Категорияҳо

 Соҳибназарова Ҳ.Т.

дотсенти кафедраи “Назария ва амалияи тарҷума”-и ДДЗТ ба номи С. Улуғзода

 Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

ХУСУСИЯТИ БАЪЗЕ ВОҲИДҲОИ БЕМУОДИЛ ДАР РАВАНДИ ТАРҶУМА

(дар мисоли матнҳои бадеӣ)

Мақолаи мазкур оид ба масъалаи баъзе воҳидҳои бемуодил дар раванди тарҷума бахшида шуда, доир ба хусусият, умумият, тафоввут ва роҳҳои ифодаи онҳо сухан меравад. Ҳамчунин, муаллиф дар мақола бо мисолҳои мушаххас аз матнҳои бадеии ду забон хусусияти  интиқоли воҳидҳои тарҷуманашавандаро  мавриди баррасӣ қарор додааст.

Калидвожаҳо: воҳидҳои бемуодил, муродиф, тарҷумаи таҳтуллафз, хусусият, муодил, роҳҳои тарҷума.

Дар ҳама забонҳои дунё як қатор воҳидҳоеро вохӯрдан мумкин аст, ки дар дигар забон муодили худро надоранд ва ҳамин аст, ки тарҷумаи матн аз забони асл яке аз масъалаҳои муҳим ва душвор маҳсуб ёфта, дар рафти интиқоли воҳидҳои бемуодил ва мувофиқ кунонидани онҳо аз як забон ба забони дигар як қатор мушкилиҳоро ба бор меорад. Аз ин хотир, муҳимтарин вазифа барои тарҷумон ин муҳтавои  матни аслро ба асари тарҷумашуда мувофиқ сохтан ба шумор меравад.

Аслан воҳидҳои бемуодил ё вожаҳои урфӣ гуфта, он воҳидҳоеро меноманд, ки «шакл ва сохти грамматикии матни  асл, ки дар матни тарҷумашуда таносуби якхела надоранд» мебошанд [2, 407].

   Дар мақолаи мазкур оид ба баъзе воҳидҳои бемуодили ду забон сухан меравад, ки дар умум ба онҳо реалия, зарбулмасалу мақол, холигоҳҳои семантикӣ (семантическая лакуна), истилоҳот ва амсоли инҳо дохил мешаванд, ки воҳидҳои фразеологӣ  аз зумраи онҳоянд.

«Воҳидҳои фразеологии ҳар як забон бо компоненетҳои (ҷузъҳои) миллӣ-фарҳангии забон алоқаи зич дошта, метавонанд ба гурӯҳи воҳидҳои  бемуодил дохил шаванд» [4, 182].

  Бояд тазаккур дод, ки ҳамеша ҳангоми тарҷумаи баъзе унсурҳои грамматикии  нусхаи асли бояд ин воҳидҳо ба инобат гирифта шаванд, то дар вақти муқоиса ба асари тарҷумашуда мувофиқат кунанд.

 Ҳамчунин, ҳангоми тарҷумаи матни асл дар баъзе маврид ҳолатҳоеро мушоҳида кардан мумкин аст, ки «мутобиқати пурра ва комили тамоми унсурҳои забон (лексика, грамматика, семантика…) хеле кам ба назар мерасанд, бинобар ин масъалаи оид ба мувофиқати байни ин ё он қисми матни асл ва матни тарҷума ва роҳҳои ҳалли номувофиқатиҳо ба миён меояд» [9, 137], ки усулҳои ифодаи  худро доранд:

1) аз мафҳумҳои грамматикие, ки дар  матни асл якчанд роҳи ифода доранд, яктоашро интихоб намудан лозим аст;

2) анъанаи миқдори ифодаи шаклҳои грамматикии мазкур фарқ кунанд;

3) мафҳуми грамматикӣ варианти пурмазмунро дар худ  дошта бошад [1, 135].

