Категорияҳо

Раҷабзода Маҳмадулло

(тав. 4.01.1958, шаҳраки Муъминобод, ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон), филолог: омӯзгори фанни забон ва адабиёти рус, педагогика, доктори илмҳои педагогӣ, профессор. Солҳои 1976-1978 дар сафҳои Артиши Шӯравӣ хизмат кардааст. Солҳои 1978-1983 дар факултети забон ва адабиёти руси Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Кӯлоб таҳсил намудааст. Солҳои 1983-1993 омӯзгори забон ва адабиёти руси муассисаҳои таҳсилоти умумии № 6 ва №2   ноҳияҳои Ҳисору Муъминобод, 1993-1994 методисти шуъбаи таълими Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, 1994-2002 декани шуъбаи рӯзона ва ғоибонаи Коллеҷи савдои ш. Душанбе. Солҳои 2002-2005 дар вазифаҳои проректор оид ба тарбия, масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, декани факултети омӯзиши ғоибона ва проректор оид ба таълими Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов кор кардааст. Солҳои 2005-2009 декани факултети филологияи рус, проректор оид ба робитаҳои байналмилалии Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода. Солҳои 2009-2014 декани факултети забон ва адабиёти руси Донишгоҳи давлатии омӯзгориии Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ буд. Солҳои 2014-2015  муовини директор оид ба илми Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон фаъолият намуд. Аз соли 2015 то 2016 дар вазифаи  проректор оид ба илм ва инноватсияи Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода кор  кард.

Аз 27-уми январи соли 2016 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода таъйин гардид.

Номбурда бо нишони «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (с.2001) сарфароз гардидааст.

Оиладор. Соҳиби панҷ фарзанд мебошад.

E-mail: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Телефон: (+992 37) 232-50-00

Факс: (+992 37) 232-50-03

Top
We use cookies to improve our website. By continuing to use this website, you are giving consent to cookies being used. More details…