Категорияҳо

Осорхонаи Донишкада-яке аз воҳидҳои сохтории Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода буда, бо ташаббуси роҳбарияти Донишкада аз моҳи сентябри соли 2016 ба фаъолият оғоз намудааст.

Ҳадаф:

Инъикоси таърихи муассиса, дастовардхои Донишкада ва муаррифии маҳсули илмии олимони Донишкада.

Вазифаи асосии фаъолияти осорхона дар самтҳои:

- татбиқи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурӣ нисбат ба осрхона ва фонди осорхонаҳо;

- Осорхона дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фарҳанг», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи осорхона ва фонди осорхонаҳо» ва Оинномаи муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода» фаъолият менамояд.

Мақсад ва вазифаҳои осорхона

Мақсади асосии Осорхона ҷамъоварӣ ва нигоҳдории бозёфт, бақайдгирии ҳуҷҷатҳо, коллексиякунонӣ, ҳифз ва истифодаи дурусти мавод, ташкил ва такмили фонди осорхонавӣ, таҳияи барномаҳои соҳавӣ, ба намоиш гузоштани маводҳои илмӣ, таърихию фарҳангии Донишкада ва зерсохторҳои он мебошад.

Бо ин мақсад Осорхона вазифаҳои зеринро амалӣ мекунад:

- тарғибу ташвиқи фонди осорхона, ҷалби устодону кормандон ва донишҷўён ҷиҳати ҷамъоварии мероси таърихӣ-фарҳангӣ, илмии марбут ба тахассуси факултетҳои Донишкада ва маводи арзиши миллӣ ва умумибашарӣ дошта;

- тавассути ҳамкорӣ доштан бо устодони кафедраи таърих ва назарияи иқтисоди Донишкада, ҷамъоварии ёдгориҳо тавассути ташкили ҳафриёт, экспедитсияҳои мардумшиносӣ, ҷамъоварӣ, хариди ёдгориҳо, ҳамчун туҳфа қабул кардани ёдгориҳои марбут ба соҳаи маориф ва фарҳанг тибқи муқаррарот;

- таҳқиқи ашёи осорхонавӣ ва коллексияҳои осорхонавӣ;

- ҳифз ва истифодаи дурусти ашёи осорхонавӣ ва коллексияҳои осорхонавӣ тибқи муқаррарот;

- пешкаши тамошобинон, меҳмонон, омўзгорон ва донишҷўён гардонидани фонди Осорхона дар шакли экспозитсия, намоишҳои сайёру муваққатӣ ва маводи нашрӣ;

- ҳамкории шарномавӣ бо ашхоси воқеӣ ва ҳуқуқии ватанию хориҷӣ;

- ташкили сафарҳои хизматӣ бо мақсади корҳои таҳқиқотӣ, омўзишӣ, дар асоси шартномаи тарафайн, ҳамкорӣ ва расонидани ёрии касбӣ бо дигар Осорхонаҳои муассисаҳои таҳсилотӣ;

- бо ҷалби мутахассисони соҳавӣ ташкил ва гузаронидани конференсия, семинар, симпозиумҳо;

- ташкили каталогҳо, буклетҳо, албомҳо ва омода кардани роҳнамо ҷиҳати шинос шудан аз маводи дар Осорхона маҳфуз буда;

- барои мукаммал кардани донишҳои тахассусии донишҷўён дар ҳамкорӣ бо факултетхои Донишкада ташкил кардан суҳбат-лексияҳо;

- омода кардани баста (пакет) - и иттилоотӣ оид ба фаъолияти кории собиқ устодони факултетҳо, устодони соҳибтаҷриба, ки ҳоло низ ба фаъолияти таълимӣ-илмӣ машғул мебошанд, инчунин хатмкардагони Донишкада, ки имрўз дар вазифаҳои гуногуни роҳбарикунанда ифои вазифа менамоянд.

Ҳамкориҳои Байналмилалӣ

1. Осорхонаи Донишкада дар ҳамкориҳои байналмилалии соҳаҳои осорхонашиносӣ, таърихнигорӣ, бостоншиносӣ, иттилоотӣ, инчунин дар ҷаласа ва конференсияҳои байналмилалӣ оид ба масъалаҳои марбут ба фаъолияти осорхонаҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат меварзанд.

2. Осорхона ҳуқуқ дорад, ки ба созмонҳои фарҳангии байналмилалӣ ҳамроҳ шуда, дар татбиқи барномаҳои марбут ба масъалаҳои соҳа иштирок намоянд.

Top
We use cookies to improve our website. By continuing to use this website, you are giving consent to cookies being used. More details…