Категорияҳо

Назруллоев Абдуқодир Садуллоевич

Собиқаи корӣ: 26 сол

Самти фаъолияти илмӣ: таҳқиқоти хосиятҳои гармофизикӣ ва термодинамикии маҳлули обии гидразин вобаста ба ҳарорат ва фишор

Муовини ректор оид ба корҳои иқтисодӣ ва хоҷагидорӣ уҳдадор аст:

• - таъминоти моддию техникии раванди таълиму тарбия ва корҳои илмию таҳқиқотӣ, инчунин таъминоти моддию техникии Донишкадаро назорат менамояд;

• - хадамоти хоҷагӣ, фарҳангию маишӣ, таъмини беҳдошти ҳолати санитарию гигиениии синфхонаҳо, озмоишгоҳҳо, базаҳои таълимӣ, варзишӣ, хобгоҳ, ошхонаҳоро сарварӣ менамояд;

• - ҳолати коршоямии таҷҳизоти сохторҳои тобеи Донишкадаро таъмин мекунад;

• - нақшаи хариди молу амволи Донишкадаро таҳия сохта, вобаста ба масъалаҳои иқтисодӣ, молиявӣ ва иҷтимоӣ шартномаҳо мебандад;

• - молу амволи Донишкадаро назорат намуда, истифодаи дурусти онҳоро ба танзим медарорад ва ҳуҷҷатгузориро вобаста ба харҷи сарватҳои моддӣ таҳия месозад;

• - фаъолияти муҳосиботи Донишкадаро назорат менамояд;

• - барои такмил додани шаклҳои бехатарии меҳнат ба кормандони техникии Донишкада курсҳо ва семинарҳои омӯзишӣ ташкил менамояд;

• - масъалаҳои марбути таҳсили шартномавиро дар Донишкада назорат мекунад;

• - барои мустаҳкам намудани пояи моддию техникӣ, пардохти саривақтии музди меҳнати кормандони Донишкада тадбирҳо меандешад.

Вазифаҳои муовини ректор оид ба корҳои иқтисодӣ ва хоҷагидорӣ

• - аз номи Донишкада доир ба масъалаҳои маъмурию хоҷагӣ, иқтисодӣ ва молиявӣ баромад ва онро муаррифӣ мекунад;

• - аз роҳбарони тамоми шуъба, идора, раёсат, сохторҳои тобеи худ ва мутахассисони алоҳида иттилоот ва асноди заруриро дархост менамояд;

• - ба роҳбарони тамоми шуъба, идора, раёсат, сохторҳои тобеи худ ва мутахассисони алоҳида дастуру супоришҳо медиҳад;

• - тамоми масъалаҳои марбути соҳаи маъмурию хоҷагӣ, иқтисодӣ ва молиявибударо ҳаллу фасл менамояд.

E-mail: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Телефон: (+992 37) 232-50-25

Top
We use cookies to improve our website. By continuing to use this website, you are giving consent to cookies being used. More details…