Категорияҳо

Китобхона ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеа буда, барои пешрафт ва рушди малакаи донишандӯзии аҳли он саҳми арзанда дорад.

Китобхонаи Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода соли 1980 баробари таъсисёбии Донишкада фаъолияти худро оғоз намудааст.

Китобхонаи Донишкада дар 4 шуъба: шуъбаи хизматрасонӣ, толори хониш, фонди «Китобҳои нодир» ва китобхонаи электронӣ фаъолияти худро ба роҳ монда, барои дастраснамоии адабиёти таълимӣ, дастурҳои методӣ, илмӣ ва бадеӣ ба устодону донишчӯёни Донишкада кумаки амалии худро мерасонад.

Фонди умумии китобхонаи анъанавӣ 87.548 нусха, аз ҷумла адабиёти таълимӣ- тахассусӣ 47.878 нусха, адабиёти бадеӣ 32.508 нусха, адабиёти сиёсӣ 669 нусха ва адабиёти методӣ 2226 нусха, дастурҳои таълимӣ 4267 нусхаро ташкил медиҳад, ки аз ин бо забони тоҷикӣ 3.594 нусха, забони русӣ 77.353 нусха, бо забонҳои дигар 6601 нусха иборат аст.

Фонди умумии китобхонаи электронӣ аз 20.277 нусха маводи электронӣ, аз ҷумла 11.565 нусха адабиёти таълимӣ ва 8.712 нусха адабиёти бадеӣ, 156 диск, 313 кассета бо забони чинӣ ва 2 диск- видео дарс иборат аст. Китобхонаи электронӣ дорои 42 компютер буда, барои дастрасии маводи иттилоотӣ ба интернет пайваста аст, ки муштариён барои дастраснамоии маводи зарурӣ имконият дошта бошанд. Дар китобхонаи электронӣ маводи лексионӣ, силлабусҳо ва барномаҳои таълимии устодони донишкада ҷой дода шудаанд, ки донишҷӯён метавонанд бемамониат аз онҳо истифода баранд.

Хамчунин, ҳайати кормандони китобхона тибқи нақша чорабиниҳо дар давоми соли таҳсил бахшида ба санаҳои муҳими таърихию фарҳангӣ силсилаи чорабиниҳои гуногунро, аз қабили Соли нави мелодӣ, рӯзи Артиши миллӣ, Рӯзи модарон, ҷашни Наврӯз, иди Ғалаба, Рӯзи Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатии ҶТ, Рӯзи китоб, Рӯзи забони давлатӣ, Парчами миллӣ, рӯзи Конститутсияи ҶТ, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайраро баргузор менамоянд.

Мавриди зикр аст, ки китобхонаи Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода аз соли 2005 то ҳол узви вобастаи Ассотсиятсияи китобхонаҳои мактабҳои олӣ мебошад.

 

Top
We use cookies to improve our website. By continuing to use this website, you are giving consent to cookies being used. More details…