Мавриди зикр аст, ки дар ҳамаи забонҳои дунё воҳидҳои фразеологиро вохӯрдан мумкин аст, ки дар дигар забон баъзеашон муодили худро дошта, гурӯҳи дигарашон муодил надоранд. Аз ин  бармеояд, ки «воҳидҳои фразеологӣ аз нуқтаи назари тарҷумашиносӣ ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд: воҳидҳои фразеологие, ки дар дигар забон муодил доранд ва воҳидҳои фразеологии бемуодил» [4, 183], ки дар асарҳои бадеӣ ба таври фаровон истифода бурда мешаванд.  

Масалан,

I am in the most magnificent health and spirits, eating like a bull, sleeping like a tree, yet I shall not  enjoy a moment till I hear my old tarpaulins tramping round the capstan. Seaward, ho! Hang the treasure! It's the glory of the sea that has turned my head. So now, Livesey, come post; do not lose an hour, if you respect me [10, 68].

Тарҷума: 

Ман худро хеле нағз ҳис мекунам, гов барин мехӯрам, саг барин мехобам. Бо вуҷуди ҳамаи ин, то шамол ба бодбонҳои мо навазад, ман тамом хушбахт нахоҳам шуд. Ба баҳри кушод равем! Бало ба паси ҷавоҳирот! Сари маро на ҷавоҳирот, балки баҳр гаранг кардааст. Пас Ливси зудтар биёед. Агар маро ҳурмат мекарда бошед  [3, 55].

Дар байни воҳидҳои фразеологии ҷумлаҳои забонҳои мавриди назар тафоввут дида мешавад. Гарчанде хусусияти маъноии онҳо ба ҳам монанд аст, аммо аз ҷиҳати сохтор дар байни онҳо фарқият мушоҳида карда мешавад.  Аслан, калимаи bull  дар забони англисӣ маънои барзаговро ифода  кунад ҳам, дар забони тоҷикӣ чун гов тарҷума шудааст, ки маҷозан дуруст истифода бурда шудааст. Дар фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ калимаи мазкур чун «гови кории деҳқонӣ, гови ҷуфтӣ, варзгов» [5, 138] омадааст, ки дар асл маънои «аз андоза зиёд хӯрдани хӯрок»-ро дорад. Калимаи дигари воҳиди фразеологии ҷумлаи мазкур tree  аст, ки дар асари тарҷумавӣ ба маънои «дарахт»  бояд истифода бурда шавад, ҳол он ки дар асари тарҷумавӣ воҳиди мазкур чун «саг» тарҷума  шудааст. Сохтори  воҳидҳои мазкур  фарқ  карда, мазмунан муодиланд, яъне орому осуда ва бехавотир хоб рафтан аст, вале аз ҷиҳати сохтор ва ҳаракат онҳо ба ҳам куллан муқобиланд.  

Ибораи «бало ба паси касе, чизе»  дар “Фарҳанги тафсири забони тоҷикӣ” [Ҳамон ҷо, 128] ба маънои «бало  ба  пасаш ҳар  фалокате,  ки  бошад,  ба  худаш  шавад (дар  мавриди  кордор  нашудан,  ба  аҳволи  худ вогузоштани  касе,  чизе  гуфта  мешавад) »   омада, ба ибораи «ҳар чӣ бодобод» [8, 596] муодил аст.

Мисоли дигар:

- This  appeal seemed to produce  some  effect, for  two  of  the  fellows began  to look  here  and  there  among  the  lumber,  but  half-heartedly,      thought, and with half  an  eye       to  their  own  danger  all  the time, while the rest stood irresolute on the road [10, 48].

- Ин фарёд дуздонро қадре далертар кард. Ду нафар аз онҳо ба кофтуков  кардани байни дарахтони чакалак даромаданд, аммо бо дили нохоҳам, базӯр-базӯр ҳаракат карда мекофтанд. Онон, чи тавре ки ба назари ман намуд, аз кофтуков кардан дида, зиёдтар фикри гурезро мекарданд. Дигарҳо сари калобаашонро гум карда дар миёнаи роҳ меистоданд  [3, 39].

