Категорияҳо

 Соҳибназарова Ҳ.Т.

дотсенти кафедраи “Назария ва амалияи тарҷума”-и ДДЗТ ба номи С. Улуғзода

 Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

МАВҚЕЪ ВА МАҚОМИ ХАБАР ДАР ТАШАККУЛИ ҶУМЛАҲОИ СОДАИ ДУТАРКИБАИ ЗАБОНҲОИ ТОҶИКӢ ВА АНГЛИСӢ

Мақолаи мазкур  ба масъалаи мавқеъ ва мақоми хабар дар ташаккули ҷумлаҳои содаи дутаркиба ва муайян намудани умумияту хусусияти он дар забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ  бахшида шудааст. Муаллиф инчунин бо мисолҳои мушаххас хусусияти тарҷумаи сараъзои ҷумла, яъне хабарро  аз забони тоҷикӣ ба забони англисӣ ва баръакс, мавриди баррасӣ қарор медиҳад.

Калидвожаҳо: хабар, мубтадо, ҷумлаи содаи дутаркиба, ҷумлаи содаи яктаркиба, маъно, сараъзо ва аъзои пайрав.

Мусаллам аст, ки дар шароити кунунӣ омӯзиши забонҳои хориҷӣ яке аз масъалаҳои мубрами илми забоншиносӣ ба ҳисоб рафта, омӯзиши паҳлӯҳои гуногуни он дар муқоиса бо забони модарӣ аз аҳамият орӣ нест.

Яке аз мушкилиҳои ҷиддие, ки ҳангоми омӯзиши забони хориҷӣ ва тарҷума аз он ба забони тоҷикӣ пеш меояд, ин дуруст «шинохта нашудан» ё худ «ташхиси дуруст» нагирифтани сохтори ҷумла ва нодуруст дарк шудани маънои он ба шумор меравад. Ҳангоми омӯзиши забони хориҷӣ инро мушоҳида кардан айни муддаост, ки сабаби асосии ин гуна ҳолатҳо «ба таври кофӣ дарк нашудани муносибатҳои байни ҷузъҳои таркибии сохтори ҷумла (субйект, предикат, муайянкунанда, сабаб, мақсад, шарт ва ғ.) дар ҳайати синтаксисии забон мебошад» [4, 79].

Ҳадаф аз навиштани мақолаи мазкур таҳлил ва муайян намудани умумият, хусусият ва ҷои мубтадову хабар дар ҷумлаҳои содаи дутаркибаи забонҳои тоҷикию англисӣ ва аҳамияти он ба тарҷумаи матнҳо дар забонҳои номбурда мебошад.

Ҷумлаи сода категорияи алоҳидаи синтаксисӣ буда, аломатҳои хоси грамматикӣ дорад, ки тафовути онро аз дигар категорияҳои синтаксисӣ нишон медиҳад. Аломати асосии ҷумла хусусияти коммуникативии он ба шумор меравад [1,  205]. Аз ин рӯ, дар ҷараёни таҳлили сохтори ҷумлаҳои содаи дутаркиба дар забонҳои  тоҷикӣ ва англисӣ  на танҳо  ба сохти ҷумла, балки ба  хусусияти коммуникативии ҷумла низ бояд диққати махсус дод.

           Ба ақидаи А. А. Шахматов ҷумлаҳои сода аз ҷиҳати таркиб, яъне вобаста ба иштироки сараъзоҳои ҷумла, ба ду гуруҳ ҷудо мешаванд:

«Ба  ин гуруҳи ҷумлаҳои сода як қатор ҷумлаҳое дохил мешаванд, ки ҳамбастагии муайяни мубтадо (субйект) ва хабар (предикат) - и онҳо дар як аъзои ҷумла (ҳиссаи калони ҷумларо бо як калима ифода кардан) ифода меёбад ва онҳоро ҷумлаҳои содаи яктаркиба меноманд» [12,  30-31], яъне ҷумлаи содае, ки аз як сараъзо ва ё як сараъзою калимаҳои эзоҳдиҳанда иборат аст, ҷумлаи содаи яктаркиба номида мешавад ва он дар забонҳои муқоисашаванда ифодаи якхела дошта, танҳо аз рӯи тартиби калима дар ҷумла фарқ мекунад. Вуҷуд надоштани сараъзои дигари ҷумла дар ҷумлаҳои содаи яктаркиба маънои ҷумларо тағйир намедиҳад ва ин гуфтаҳо низ ақидаи А. А. Шахматовро тақвият медиҳанд: Stop laughing. Come in. Sorry me, ки дар ин ҷумлаҳо мувофиқати (сочетание) мубтадо ва хабар дар калимаҳои stop, come ва sorry ифода ёфтаанд. (Stop- субъекти шахси дуюми танҳо ё ҷамъ ва ҳамбастагии аломати аниқро дар замони ҳозира дар ҷумла ифода мекунад; come- ҳамбастагии субъекти шахси дуюми танҳо ё ҷамъ дар шакли сиғаи амрӣ дар хабар; sorry- ҳамбастагии субъекти шахси якуми танҳо дар замони ҳозира дар хабари ҷумла мебошад).

