Категорияҳо

Шуъбаи бакайдгирӣ ва машварати академии Донишкада ҳамчун воҳиди сохтори Донишкада фаъолияти донишҷӯёнро дар низоми кредитии таҳсилот ба қайд мегирад ва натиҷаҳои дастовардҳои онҳоро дар чорабинӣ тавсия, барои таҳлил ва баррасӣ ба деканати факултет пешниҳод менамояд.

Фаъолияти Шуъбаи бақайдгирӣ ва машварати академӣ иборат аст, аз:

• омода намудани намунаҳо (шаклҳо)-и гуногуни ҳуҷҷатҳо барои бақайдгирии донишҷӯён ва омӯзгорон мувофиқи нақшаҳои корӣ ва фардии таълимӣ;

• ташкили бақайдгирии ҳамасола ва рамзгузории донишҷуён ҷиҳати омӯзиши фанҳои ҳатмӣ ва интихобӣ, инчунин омӯзгорони дарсдиҳанда бо кумаки эдвайзерҳо;

• таҳия ва назорати риояи тақвими академӣ;

• пешниҳоди машваратҳо ба донишҷуён ва кормандони Донишкада доир ба низоми кредитии таҳсилот ва дигар масъалаҳое, ки вобаста ба фаъолияти донишҷӯён ва омӯзгорон алокаманд мебошанд;

• ташкил ва назорати татбиқи низоми холдиҳӣ-рейтингӣ дар ҷараёни таълим ва сессияҳои имтиҳонӣ;

• назорати раванди имтиҳони ҷорӣ, фосилавӣ ва ҷамъбастӣ;

• таъмини донишҷӯён бо ҳуҷҷатҳои зарурии меъёрӣ-ҳуқуқӣ;

• омодасозии варақаҳои шахсии таълимии донишҷӯён;

• ҷамъбасти натиҷаҳои имтиҳони фосилавӣ ва ҷамъбастӣ, муайян намудани рейтинги донишҷӯён ва пешниҳоди онҳо ба декани факултетҳо ҷамъбасти ҳар як давраи академӣ ва муайян намудани баҳои миёна (GPA)-и соҳибгаштаи ҳар як донишҷӯ, инчунин мувофиқати он ба меъёри муқарраршуда;

• ба деканати факултетҳо ва сардори раёсати таълим барои таҳлил ва арзёбӣ пешниҳод намудани рӯйхати донишҷӯёне, ки аз фанҳои алоҳида баҳои F ва Ғх гирифтанд ё GPA-и онҳо аз меъёри муқарраршуда паст мебошад;

• ташкили семестри тобистона ва ҷамъбасти натиҷаҳои он;

• тартибдиҳӣ ва ба расмият даровардани транскрипт (маълумотномаи академӣ, замимаи диплом) барои ҳар як донишҷӯ;

• ба расмиятдарории нақшаҳои таълимии фардии донишҷӯён ва ворид намудани тағийрот ба онҳо дар муҳлатҳои муқарраршуда;

• омодасозии пешниҳод оид ба роҳ додани донишҷӯён ба сессияи имтиҳонӣ дар асоси натиҷаҳои санҷишҳои рейтингӣ;

• омодасозии пешниҳод ҷиҳати аз курс ба курс гузаронидани донишҷӯён дар асоси натиҷаҳои сессияҳои имтиҳонӣ ва сатҳи (GPA)- и онҳо;

• ташкили кор оид ба бойгонии ҳуҷҷатҳои таълимии донишҷӯён;

• шуъбаи бакайдгирӣ ва машварати академӣ вобаста ба ҷойгиршавии факултетҳо метавонад ба таври мутамарказ ҳамчун сохтори таркибии қисми таълим таъсис дода шавад.

• ҳайати кормандони шуъбаи бакайдгирӣ ва машварати академӣ аз сардори шуъба, сармутахассис ва эдвайзерон иборат мебошад.

Роҳбарии бевоситаи шуъбаи бақайдгирӣ ва машварати академиро сардори шуъба ба ӯҳда дорад, ки бо пешниҳоди шӯъбаи таълим ва муовини ректор оид ба корҳои таълим аз ҷониби ректор таъин карда мешавад.

