Категорияҳо

Шуъбаи таҳсилоти фосилавии Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода дар заминаи дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ба муносибати Рӯзи дониш ва ифтитоҳи бинои нави Академияи Вазорати корҳои дохилӣ аз 30.08.2017, ки чунин таъкид намуда буданд: “Имрӯзҳо вақти он расидааст, ки ба усули анъанавии таҳсили ғоибона хотима бахшида, таҳсилоти фосилавӣ ба роҳ монда шавад. Дар шароити имрӯза раванди таълиму тадрисро бе истифодаи васеи воситаҳои техникӣ ва технологияҳои муосир тасаввур кардан ғайриимкон аст” асос гузошта шуд.

Ҳамчунин дар ҳамин асос Нақшаи чорабиниҳои Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 08.09.2017 дар ҳаҷми 20 банд таҳия ва бо имзои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқшуда ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бо раҳнамоии мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон №05/5-1520 аз 20.09.2017 ба Донишкада ворид гардидааст, ки тибқи бандҳои 10 ва 15-и ин нақшаи чорабиниҳо низоми таҳсилоти фосилавӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз соли 2018 дар амал татбиқ карда шавад.

Раёсати Донишкада дар партави дастурҳои содиргардида якчанд чорабиниҳои муҳимро амалӣ гардонидааст, ки мутаносибан ҷиҳати татбиқ намудани дастурҳо мувофиқанд. Аз ҷумла:

Нахуст мутахассисони соҳаро (сардори раёсати таълими Донишкада – Дуллоев М., мудири шуъбаи маркази бақайдгирӣ ва машварати академӣ –Саидов З., феълан мудири шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ - Фатҳуллоев Қ. Ва дигар кормандону мутахассисонро) дар семинари илмӣ-амалӣ, ки бо роҳбарии муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон – Одиназода Б.Н. ва семинари «Татбиқи низоми таҳсилоти фосилавӣ тавассути истифодаи технологияи инноватсионии муосир дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ» дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон рӯзҳои 14-16. 09. 2017 ва дигар чорабиниҳои марбут ба ин самт сафарбар карда шудаанд, ки соҳиби сертификату шаҳодатномаҳо гардиданд.

Илова бар ин, доир ба раванди гузариши низоми таҳсилоти фосилавӣ бо ширкати намояндагони ҶДММ “Ватан ИКТ” дар назди ВМИҶТ чандин маротиба бо омӯзгорони кафедраҳои Донишкада семинарҳои омӯзишӣ доир намуд, ки дар якуҷоягӣ натиҷагирӣ гардидааст.

Зимнан тибқи мактуби вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон №05/1- 820 аз 04.10.2017 ва пешниҳоди раёсати таълим ба Шӯрои олимони Донишкада мутобиқан бо қарори №3/4-2 аз 26.10.2017 Шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ таъсис дода шуда, воҳидҳои кории шуъба дар ҳайати мудири шуъба, сармутахассис ва мутахассис муайян гардиданд.

Айни ҳол дар шуъба ба ҳайси мудир – Фатҳуллоев Қутбиддин Саидшоевич, ба сифати сармутахассис – Сайфуллоев Самад Исматуллоевич ва ҳамчун мутахассиси шуъба – Бобохонова Шодигул ооо фаъолият доранд.

1. Банақшагирӣ ва ташкили раванди таълим дар низоми таҳсилоти фосилавӣ

2. Ташкили захираҳои асосии иттилоотӣ барои раванди таълими таҳсилоти фосилавӣ

3. Татбиқи усулу тарзи баҳодиҳӣ ва санҷиши дониши донишҷӯён дар низоми мазкур

4. Дар амал татбиқ намудани талаботи барномаи таҳсилоти фосилавӣ

5. Ҳифзи ҳуқуқ ва уҳдадориҳои иштирокчиёни ҷараёни таълим бо истифодаи технологияи таҳсилоти фосилавӣ

6. Татбиқи мониторинг ва такмили ҷараёни таълим бо истифодаи технологияи таҳсилоти фосилавӣ

7. Ташкил ва баргузор намудани дарсҳои фосилавӣ дар реҷаи «on-line» ва ё «off-line»

 

Top
We use cookies to improve our website. By continuing to use this website, you are giving consent to cookies being used. More details…