Категорияҳо

Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода бо қарори Совети Вазирони ИҶШС (СССР) аз 29.05.1979, № 490 бо номи Донишкадаи омӯзгории забон ва адабиёти руси Тоҷикистон таъсис ёфта буд. Пас аз чанд соли фаъолият бо қарори Совети Вазирони Ҷумҳурии Советии Сотсиалистии Тоҷикистон аз 08.02.1988, №36 Донишкада ба номи А.С.Пушкин гузошта шуд. Соли 1992 дар асоси қарори Совети Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 06.08.1992, №297 ин муассиса ба Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон табдил дода шуд. Ҳамин тавр, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2009 Донишкада номи Сотим Улуғзодаро гирифт.

Бори аввал ба Донишкада донишҷӯён соли 1980 қабул шуданд. Нахустин ректори он доктори илмҳои филологӣ, профессор Додихудоев Р. Х. (аз соли 1980 то соли 1984) таъйин шуда буд. Дар пешрафти Донишкада ҳамчунин ба вазифаи ректор доктори илми фалсафа, профессор Приписнов В.И. (аз соли 1984 то соли 1990), ва доктори илмҳои филологӣ, профессор Таранасова Г.Н. (солҳои 1990 – 1991), профессор Абдуллоева Мавлудахон Наҷмиддиновна (аз соли 1991 то соли 2003), доктори илмҳои филологӣ, профессор Ҷабборӣ Марҳабо (аз соли 2003 то соли 2010) академик Салимов Носирҷон Юсуфович (соли 2010), доктори илми фалсафа Зиёев Хуршед Махшулович (солҳои 2011-2015), доктори илмҳои педагогӣ Қосимзода Идигул (соли 2015) роҳбарии ин муассисаро ба уҳда доштанд.

Айни замон (аз соли 2016) доктори илмҳои педагогӣ, профессор Раҷабзода Маҳмадулло ҳамчун роҳбари таҷрибадору бунёдкор ва навҷӯ фаъолияти корӣ намуда истодаанд.

Дар ибтидо Донишкада барои ба амал баровардани сиёсати собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба мақсади тарбия намудани омӯзгорони забон ва адабиёти рус ташкил шуда буд ва ин вазифаро то андозае ба иҷро расонид ва онро низ мутобиқи талаботи замони Шӯравӣ ба хотири таъмини мутахассисон-омӯзгорони донандаи забони русӣ ва барои тарвиҷи ҳар чи бештари забони русӣ таъсис ёфта буд. Аз он ки Донишкада мутахассисон як соҳаро омода менамуд, дар сохтори Донишкада факултет амал намекард. Фаъолияти ҳар курс аз ҷониби деканҳои алоҳида назорат мегардид. Баъд аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди муассиса вазифаҳои нав гузошта шуданд, ки барои амалӣ гардонидани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” (аз 05.10. 2009, №553) ва амалисозии иҷрои «Барномаи рушди забони давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016 (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни 2012, № 335)”, “Барномаи ҳамгироии илм ва таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015 (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02.07.2009, №371)”, “Барномаи давлатии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019 (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.01.2009, №123)”, “Барномаи давлатии рушди таълими забонҳои англисӣ ва русӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2004-2014” (қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02.12.2003, №508), “Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва технология барои солҳои 2011-2015» (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.03.20119, №114), “Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.12.2011, №643), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти инноватсионӣ” ва амалӣ намудани “Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020 (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.04.2011, №227)”, “Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таълимию илмии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ ва илмию таҳқиқотӣ” (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.01.2009, №123), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Парки технологӣ» аз 21 июли соли 2010, №629, «Барномаи давлатии сифат барои солҳои 2013-2015 (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02 октябри 2012, № 512)” нақша-чорабиниҳои мушаххасро таҳия намуда, дар бораи ҷараёни иҷрои онҳо ба мақомоти марбута гузоришу маълумотномаҳо ирсол намудааст.

Дар Донишкада айни ҳол 4 факултет, аз ҷумла, факултети забонҳои романию германӣ, факултети забонҳои шарқ, факултети филологияи рус, факултети филологияи тоҷик, шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ ва 14 кафедра фаъолияти худро ба роҳ монданд. Аз ҷумла:

1. Кафедраи информатика ва фанҳои табиӣ - риёзӣ

2. Кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносӣ

3. Кафедраи педагогика ва психология

4. Кафедраи таърих ва робитаҳои байнифарҳангӣ

5. Кафедраи методикаи таълим

6. Кафедраи назария ва амалияи тарҷума

7. Кафедраи забон ва адабиёти рус

8. Кафедраи забонҳои шарқи наздик

9. Кафедраи филологияи англис

10. Кафедраи забонҳои осиё ҷанубу шарқӣ

11. Кафедраи забони тоҷикӣ ва назарияи забоншиносӣ

12. Кафедраи назария ва таърихи адабиёт

13. Кафедраи забонҳои романию германӣ

14. Кафедраи забоншиносии умумӣ ва типологияи муқоисавии забонҳо.

Раёсати Донишкада бо ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ҳамкории мутақобилан судманд дорад.

Ҳамчунин, бо ташаббуси раёсати Донишкада ва бахши робитаҳои хориҷӣ айни ҳол бо беш аз 30 муассисаву ташкилотҳои хориҷӣ ҳамкориҳои бисёрҷабҳа ба роҳ монда шудааст, ки дар пешрафту ишкишофи Донишкада мусоидат хоханд кард.

Top
We use cookies to improve our website. By continuing to use this website, you are giving consent to cookies being used. More details…