Категорияҳо

Қаюмов Абдулмаъин Ҷумахонович 

номзади илмҳои педагогӣ, дотсент

Декани факултет

 

   

 


Таърихи факултет

Факултети забонҳои Шарқ дар заминаи баъзе ихтисосҳои собиқ факултети забонҳои хориҷӣ ва факултети филологияи тоҷик ва рус бо Қарори Шурои илмии Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон, таҳти рақами №1 аз 12.09.2005 таъсис ёфтааст. Бо ҳамин қарор ихтисосҳо ва кафедраҳои зерин ба тобеияти факултет гузаронида шуданд.

021700-забон ва адабиёти тоҷик.

021706-забони тоҷикӣ бо ихтисоси иловагии “забони англисӣ”.

021710-забони хитоӣ.

021711-забони японӣ.

021712-забони арабӣ бо ихтисоси иловагии “забони англисӣ”.

021715-забони кореягӣ бо ихтисоси иловагии “забони тоҷикӣ”

021700-021701 Таджикский язык и литература-Русский язык и литература в национальном школе.

021700-021705 Таджикский язык и литература-Английский язык.

021710-021700 Китайский язык- Таджикский язык и литература.

021711-021700 Японский язык- Таджикский язык и литература

Кафедраи забон ва адабиёти Шарқи хориҷӣ ва кафедраи забон ва адабиёти тоҷик.

Илова бар ин ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик дар Шӯъбаи таҳсилоти ғоибона ба тобеияти факултети забонҳои Шарқ гузаронида шуд.

Аввалин декани факултети забонҳои Шарқ Исрофилов Шарифмурод Раҳимович (аз 26.08.2005 №31-6ш”а” то 03.12.2006 №79-6фаА аз 03.12.2006) буданд. Баъдан вазифаи мазкур бо фармоиши ректори Донишкада Ҷабборова М таҳти №79-6фаА аз 03.12.2006 ба зимаи Мирзоева Маҳина Меликовна вогузор карда шуд. Мирзоева Маҳина Меликовна аз вазифаи мазкур бо фармоиши ректори Донишкада таҳти рақами №136-фо аз 11.09.2008 озод карда шуда, бо ҳамин фармоиш вазифаи мазкур ба зимаи дотсент Восиева Рухшона Қурбоновна вогузор карда шуд. Номбурда ин вазифаи пурмасъулро то моҳи декабри соли 2010 ба уҳда дошт. Сипас профессор.Маҳмадҷонов Олимҷон Обидҷонович бо фармоиши ректори Донишкада таҳти №1-хк аз 03.01.2011 ба вазиваи декани факултети забонҳои шарқ таъин гардид. Маҳмадҷонов Олимҷон Обидҷонович бо хоҳиши худ аз 31.01.2013 бо фармоиши рақами №27-хк аз 11.02.2013 аз вазифаи ишғолкардааш озод карда шуд. Аз 01.02.2013 то 10.07.2015 роҳбарии факултетро Аҳмадшо Саидов ба уҳда доштанд. Аз 28-уми сентябри соли 2015 то кунун вазифаи декани факултети забонҳои шарқ, ба зимаи номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, Қаюмов Абдулмаъин Ҷумахонович вогузор карда шудааст..

Донишҷӯёни аввалин ихтисоси забони хитоӣ (тарҷумон) соли 2000, ихтисоси филологияи Шарқ (арабӣ-англисӣ) (тарҷумон) соли 2003, ихтисоси филологияи форсӣ (форсӣ-англисӣ) (тарҷумон) соли 2003, ихтисоси забони куриёӣ (тарҷумон) соли 2004, ихтисоси забони ҷопонӣ (тарҷумон) соли 2004 қабул гардиданд, ки он вақт фанҳои таълимии ин ихтисосҳо дар дохили кафедраи забонҳои Шарқи хориҷӣ (аввалин мудири кафедра бо фармоиши Ректори Донишкада таҳти рақами №73-6ш аз 21.10.2004 Исоев Маҳмадраҳим интихоб шудааст) зертобеи факултети забонҳои хориҷӣ буданд, ки роҳбарии факултетро Астанова Зиёда Халиковна ба уҳда доштанд.

Соли 2005 баъди таъсисёбии факултет, кафедраи забонҳои Шарқи хориҷӣ ба ду кафедраи тахассуси, кафедраи забонҳои Шарқи Наздик ва кафедраи забонҳои Осиёи Ҷанубу Шарқи (аввалин мудири кафедра Шоев Раҳматулло буданд) ҷудо карда шуд.

Баъдан соли 2012 ихтисоси забони хитоӣ-информатика ва соли 2016 ихтисоси забону кишваршиносӣ (ҳинду-англисӣ) (тарҷумон) таъсис дода шуд.

Top
We use cookies to improve our website. By continuing to use this website, you are giving consent to cookies being used. More details…