Бобоалиева Зебониссо Пирмуродовна
Унвони илмӣ: номзади илмҳои филологӣ, дотсент
Собиқаи корӣ: 12 сол
Самти фаъолияти илмӣ: адабиётшиносӣ, тарҷумашиносӣ ва забоншиносӣ
Кори қисми тарбияро бевосита роҳбарӣ намуда, доир ба фаъолияти самаранокии он масъул аст.
Вазифаҳои муовини ректор оид ба тарбия:
• фармонҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро доир ба корҳои тарбиявӣ дар амал татбиқ менамояд;
• фармоишҳои ректори Донишкада, қарорҳои Шурои олимон ва раёсати Донишкадаро оид ба корҳои самарабахши тарбиявӣ миёни устодону донишҷӯён амалӣ менамояд;
• иштироки фаъоли устодони Донишкадаро дар ташвиқу тарғиби сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин менамояд;
• фаъолияти кори тарбияро дар Донишкада тибқи санадҳои меъёриву ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соҳаи маориф, Консепсияи миллии тарбия ва дар асоси «Низомнома»-и тасдиқ намудаи Шурои олимон ба роҳ мегузорад;
• фаъолияти созмонҳои ҷамъиятӣ, Шӯрои занон, Шӯрои кураторон ва ғайраро ҳамоҳанг сохта, самарабахшии фаъолияти онҳоро дар вусъати корҳои тарбиявӣ таъмин менамояд;
• фаъолияти тарбиявӣ, мазмун ва мундариҷаи корҳои тарбиявии устодони кафедраҳо ва садорати факултетҳоро дар хобгоҳ таҳти назорати доимӣ қарор медиҳад;
• барои таҳким бахшидани робита ва ҳамкориҳо бо волидайни донишҷӯён тадбирҳои мушаххас меандешад;
• иҷрои мунтазами нақшаи корҳои тарбиявии Донишкада, факултетҳо, кафедраҳо ва созмонҳои ҷамъиятиро зери назорат мегирад;
• тибқи барнома ва нақшаҳои тарбиявӣ пайваста чорабиниҳои фарҳангӣ, варзишӣ, маънавӣ, озмунҳои мухталиф ва вохӯриву мулоқотҳоро дар сатҳи баланд ва судманд баргузор менамояд;
• иштироки фаъолонаи донишҷӯёнро дар маъракаҳои муҳими сиёсиву фарҳангӣ дар сатҳи ҳукуматӣ ва шаҳру нохиявӣ таъмин менамояд.
E-mail: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
Телефон: (+992 37) 232-51-22