Шарҳ:  "сари калобаи худро гум кардан”,  ҳангоми парешонхотир шудан, мушавваш  гардидан ё ки, ба вазъияти мушкил афтодан, чӣ кор кардани худро надониста мондан истифода бурда мешавад.

Дар фарҳанги забони адабии ҳозираи тоҷик ибораи “сари  калоба(и) (худ)-ро гум кардан” ба маънои  “чи кор кардани худро надониста  мондан;  сари  калобаи  чизеро  ёфтан,  роҳи ҳалли мушкилеро ёфтан,  кори худро ба роҳ  мондан” истифода бурда шудааст [5, 207].

«Livesey,» returned the squire, «you are always in the right of i t. I'll be as silent as the grave. » [10, 63].

-Ливси, - гуфт арбоб дар ҷавоб, - ҳамеша гапи шумо ҳақ аст. Ман мурда барин хомӯш хоҳам буд [3, 51].

Шарҳ: дар ҷумлаи англисии мазкур калимаи grave  маънои гӯp, қaбp, лaҳaд; мapгро  дорад ва дар ҷумлаи забони тоҷикӣ чун мурда тарҷума шудааст. Вале ҳардуи ифодаҳо мантиқан мувофиқ буда, маънои хомӯшии томро ифода мекунанд.

Пас аз таҳлили баъзе воҳидҳои бемуодил ба  хулосае омадан мумкин аст, ки ҳангоми тарҷума дар сохтори онҳо дигаргунӣ мушоҳида карда шавад ҳам,  бояд онҳо мазмунан дуруст ва мукаммал интиқол ёбанд, чунки мақсади ягонаи тарҷумон дуруст баргардон намудани нусхаи асл ва мувофиқ кунондани он ба асари  тарҷумавӣ мебошад.  Аз ин гуфтаҳо бармеояд, ки тарҷумаи воҳидҳои грамматикии бемуодил яке аз равандҳои мушкил ва ҳалталаб барои тарҷумони навқалам маҳсуб меёбад ва баҳри дуруст ва беғалат интиқол додани онҳо бояд ҳамаи меёърҳои тарҷума риоя карда шавад.

Феҳристи адабиёт

1. Алексеева И.С. Введение в перевод введение: Учеб. пособие  для студ. филол. и линг. Фак. Высшчеб. заведений.— СПб.:  Филологический факультет  СПб ГУ; М.: Издательский центр «Академия», 2004. -352 с.

2. Комиссаров В. Н. Современное переводоведение. Учебное пособие.-М.:ЭТСМ:2002. - 424 с.

3. Стивенсон Р. Ҷазираи Ҷавоҳирот. Сталинобод: Нашриёти давлатии Тоҷикистон, 1952. – 257 c.

4. Турсунов Ф. М. Безэквивалентная лексика в переводе (на материале английского и таджикского языков): Монография. Душанбе, 2015.-432 с.

5. Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ. Ҷилди 1.-Душанбе, 2008.-950 с.

6. Фёдоров А.В. Основы общей теории перевода. –Москва . 2002.  – 347 с.

7. Фозилов М. Фарҳанги ибораҳои рехта. Ҷилди 1. Душанбе, нашриёти “ИРФОН”, 1960. 952 с.

8. Фозилов М. Фарҳанги ибораҳои рехта. Ҷилди 2. Душанбе, нашриёти “ИРФОН”, 1964. - 802 с.

9. Швейцер А. Д. Перевод и лингвистика. М.: Воениздат, 1973. – 278 с.

10. Robert Louis Stivenson. Treasure Island.GB.: BPCC Paperbacks Ltd, 1993. – 183 p.

 

Top
We use cookies to improve our website. By continuing to use this website, you are giving consent to cookies being used. More details…