Категорияҳо

Мудири бахши таҳия ва татбиқи лоиҳаҳо аз ҷумлаи мутахассисони баландихтисоси соҳа бо пешниҳоди муовини ректор оид ба робитаҳои хориҷӣ тибқи фармоиши ректори Донишкада ба муҳлати 5 сол ба вазифа таъин ва озод карда мешавад.

Ба вазифаи мудири бахш шахсоне таъин карда мешаванд, ки дорои маълумоти олӣ ва собиқаи на кам аз се солаи меҳнатӣ дошта бошанд.

Мудири бахш бевосита ба муовини ректор оид ба робитаҳои хориҷӣ итоат менамояд.

Дар вақти ҳозир набудани мудири бахш (беморӣ, рухсатии меҳнатӣ, сафари корӣ ва ҳоказо) уҳдадориҳои ӯро шахсе иҷро менамояд, ки бо тартиби муаяйнгардида мегирад, ки барои иҷрои уҳдадориҳои ба зиммадошта ҷавобгар аст.

Вазифаҳои асосии мудири бахши таҳия ва татбиқи лоиҳаҳо иборатанд аз:

- ташкили техникӣ ва иттилоотӣ-методии фаъолияти Донишкада;

- ҷустуҷӯи ҳамкорон дар байни муассисаҳои таълимии хориҷӣ ва ташкилотҳои байналхалқӣ;

- таҳияи лоиҳаи грантҳо барои дарёфти маблағҳои иловагӣ аз интститутҳои молиявии хориҷӣ;

- ҷалби грантҳо барои кӯмаки лоиҳаҳои марбут ба соҳаи маориф баҳри ба даст овардани натиҷаҳои воқеии самтҳои рушди соҳа;

- ҷалби беҳтарин усдотон ва донишҷӯён дар таҳия ва татбиқи лоиҳаҳо;

- ташкили курсҳо, тренингҳо бо шаҳрвандони хориҷӣ барои омода намоии устодон ва донишҷӯёне, ки майл ба таҳияи лоиҳаҳои грантӣ доранд;

- муайян кардани донишҷӯёни лаёқатманд ва навовар аз байни донишҷӯён ва мутахассисони ҷавони факултетҳои Донишкада;

- тарғиб ва ташвиқи лоиҳаҳои донишҷӯён ва мутахассисон дар Донишкада ва дигар муассисаҳои таҳсилоти дохил ва хориҷи кишвар тавассути баргузории семинарҳо ва мизи мудаввар;

- пешниҳоди лоиҳаҳои донишҷӯён ва мутахассисони ҷавон ба озмунҳои байналмилалӣ ҷиҳати ишғоли ҷой ва пайдо намудани маблағғузор.

ҲУҚУҚ ВА УҲДАДОРИҲОИ МУДИРИ БАХШ

Мудири бахш ҳуқуқ дорад:

- муҳокима намудани масъалаҳои ҷалби маблағҳои иловагӣ ва инвеститсияҳо бо шарикони хориҷӣ, фондҳо, сафоратхонаҳо, баргузор намудани ҳамкорӣ ва бастани қарордодҳо бо онҳо;

- баргузор намудани семинарҳои илмӣ, мизҳои мудаввар ва озмунҳо бо мутахассисон ҷиҳати ғанӣ кардани таҷриба ва маҳорати лоиҳанависӣ;

- ба раёсати Донишкада пешниҳод кардани маълумот оид ба натиҷаи ҳамкориҳо бо шарикони хориҷӣ ва фондҳо ҷиҳати дастгирии устодону донишҷӯён ва мутахассисони ҷавони навовар баҳри татбиқи лоиҳаҳо;

- барои ҳалли масъалаҳое, ки барои ба танзим даровардани лоиҳаҳои пешниҳодшуда, барқарорсозии робитаҳо бо ташкилотҳои байналмилалӣ ва дигар муссисаҳои таълимии хориҷи кишвар, ки Донишгоҳ бо онҳо шартномаи дуҷониба бастааст, кормандони бахш метавонанд маълумоти заруриро аз ҳамаи зерсохторҳои Донишкада талаб ва дастрас намоянд.

Уҳдадориҳои мудири бахш иборат аст аз:

- дарёфт ва коркарди ибтидоии дархостҳо ва грантҳо;

- татбиқи барномаҳои сармоягузорӣ ва дарёфти грантҳо, инчунин ташкили банақшагирӣ ва назорат аз рӯи татбиқи лоиҳаҳо ва грантҳо аз ҷониби факултетҳо, кафедраҳо ва дигар сохтору зерсохторҳои Донишкада;

- тартиб додан ва иҷрои нақшаи чорабиниҳо аз рӯи лоиҳаҳои пешниҳодшуда;

- баргузории мониторинг ва таҳлили раванди татбиқи лоиҳаҳо;

- назорати молиявӣ, моддӣ ва ташкилии раванди татбиқи лоиҳаҳо вобаста ба муҳлати муайяншуда;

- тартиб додани ҳисоботҳои хотимавӣ ва тавсифӣ барои донорҳо ва ҳамкорон.

Top
We use cookies to improve our website. By continuing to use this website, you are giving consent to cookies being used. More details…