи онҳо 2 нафар номзадҳои фан-дотсентон Саркоров Н. ва Мухторова Ф. ва 1-нафар муаллимони калон Турсунов Ғ. мебошанд.
Имрӯзҳо шуъбаи форсӣ дар ҳайати кафедраи забонҳои Шарқи Наздики факултети забонҳои Шарқ фаъолият намуда донишҷӯён аз рӯйи ихтисоси тарҷумони забони форсӣ-англисӣ дар зинаи бакалавриат аз курси 1-ум то 5-ум асосҳои забони форсиро меомӯзанд.
Шуъбаи забони форсӣ барои омода намудани мутахассисони варзида ва рушду нумӯи забони форсӣ дар ҷумҳурӣ саҳми арзанда мегузорад, хатмкунандагони ин шуъба дар вазифаҳои гуногуни давлатию ҷамъиятӣ адои вазифа менамоянд.
Куриёӣ
Бо иҷозати Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишкадаи далатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода соли 2004 бори аввал шуъбаи забони куриёӣ ба фаъолият оғоз намуд. Аз замони ифтитоҳи ин шуъба муаллимони соҳибзабон Шин Наг Кюн, Чой Ми Ҳи, Чу Мун Су, Ҳо Ин Вон ва Ли санг Унг, Ан Дансе ва баъдан хатмкардагони шуъбаи мазкур Сурхова Фарзона, Одинаева Зебо ба таълиму тарбияи донишҷўён камари ҳиммат бастаанд.
Феълан, дар шуъбаи мазкур омўзгорони соҳибзабон аз Ҷумҳурии Куриёи Ҷанубӣ Шин Наг Кюн, Чой Ми Ҳи ва хатмкардагони ин шуъба Нормаҳмедов Ирфон ва Мирзоев Довар, ки бо баҳои аъло донишкадаро хатм намуданд, кору фаъолият доранд.
Бо ташаббуси муаллимони соҳибзабони шуъбаи забони куриёӣ ду синфхонаи компютерӣ дар дастрасии донишҷўён қарор дошта, Маркази омўзиши фарҳангу забони куриёӣ таҳти унвони “Шоҳ Сеҷонг” фаъолият менамояд, ки дар рушду нумўи шуъбаи мазкур нақши назаррас дорад. Мудирияти Марказро Шин Наг Кюн ба зимма дорад. Ғайр аз ин, соли 2007 аз тарафи Донишгоҳи Кемёнги Куриёи Ҷанубӣ Маркази омӯзиши забон ва фарҳанги Куриё бо номи ”Оҳактанг“ барои ҳаводорон ва ихлосмандони ин забон кушода шуд ва дар он на танҳо забон, балки фарҳанг, тарзи пухтани хӯрокҳо, анвои либоси мардуми Куриё ва монанди инҳо омӯзонида мешаванд.
Қобили қайд аст, ки ҳар сол дар шуъбаи мазкур озмунҳои байналмилалӣ ба монанди “Иншои беҳтарин” бо забони куриёӣ, озмуни “Наттоқон” бо забони куриёӣ ва имтиҳонҳои гуногун барои ба такмили ихтисос сафарбар намудани мутахассисон аз тарафи Донишгоҳи Кемёнги Ҷумҳурии Куриёи Ҷанубӣ гузаронида мешаванд, ки ғолибони он дар муддатҳои муайян ба Ҷумҳурии Куриёи Ҷанубӣ барои такмили дониши худ сафарбар карда мешаванд. Ҳамчунин, дар шуъба китобхона барои донишҷӯён ташкил карда шудааст, ки онҳо метавонанд фориғ аз дарсҳо ба мутолиа машғул шаванд.
Ғайр аз ин, ҳамасола Сафорати Ҷумҳурии Куриёи Ҷанубӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ширкати донишҷӯён имтиҳон баргузор менамояд ва донишҷӯёне, ки имтиҳонро бо баҳои хубу аъло месупоранд, метавонанд ба Ҷумҳурии Куриёи Ҷанубӣ рафта, таҳсили худро дар донишгоҳҳои кишвари соҳибзабон давом диҳанд.