Категорияҳо

Турсунов Фаёзҷон Мелибоевич 

доктори илмҳои филологӣ, профессор

Декани факултет

 

   

 


Самтҳои асосии фаъолият:

  • - тайёр намудани мутахассисони баландихтисос – омӯзгорон ва тарҷумонҳои соҳибкасб аз забонҳои англисӣ, олмонӣ, фаронсавӣ;
  • - гузаронидани таҳқиқоти илмӣ оид ба омӯзиш ва таълими забонҳои англисӣ, олмонӣ ва фаронсавӣ;
  • - гузаронидани семинарҳо, мизҳои мудаввар ва конференсияҳо доир ба омӯзиш ва таълими забонҳои англисӣ, олмонӣ ва фаронсавӣ;
  • - татбиқи технологияҳои муосири таълим;
  • - тайёр намудани олимони унвон ва дараҷаи илмидошта;

Таърихи факултет

Факултети забонҳои романию германӣ қаблан бо номи факултети забонҳои хориҷӣ амал мекард. Аз якуми сентябри соли 2005 дар заминаи факултети номбурда бо мувофиқа бо Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон факултети забонҳои романию германӣ таъсис ёфтааст.

Ихтисосҳои нахустини факултет: забон ва адабиёти рус бо ихтисоси иловагии забони англисӣ ва забон ва адабиёти рус бо ихтисоси иловагии забони олмонӣ дар соли 1992 ва забони англисӣ (тарҷумон) дар соли 1993 ташкил карда шуданд. Ҳоло дар он омӯзгорон ва тарҷумонон аз забонҳои англисӣ, олмонӣ ва фаронсавӣ тарбия карда мешаванд.

Дар айни замон дар факултет донишҷӯён аз рӯи 10 ихтисоси зерин дар асоси шартнома, ройгон ва аз тариқи квотаи Президентӣ таҳсил менамоянд:

- Забони хориҷӣ, (забони англисӣ) омӯзгори забони англисӣ -1-210502-08

- Забони хориҷӣ (забони англисӣ) тарҷумони азбони англисӣ -1210502-08

- Забони англисӣ. Технологияи хизматрасонӣ. 1-020307-03

- Таҳсилоти томактабӣ. (Забони англисӣ) -1-01-010203

- Таҳсилоти ибдтидоӣ. (Забони англисӣ)-1-010202-05

- Таъминоти забонии робитаҳои байнифарҳангӣ, ( сайёҳии байналмилал)-1230102-02

- Таъминоти забонии робитаҳои байнифарҳангӣ, ( муносибатҳои сиёсии берунӣ)-1230102-04

- Забонҳои муосири хориҷӣ(тарҷума) тарҷумаи бадеӣ. 1-210502-08

- Забони фаронсавӣ. Минтақашиносӣ. Тарҷумони забони фаронсавӣ, минтақашинос 1-020307

- Забони олмонӣ. Минтақашиносӣ. Тарҷумони забони олмонӣ, минтақашинос 1-020307

Шӯрои олимони факултет мувофиқи нақша фаъолият менамояд. Дар Шӯро ҳамаи масъалаҳое, ки бо хониш, усули таълим ва корҳои тарбиявӣ вобаста аст, баррасӣ мешаванд. Яке аз бахшҳои таркибии сохтори факултет ҷаласаи сардорон ба шумор меравад, ки он тамоми сардорони гурӯҳҳои академиро дар бар мегирад. Дар ҷаласаҳои сардорони гуруҳҳо тамоми ҷанбаҳои ҳаёту фаъолияти ҳаррӯзаи донишҷӯён мавриди муҳокима қарор мегирад.

Ҳаёти донишҷӯён дар факултет ҷолиб ва рангоранг мегузарад. Онҳо дар конфренсияҳо, маҳфилҳо ва олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва мусобиқаҳои гуногуни байналмилалии донишҷӯён иштирок мекунанд. Бо роҳбарии муаллимони пуртаҷриба донишҷӯён ба тадқиқи масъалаҳои лингвистика, психология, методология ва педагогика машғул мешаванд. Баъзе аз ин корҳо ҳамчун корҳои илмии марҳилавӣ аз реферат ба корҳои курсӣ ва дипломӣ давом меёбанд. Ҳамасола донишҷӯён корҳои дипломии худро дар муқоиса бо забонҳои англисӣ, немисӣ ва тоҷикиву русӣ анҷом медиҳанд.

Самти тарбия дар факултет:

Дар факултет масъалаи ташкили корҳои тарбиявӣ ҳамеша дорои аҳамияти хоса мебошад. Ин тадбирҳо омили асосии фаъолияти берун аз донишкадавии донишҷӯёни ҷавон, гузаронидани ҷамъомадҳои анъанавӣ чун иди донишҷӯён, базми солинавӣ, ҷашнгирии рӯзи муаллимон, Наврӯз ва дигар ҷашнҳо мебошанд, ки барои баланд бардоштани худшиносии миллӣ ва фарҳангии донишҷӯён таъсири мусбати худро мегузоранд. Ҳафтаи чорабиниҳои факултет дар чорчӯбаи ҷашнҳои забонҳои омӯхташаванда гузаронида мешавад, ки донишҷӯёни ҳар як шуъба дар ин ҷашнҳо фаъолона иштирок мекунанд ва ин маҳфилҳо хеле шавқовар мегузаранд.

Ҳамасола ба факултет мувофиқи квотаи Президентӣ духтар ва писарон аз ноҳияҳои дурдаст дохил мешаванд. Бо онҳо ҳама вақт корҳои тарбиявӣ гузаронида мешавад. Вазифаи асосии роҳбарони факултет на танҳо тарбия намудани ин духтарон ва писарони ҷавон ҳамчун муаллими арзанда, балки ба онҳо додани дониши хубу ахлоқи ҳамида ва арзишҳои фарҳангӣ мебошад, то онҳо ин арзишҳоро низ бо худ ба ноҳияҳо баранд.

Донишҷӯён дар шуъбаҳои рӯзонаи факултет зиёда аз 1120 нафар буда, аз онҳо 111 нафар аз тариқи квотаи Президентӣ, 698 нафар дар асоси шартнома ва боқимонда ба таври ройгон таҳсил менамоянд. Бояд қайд кард, ки дар сафи донишҷӯён шаҳрвандони хориҷи кишвар, аз ҷумла аз Ҷумҳуриҳои Туркманистон ва Қирғизистон таҳсил менамоянд.

Садорати факултет ва ҳайати профессорону омӯзгорон ҳама қувваи худро барои баланд бардоштани сифати таълим ва тайёр намудани мутахассисони баландихтисос равона мекунанд.

Ҳамасола хатмкунандагони ихтисосҳои факултет таҳсили худро дар зинаҳои магистратура ва докторантура (Phd) дар Донишкада ва дигар макотиби олии кишвар давом медиҳанд. Хатмкунандагони ихтисосҳои забонҳои хориҷӣ дар тамоми гӯшаю канори кишвар ва берун аз он ҳамчун муаллими мактабҳои миёна, устоди донишгоҳҳо ва мактабҳои маълумоти махсус, тарҷумон дар ширкатҳои муштарак ва ташкилотҳои байналхалқӣ адои вазифа мекунанд.

Омӯзгорони соҳибзабон аз кишварҳои хориҷӣ - Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Бразилия ба донишҷӯён дарс мегӯянд.

Top
We use cookies to improve our website. By continuing to use this website, you are giving consent to cookies being used. More details…