Категорияҳо

1. Мудири шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ фаъолияташро бо кормандон ва донишҷӯёни хориҷӣ ба роҳ монда дар назди муовини ректор оид ба робитаҳои байналмиллалӣ масъул ва ҳисоботдиҳанда мебошад.

Мудири шуъбаи робитаҳои байналмиллалӣ аз ҷумлаи мутахассисони баландихтисоси соҳа бо пешниҳоди муовини ректор оид ба робитаҳои байналмиллалӣ тибқи фармоиши ректори Донишкада ба муҳлати 5 сол ба вазифа таъин ва озод карда мешавад.

2. Ба вазифаи мудир шахсоне таъин карда мешаванд, ки дорои маълумоти олӣ ва собиқаи на кам аз се солаи меҳнатӣ дошта бошанд.

3. Мудир бевосита ба муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ итоат менамояд.

4. Дар вақти ҳозир набудани мудир (беморӣ, рухсатии меҳнатӣ, сафари корӣ ва ҳоказо) уҳдадориҳои ӯро шахсе иҷро менамояд, ки бо тартиби муаяйнгардида таъин карда мешавад ва барои иҷрои уҳдадориҳои ба зиммадошта ҷавобгар аст.

5. Дар фаъолияти худ мудири шуъба мувофиқи:

- Оинномаи муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода;

- Низомномаи шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ;

- дастури хидматии мазкур амал мекунад.

6. Мудири шуъба бояд донад:

- Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарордодҳо ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти идораи маориф ва илм оид ба масъалаҳои таълим;

- яке аз забонҳои муоширати байналмилалӣ;

- қоида ва меъёрҳои ҳифзи меҳнат, техникаи бехатарӣ ва ҳифзи зиддисӯхторро.

УҲДАДОИҲОИ МУДИРИ ШУЪБА

7. Мудири шуъба вазифаҳои зеринро иҷро менамояд:

- фаъолияти ташкилӣ-техникӣ оид ба қабул ва баҳисобгирии муҳассилини хориҷӣ;

- ташкили банақшагирӣ ва назорати ташкили кори таълимӣ-тарбиявии кафедраҳо ва қисматҳои факултетҳо бо муҳассилини хориҷӣ;

- фаъолияти ташкилӣ-техникӣ оид ба коркарди лоиҳаҳо ва пешниҳодҳо бо мақсади бадастории грантҳо;

- ташкили банақшагирӣ ва назорат аз рӯи амалигардидани лоиҳаҳо ва грантҳо аз ҷониби факултетҳо, кафедраҳо ва дигар қисматҳои Донишкада.

Top
We use cookies to improve our website. By continuing to use this website, you are giving consent to cookies being used. More details…