 

Сардори шуъбаи бақайдгирӣ ва машварати академӣ

Роҳбарии бевоситаи шуъбаи бакайдгирӣ ва машварати академиро сардори шуъба ба ӯҳда дорад.

Сардори шуъбаи бакайдгирӣ ва машварати академӣ кори шуъбаро ташкил намуда, барои фаъолияти он пурра чавобгӯй мебошад.

Сардори шуъбаро Ректор ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд.

Сардори шуъбаи бакайдгирӣ ва машварати академӣ ба ҳайати Раёсати Донишкада ворид мегардад.

Сардори шуъбаи бакайдгирӣ бояд, бо Сарқонун, қонунҳо, қарорҳои Ҳукумат ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, назария ва усулҳои идораи низоми таҳсил, тартиб ва қоидаҳои ҳуҷҷатнигорӣ дар ҷараёни таълим, педогогика, психология ва методикаи таҳсилоти касбӣ, шакл ва усулҳои муосири таълиму тарбия ошно бошад.

Хангоми рухсатии мехнатӣ ё бемор будани Сардори шуъба вазифаҳои ӯро бо фармоиши Ректори Донишкада сармутахассиси шуъба иҷро менамояд.

Ба вазифаи сардори шуъбаи бакайдгирӣ шахсе, ки маълумоти олӣ ва собиқаи кории на кам аз 5 сол дорад, таъин карда мешавад.

Сардори шуъбаи бакайдгирӣ ва машварати академӣ бояд барномаҳои компютер, забони давлатиро хуб донад. Сардори шуъба инчунин вазифаҳои зеринро иҷро мекунад:

 ташкил ва танзими маълумотҳои манбаи додашудаҳо;

 тартиб додани ҳисоботхои семоҳа, нимсола ва солона оид ба кори шуъбаи бакайдгирӣ;

 роҳбарӣ аз рӯи фаъолияти кормандони шуъба;

 пешниҳод кардани номзадҳо барои ишғоли вазифаҳои холӣ дар сохтори шуъба;

 пешниҳод намудани ҳисоботи семоҳа, нимсола ва солона аз рӯи натиҷаҳои сессия.

 

Сармутахасси шуъбаи бакайдгирӣ

Сармутахассиси шуъбаи бақайдгирӣ корманди шуъбаи бақайдгирии Донишкада мебошад.

Сармутахассиси шуъбаи бақайдгирӣ зери тобеияти Сардори шуъба фаъолият мекунад.

Таъин ва озод намудани сармутахассиси шуъбаи бакайдгирӣ бо пешниҳоди сардори шуъба мувофиқи фармони Ректори Донишкада амалӣ мегардад.

Сармутахассиси шуъба бояд соҳиби маълумоти олӣ бошад, забони давлатиро мукаммал донад ва малакаи кор бо компютерро дошта бошад.

Баланд бардоштани савияи касбии худро ба воситаи иштирок дар тренингҳо амалӣ гардонад.

 

Вазифаҳои сармутахасси шуъбаи бакайдгирӣ:

- нишондиҳандаҳои тақвими академии Донишкадаро назорат мекунад;

- таъмини иттилоот оид ба натиҷаҳои имтиҳонҳои нимсолаи таълим;

- нигоҳ доштани ҳуҷҷатҳои меъёрии шуъба;

- танзим ва ҳифзи бойгонии ҳуҷҷатҳои меъёрии шуъба;

- тартиб додани ҳуҷҷатҳои хоҷигию маъмурии шуъба;

- ба стандарт мувофиқ намудани ҳуҷҷатнигории шуъба;

- ба танзимдарории ҳуҷҷатҳои шуъба, факултетҳо мувофиқи талаботи Вазорати маориф ва Донишкада;

- шиносоӣ бо қарору лоиҳаҳои маъмурияти Донишкада;

- ба сардори шуъбаи бакайдгирӣ ва машварати академӣ пешниҳод намудани тавсияҳо оид ба беҳтар намудани фаъолияти шуъба;

- дархост намудани маълумотҳо оид ба раванди таълим аз сарсохторҳои Донишкада;

- аз тарафи омӯзгорон тақсим намудани силлабус ва дигар маводҳои зарурии таълимиро назорат мебарад;

- фаъолияти эдвайзерҳоро оид ба кори методӣ-ташкилӣ, назорат мекунад;

- ба мудири шуъба лоиҳаҳоро оид ба беҳтар намудани фаъолияти Донишкада пешниҳод менамояд.

