Категорияҳо

Маҳмадҷонов Олимҷон Обидҷонович

Унвони илмӣ: доктори илми филология, профессор

Собиқаи корӣ: 32 сол

Самти фаъолияти илмӣ: таърихи забони тоҷикӣ, таърихи номшиносӣ, ҳуҷҷатгузорӣ дар идоракунии давлат ва хизмати давлатӣ, муоширати дипломатӣ ва дигар масъалаҳои муҳими илмҳои забоншиносии иҷтимоӣ.

Муовини ректор оид ба илм ва инноватсия ба амалисозии корҳои илмӣ - таҳқиқотӣ ва илмию инноватсионии Донишкада роҳбарӣ менамояд.

Фаъолияти Раёсати илм, инноватсия, магистратура, аспирантура, докторантура ва Пажӯҳишгоҳи илмӣ - таҳқиқотии забоншиносӣ ва тарҷумониро бевосита роҳбарӣ намуда, доир ба фаъолияти самаранокии он масъул аст.

Вазифаҳои муовини ректор оид ба илм ва инноватсия:

• банақшагирӣ ва ташкили фаъолияти илмӣ –таҳқиқотии дар Донишкада;

• ташаккул ва такмили низоми корҳои илмию таҳқиқотӣ;

• ташкили такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандон;

• роҳбарӣ, назорат ва ҳамоҳангсозии фаъолияти кафедраҳо ва дигар сохторҳои Донишкада оид ба ташкили раванди корҳои илмию таҳқиқотӣ;

• роҳбарӣ ба Шӯрои илмӣ-методӣ;

• назорат аз болои нақша, барнома, таҳияи модул ва дигар маводи илмию методӣ дар кафедраҳо;

• назорати иҷрои нақшаҳои таълимӣ ва барномаҳои кории устодони кафедраҳо;

• назорати амалисозии нақшаҳо ва барномаҳои марбут ба корҳои илмию таҳқиқотӣ;

• Ташкили таҳқиқ ва омўзиши масъалаҳои мубрами омўзиши муқоисавии забонҳо;

• Ташкил ва таҳқиқи рушди тарҷума ва тарҷумашиносӣ.

E-mail: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Телефон: (+992 37) 232-87-30

Top
We use cookies to improve our website. By continuing to use this website, you are giving consent to cookies being used. More details…