«Ба гуруҳи дуюм ҷумлаҳое дохил мешаванд, ки мубтадо ва хабар - и онҳо дар алоҳидагӣ дар қисмҳои махсуси ҷумла (калимаҳои махсус) ифода меёбанд. Ба ин гурӯҳ ҷумлаҳои содаи дутаркиба дохил мешаванд, ки зимнан сараъзои яке аз ҳар ду таркиб субъектро ва сараъзои  таркиби дигар предикатро  ифода мекунанд…; чунин ба ҳам пайвастшавии грамматикии аъзои ҷумлаи содаи дутаркибаро мубтадо ва хабар меноманд, ки мубтадо сараъзои асосии ҷумла ва хабар сараъзои тобеи  он ба ҳисоб меравад» [12,  30-31], яъне ҷумлаи содае, ки  дар ташкили онҳо ҳар ду  сараъзои ҷумла – мубтадо ва хабар иштирок менамоянд, ҷумлаи содаи дутаркиба номида мешавад. Ба ин ақидаи А. А. Шахматов, А. А. Реформатский  [8,  337] низ  пайравӣ намуда, чунин нигоштааст, ки агар синтагмаи предикативӣ шакли муқаррарӣ дошта бошад, яъне ҳар ду  аъзои он маънои алоҳида дошта бошанд, пас ҷумла ҷумлаи содаи дутаркиба мебошад;  агар синтагмаи хабарӣ махфӣ ё пӯшида бошад, яъне ҳар ду аъзои ҷумла ба як маъно ифода шаванд, ҷумла ҷумлаи содаи яктаркиба аст.

Аз ин ҷо бармеояд, ки ҳамаи олимону забоншиносон дар маркази сохтори ҷумлаҳои содаи дутаркиба мубтадо ва хабарро гузоштаанд.

Мубтадо ва хабар қисмҳои муҳимтарини ҷумла ба шумор рафта, сараъзои ҷумла номида мешаванд ва моҳияти ҷумлаҳои сода аз ҳамин ду сараъзо иборат аст. Аломати грамматикии мубтадоро хабар ифода мекунад, ки бо шаклҳои тасрифии феъл ва ё ҳиссаҳои дигари нутқ ифода меёбад [1, 227]. Хабар дар забонҳои муқоисашаванда қариб ифодаи якхела дошта, ба саволҳои предмет чӣ кор кард?, чӣ кор мекунад?, чӣ шуд?, чӣ мешавад?, кист?, чист?, чӣ гуна аст?, чандтост?, ҳаст ё нест? (what does the subject do?, what is done to the subject?, what is it?, who is it?, what is it like?) ва амсоли инҳо ҷавоб мешавад, ки дар ҷумла ба вазифаҳои гуногун ифода меёбад.

