Категорияҳо

Раҷабов Саиднеъмон Мулоҷонович

Унвони илмӣ: номзади илмҳои таърих

Собиқаи корӣ: 34 сол

Уҳдадориҳои муовини ректор оид ба робитаҳои хориҷӣ

Муовини ректор оид ба робитаҳои хориҷӣ уҳдадор аст:

• нақшаҳои дурнамо ва густариши ҳамкориҳои байналмилалии муассисаи таълимиро ба танзим медарорад;

• лоиҳаҳои созишномаҳои ҳамкории муассисаи таълимиро бо муассисаҳои таълимии кишварҳои хориҷӣ месозад;

• барои гузаронидани таҷрибаомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандони муассисаи таълимӣ дар хориҷи кишвар тадбирҳо меандешад;

• кори деканат, шӯъбаи робитаҳои байналмилалӣ ва омӯзгорони масъули кор бо донишҷуёни хориҷро назорат мекунад;

• қабул, таълим, тарбия ва хатми донишҷӯёни хориҷиро ташкил ва назорат менамояд;

• иҷрои шартнома оид ба таҳсил миёни муассисаи таълимӣ ва шаҳрвандони хориҷиро назорат менаоряд;

• дар ташкилотҳои гуногун оид ба масъалаи ҳамкориҳои байналмилалӣ ва корҳои таълиму тарбияи донишҷуёни хориҷӣ муассисаи таълимиро намояндагӣ мекунад;

• иштироки ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷуёнро дар дар барномаҳои конкурсӣ, конференсияҳо, семинарҳо ва симпозиумҳои ташкилотҳои байналмилалӣ таъмин менамояд;

• барои пайдо намудани грантҳо чораҳо меандешад;

• дар масъалаҳои ба миёномада ба донишҷӯёни хориҷӣ кӯмак менамояд.

Ҳуқуқ ва вазифаҳои муовини ректор оид ба робитаҳои хориҷӣ

Муовини ректор оид ба робитаҳои хориҷӣ ҳуқуқ дорад, ки:

• аз номи Донишкада дар ташкилотҳои дохилӣ ва хориҷии кишвар баромад ва онро муаррифӣ кунад;

• оид ба беҳтар намудани таълиму тарбия ва сифати таълими донишҷӯёни хориҷӣ ба ректор таклифҳо пешниҳод намояд;

• аз роҳбарони тамоми шуъба, идора, раёсат, сохторҳои тобеи худ ва мутахассисони алоҳида иттилоот ва асноди заруриро дархост намояд;

• ба роҳбарони тамоми шуъба, идора, раёсат, сохторҳои тобеи худ ва мутахассисони алоҳида дастуру супоришҳо диҳад;

• тибқи қонунгузории амалкунанда ба муассисаҳои таълимию ташкилотҳои хориҷӣ созишномаҳо бандад.

E-mail: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Телефон: (+992 37) 232-50-23

Top
We use cookies to improve our website. By continuing to use this website, you are giving consent to cookies being used. More details…