Категорияҳо

Пажӯҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии забоншиносӣ ва тарҷума соли 2016 бо қарори Шӯрои олимони Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода таъсис ёфтааст.

Мақсади асосии Пажӯҳишгоҳ: дар доираи барномаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва мавзӯъҳои фармоишии давлатӣ, лоиҳаҳои гуногуни грантии давлатӣ ва фондҳои байналмилалӣ анҷом додани таҳқиқоти бунёдӣ ва амалӣ оид ба забоншиносӣ ва тарҷумашиносӣ, тарҷумаи осори илмӣ ва адабӣ бо забонҳои гуногун.

Вазифаҳои Пажӯҳишгоҳ:

- ҳамоҳангсозии фаъолияти илмӣ - таҳқиқотии кафедраҳо ва сохторҳои илмии донишкада;

- ҳавасмандгардонӣ ва ҷалби ҳайати профессорону омӯзгорон, унвонҷӯён,магистрантон, аспирантон, докторантон ва донишҷӯён ба фаъолияти илмӣ- таҳқиқотӣ;

- ҳамкорӣ бо марказҳои илмӣ-таҳқиқотии соҳаи забоншиносӣ, тарҷумашиносии ватанӣ ва хориҷӣ, ассотсиатсияҳои касбии олимони соҳаи забоншиносӣ ва тарҷума;

- таҳия, пешниҳод ва назорати раванди татбиқи лоиҳаҳои илмии буҷавӣ;

- мусоидат ба раванди татбиқи лоиҳаҳои илмии кафедраҳо ва байникафедравӣ;

- татбиқи методология ва методҳои муосири таҳқиқи илмӣ;

- иштирок дар таҳия ва чопи маҷаллаҳои илмии Донишкада ва маҷмӯаҳои гуногуни илмӣ оид ба забоншиносӣ ва тарҷумашиносӣ;

- ҳамкорӣ бо сохторҳои Донишкада дар раванди ташкил ва баргузории чорабиниҳои гуногуни илмӣ.

 Самтҳои асосии таҳқиқоти-илмӣ:

- Таҳқиқи назариявӣ ва амалии забонҳои тадрисшаванда;

- Таҳқиқи масъалаҳои назариявии тарҷумашиносӣ ва мушкилоти тарҷума дар замони муосир;

- Таҳқиқи хусусиятҳои лингвофарҳангии забонҳои гуногун;

- Омӯзиши таъриху фалсафа ва типологияи муқоисавии забонҳо, масъалҳои муоширати байнифарҳангӣ ва байниминтақавӣ;

- Таҳқиқи масъалаҳои методикаи таълими забони тоҷикӣ ва забонҳои хориҷӣ;

- Ташкили таҳқиқоти функсионалии забоншиносӣ ва тарҷумашиносӣ: морфология, семантика,синтаксис, лингвистикаи матн, топонимия ва ғайра.

 

Top
We use cookies to improve our website. By continuing to use this website, you are giving consent to cookies being used. More details…