Мубтадо ва хабар ба ҳам алоқаи зич дошта, ба ақидаи баъзе забоншиносон мубтадо сараъзои асосӣ ва хабар тобеи он мебошад, вале масъалаи алоқаи байни мубтадо ва хабар дар илми забоншиносӣ ба таври гуногун баррасӣ мешавад. «Аз як тараф дар забон агар хабар ба мубтадо аз ҷиҳати шахсу шумора ва синф шабоҳат кунад ва ин робита ба мутобиқат наздик бошад, аз тарафи   дигар дар забон бисёршахсӣ мушоҳида карда шавад, пас хабар на танҳо аз мубтадо, балки аз пуркунанда низ вобастагӣ дорад. Ба ѓайр аз ин, дар баъзе забонҳо ҷумлаҳоеро вохӯрдан мумкин аст, ки умуман мубтадо надоранд» [3, 141]. Барои мисол ӯ ҷумлаҳои зеринро овардааст, ки дар ин ҷумлаҳо мубтадо дар шакли муайяни хабари феълӣ омадаанд: русӣсмеркается; морозит, англисӣ - it is raining, олмонӣ - es regnet, фаронсавӣ - il pleut.  Вале инро на дар ҳама ҳолат мушоҳида кардан мумкин аст. Ба ақидаи Набиев М. «мубтадоро асос ё худ ҷанбаи сохтории ҷумла наҳисобидан дар он аст, ки расман наовардани он дар ҳама гуна ҷумла имконпазир аст, вале дар асл, сабаби ба вуҷуд оварандаи амалу ҳаракат, соҳиби ин ё он аломат мубтадо мебошад» [5, 68]. Аз ин рӯ, ба ин назария такя намуда, ӯ мубтадоро ҷанба (асос)-и семантикии ҷумла ва хабарро ҷанбаи сохтории он шуморидааст. Дар забони тоҷикӣ асоси таркиботи предикативии ҷумла хабар ба шумор рафта, «аломати мубтадоро вобаста ба шахсу шумора, замон ва тобишҳои зиёди модалӣ ифода мекунад» [2,70]. Хабар дорои се категорияи грамматикӣ-шахс, замон ва модалият мебошад, ки онҳо моҳияти грамматикии хабар ба шумор рафта, ба воситаи бандакҳои феълӣ ва хабарӣ ифода меёбанд.

Ба ақидаи Камчатнов А. М. [141] хабар қисми асосии ташкилдиҳандаи ҷумла ба шумор меравад, аммо барои сохтани ҷумлаҳои содаи дутаркиба мубтадову хабар муҳиманд. Аз ин рӯ, гуруҳи дигари забоншиносон барои созмон додани ҷумлаҳои содаи дутаркиба робитаи байни мубтадову хабарро ҷудонопазир шуморида, бар он ақидаанд, ки «ягон тараф на сараъзои асосӣ ва на тобеъанд» [7, 311]:

The voice of John Reed called me. Then he paused. He found the room empty [13, 2].

-Эй ту гирёнчак!- овози Ҷон Рид танин андохт; сипас ӯ хомӯшӣ варзид; ҳуҷраро холӣ ёфт [11, 7].

Дар ин ҷо се ҷумлаи содаи дутаркиба оварда шудааст, ки дар ҷумлаи аввал калимаи the voice (овоз)ва дар ҷумлаҳои дуюму сеюм калимаи he(ӯ) мубтадои ҷумла ба шумор рафта, калимаҳои called (танин андохт),  paused (хомӯшӣ варзид) ва found (ёфт) хабари замони гузаштаро ифода мекунанд. Гарчанде хабар тобеи мубтадо бошад ҳам, дар сурати истисно шудани он маънои ҷумла ба пуррагӣ гум мешавад. Дар асари тарҷумашуда, дар ҷумлаи якум каме тағйирот дида мешавад, чунки сохти ҷумла аз ҷумлаи содаи хабарии забони англисӣ ба ҷумлаи содаи амрӣ гузаштааст, вале аз ҷиҳати мазмун бошад дар ҷумла ягон дигаргунӣ дида намешавад. Ҷумлаи дуюм низ дар матни аслӣ ва асари тарҷумашуда якхел ифода ёфта, сохти худро гум накардааст, вале дар ҷумлаи сеюм гарчанде дар матни аслӣ сохти ҷумла содаи дутаркиба бошад ҳам, дар асари тарҷумашуда он ба сохти ҷумлаи содаи яктаркиба гузаштааст, яъне мубтадои он ихтисор шудааст. Аз ҷиҳати тақвияти маъно бошад, он ба шароитҳои назария ва амалияи тарҷума ҷавобгӯ аст, чунки дар ҷумлаҳои пешина мубтадои ҷумла аллакай як бор зикр гардидааст.