 

Фаъолияти мушовирони академӣ (эдвайзерҳо)

Бо мақсади кумак расонидан ба донишҷӯён дар интихоби маҳрук (траектория)-и таҳсилот ва амалӣ гардонидани он дар факултетҳо мушовирони академӣ (эдвайзерҳо) ташкил карда мешавад.

Эдвайзерҳо дар назди факултетҳо ташкил шуда, бевосита ба сардори Шуъбаи бакайдгирӣ ва машварати академӣ итоат мекунад. Дар Донишкада дар ҳар як факултет эдвайзерҳо вобаста карда мешаванд.

Эдвайзер фаъолияти худро ба ихтисосҳое, ки дар факултетҳо амал мекунанд, мутобиқ намуда, донишҷӯёнро аз курси аввал то курси хотимавӣ рохбаладӣ менамояд.

Вазифаи эдвайзерро корманде ишғол карда метавонад, ки таҷрибаи ғанӣ дар факултети Донишкада дорад ва таркиби нақшаи таълим ва ҷараёни таълими ихтисосҳоро ба хубӣ дарк менамояд ва ба донишҷӯён ҷиҳати муайян намудани маҳруки (траектория)-и таҳсилот, ташаккули нақшаи фардии таълимӣ, интихоби фанҳо ва омӯзгорон маслиҳатҳои муфид дода метавонад.

Эдвайзер дар мувофиқа бо декани факулта бо пешниҳоди сардори Шуъба тибқи фармони Ректори Донишкада ба вазифа таъйин ва аз вазифа озод карда мешавад.

Донишкада ҳуқуқ дорад бо қарори Шурои олимон дар ҷадвали мансабҳо вазифаи эдвайзерро алоҳида ва ё ҳамчун вазифаи иловагӣ ба фаъолияти асосии омӯзгор муқаррар намоянд.

 

Эдвайзер чунин вазифаҳоро иҷро мекунад:

- манфиати донишҷӯро дар факултетҳо мувофиқи қонунҳои амалкунанда ҳимоя мекунад;

- тамоми маводи иттлоотии заруриро оид ба ҷараёни таълим барои донишҷӯён омода намуда, онҳоро дар тахтаи эълонҳои Донишкада ҷойгир менамояд;

- тартиб додани нақшаҳои таълимии фардӣ ва бо донишҷӯён мусоҳибаҳои гуруҳӣ ва фардӣ мегузаронад;

- қабули нақшаҳои фардии донишҷӯёнро дар муҳлати муқарраршуда ташкил намуда, дар тартиб додани нақшаҳои таълимии кории тахассусӣ ширкат меварзад;

- барои ворид намудани тағйирот дар нақшаҳои таълими фардии донишҷӯён дар муҳлати муқарраршуда мусоидат менамояд;

- аъзои деканат буда, дар ҷаласаҳои деканат, ки масъалаҳои дарсазхудкунӣ ва мақоми академии донишҷуёнро дида мебароянд, ширкат меварзад;

- таҳияи саривақтӣ ва мавҷудияти тамоми маводи методии донишҷӯро доир ба самту ихтисосҳои алоҳида назорат мекунад;

- иҷрои қоидаҳои қабули санҷишҳои ҷорӣ ва фосилавиро аз ҳама фанҳо тафтиш мекунад, дар муайян намудани рейтинги академии донишҷӯ, инчунин дар кори комиссияи назоратии назди раёсати факултет ҳамчун аъзои фаъоли он иштирок менамояд;

- дар давоми соли таҳсил эдвайзер ӯҳдадор аст, ки мунтазам гузаронидани мусоҳибаҳои академиро бо донишҷӯён дар нақшаи кории худ пешбинӣ намуда, онро амалӣ гардонад.

- эдвайзер ӯҳдадор аст, ки ҳар сол ихтисоси худро доир ба технологияи кредитӣ такмил даҳад.

Фаъолияти Шуъбаи бақайдгирӣ ҳамасола дар Шӯрои олимони Донишкада мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода мешавад.

 

Top
We use cookies to improve our website. By continuing to use this website, you are giving consent to cookies being used. More details…