 Дар  забони тоҷикӣ  гарчанде  мубтадо ва хабар  сараъзои ҷумла бошанд ҳам, мубтадо нисбатан мустақилияти зиёдтар дорад,  аммо  пояи асосии нигоҳдории маъно  хабар  ба шумор меравад.  Дар ҳолати ихтисор шудани мубтадо дар забони тоҷикӣ маънои ҷумла ба шахсу шумора  равона шуданашро гум намекунад, чунки дар забони тоҷикӣ бандакҷонишинҳое вуҷуд доранд, ки ба кадом шахсу шумора тааллуқ доштани хабарро нишон медиҳанд. Мисол,

Ман мактуб менависам.

Дар ин ҷумла шакли  содаи дутаркибаи тафсилӣ нишон дода шуда, ҷумла дорои сараъзо ва аъзои пайрав мебошад, яъне дар ин ҷо калимаи ман мубтадо, менависам хабар ва мактуб пуркунандаи бевоситаи он ба шумор мераванд.

мактуб менависам.

Ҷумлаи дуюм аллакай ба ҷумлаи содаи яктаркибаи  муайяншахс дохил шуда, бандакҷонишини «-ам» нишон медиҳад, ки ҷумла ба шахси якуми танҳо таалуқ дорад. Агар дар ҷумла мубтадо ва пуркунандаи он ба ҳодисаи эллипсис дучор шаванд ҳам, ҷумла ба ҷумлаи содаи яктаркибаи  муайяншахс дохил  шуда, хусусияти маъноии худро гум намекунад:

      менависам.

           Дар ҳолати аз ин ҷумла  истисно шудани хабар, ҷумла сунъӣ шуда,  сохти  грамматикӣ  ва  маънояшро гум мекунад.

Мисол,

Ман мактуб(дар ин ҷумла хабар истисно шуда, ҷумла аллакай тобиши маъноияшро  гум  кардааст).

     Аз ин лиҳоз дар забони тоҷикӣ асоси ҷумлаҳои содаи дутаркибаро хабар ва дар забони англисӣ бошад мубтадо, ташкил медиҳад, яъне мубтадою хабар ядрои ҷумла ба шумор мераванд.

Дар  забони англисӣ бошад, пояи  асосии нигоҳдории  маъно  на танҳо     хабар, балки  мубтадо   ҳам мебошад, чунки хабар  дар забони англисӣ  ба шахсу шумора тасриф нашуда,  бетаѓйир мемонад. Мисол,

I read a book ( ҷумлаи содаи дутаркибаи тафсилӣ).

read a book (ҷумлаи содаи яктаркибаи  муайяншахс).

read (ҷумлаи содаи яктаркибаи амрӣ).

Аз ҷумлаҳои зерин бармеояд, ки ҳангоми истисно шудани мубтадо, танҳо сохти грамматикии  ҷумла дигаргун мешавад ва он аз ҷиҳати маънову мақсад, оҳанг ба ҷумлаи содаи амрӣ мегузарад, азбаски дар забони англисӣ бандакҷонишинҳо вуҷуд надоранд, ин боиси дигаргуншавии шакли семантикӣ ва сохти грамматикии ҷумла мегардад. Хабарҳои ҷумлаҳои амрӣ бошанд, бо сиѓаи амрии феъл ифода меёбанд ва дар ин гуна ҷумлаҳо аз рӯи маъно амалу ҳаракат ҳама вақт ба шахси дуюми танҳо ва ҷамъ равон карда мешаванд.  Аз ин рӯ, пояи асосии нигоҳдории маъно дар забони англисӣ мубтадо ба шумор меравад. 

     Чунон ки қайд кардем, мубтадо ва хабар ядрои ҷумла ба ҳисоб рафта, сараъзои ҷумла шуморида мешаванд ва дар забонҳои муқоисашаванда дар байни онҳо ва аъзоҳои пайрави ҷумла робитаи зиче ба амал меояд, ки ҷумларо пурра мекунад. «Ин робита бештар ба пуркунанда ва ҳол хос аст» [10, 5].  Пуркунанда (ҳамчунон ҳол) дар забони тоҷикӣ сохти ядрои ҷумларо ба ду қисм ҷудо мекунад [Ҳамон ҷо]:

Ҳамчунин ин гуфтаҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар байни мубтадо ва хабар метавонанд як қатор калимаҳо истифода бурда шаванд. Ин калимаҳо дар навбати аввал зарфҳое мебошанд, ки замони ба вуқӯъ омадани амалро (usually, always, sometimes etc.) нишон медиҳанд.  Дар баъзе мавридҳо зарфҳои тарзи амал ва калимаҳои дигар низ истифода бурда мешаванд.

Мисол,

She sometimes goes to see him [9, 117].   

His father hardly gets up from his place [9, 147]. 

I always go to see him, Pa [9, 205].

         Ғайр аз ин, ҷои зарфҳо дар он гуна ҷумлаҳое бештар мушоҳида карда мешаванд, ки хабар бо якчанд калима ифода шудааст ва дар ин ҳолат зарф бештар пас аз феъли ёридиҳанда истифода бурда мешавад [6, 65]. Барои мисол вай чунин ҷумлаҳоро овардааст:

As Head of Department, you will always be held responsible for result of your staff` s work. The exhibits have never been taken out of the museum [6, 65].

         Аз ин рӯ, ҷои хабар дар забони тоҷикӣ назар ба забони англисӣ «қулайтар» аст, зеро он маъмулан ба ҷумла тобиши маъноии «наверо» ворид мекунад ва он тобиши маъноии «нав» дар охири ҷумла меояд [10, 14]. Аз ин ҷо бармеояд, ки ҷои калима дар забони тоҷикӣ назар ба забони англисӣ озодтар буда, дар забони англисӣ устувор аст ва аз ҳамин хотир, барои тарҷума намудани матни асл бояд муодили дурусти онро дар забони мақсад интихоб намуд.

Таҳлил нишод медиҳад, ки дар забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ маркази семантикии ҷумлаҳои содаи дутаркибаро хабар ташкил кунад ҳам, ҷумла бе мубтадо мукаммал ифода ёфта наметавонад, бахусус дар забони англисӣ. Аз ин гуфтаҳо бармеояд, ки хабар яке аз сараъзои ҷумла буда, аз тарафи гӯянда тасдиқ ё инкор кардани таъсири амалу ҳолат, ҳаракату вазъият ва аломатеро ифода мекунад, ки ба обйекти сухан-мубтадо нигаронида шудааст.  Аз ин рӯ, дар забони англисӣ пояи асосии нигоҳдории маъно мубтадо ва дар забони тоҷикӣ бошад хабар ба шумор меравад. 

Адабиёт

1. Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик, Душанбе: Дониш, 1986,  372 саҳ.

2. Камолиддинов Б., Хусусияти услубии сарфу наҳви забони тоҷикӣ. Душанбе, Маориф, 1992.

3. Камчатнов А. М., Николина Н. А. Введение в языкознание: Учеб. пособие для филологических факультетов университетов и педагогических вузов. -2-е изд., М.: Флинта: Наука, 2000.-232 с.

4. Мечковская Н. Б.Общее языкознание. Структурная и социальная типология языков: учеб. пособие для студентов филологических и лингвистических специальностей/Н. Б. Мечковская. – 4-е изд., испр. – М.: Флинта: Наука, 2006.-312 с.

5. Набиев М. Синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик. Душанбе: «Маориф», 1992, 176 саҳ.

6. Петрова С. Английский язык: Справочник по грамматике/ С. Петрова, О. Рудавин.- М.: ООО «Издательство АСТ»; Хорьков: «Торсинг», 2004. -108, [4] с.

7. Пешковский А. М. Русский синтаксис в научном освещении. Изд. 6-е. М., Учпедгиз, 1938.

8. Реформатский А. А. Введение в языковедение: Учебник для вузов/Под  ред. В. А.Виноградова.-М.: Аспект Пресс, 2001.-536 с.

9. Роберт Луис Стивенсон. Избранная проза. Сборник. На англ. яз.- Составитель Н. А. Самуэльян.-М.: Издательство «Менеджер», 2000.- 320 с.

10. Собиров А. Порядок слов в простом двусоставном предложении в современном таджикском и английском языках. Автореф… канд. филол. наук. (10.02.20).-Душанбе, 1973.-23 с.

11. Шарлотта Бронте «Ҷен Эйр»/Роман/Душанбе, ТҶБ «Истиқбол»- 2010, 412 с.

12. Шахматов А. А. Синтаксис русского языка. Вводная часть к учению о предложении. – М., 1941. – 258 с.

13. Sharlotta Bronte, “Jane Ayre”, 1999, 496 с.

Top
We use cookies to improve our website. By continuing to use this website, you are giving consent to cookies being used. More details…