Категорияҳо

Абдураҳимов Бахтиёр Абдураҳимович 

номзади илмҳои филологӣ, дотсент

Декани факултет

 

   

 


Самтҳои асосии фаъолият:

  • - Таҳия ва нашри грамматикаи меъёрии забони тоҷикӣ.
  • - Таҳқиқи масоили услубшиносии забони тоҷикӣ.
  • - Таҳқиқи фарҳангномаҳои классикии форсӣ-тоҷикӣ.
  • - Таҳия ва нашри дастурҳои худомӯзи забони тоҷикӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ ба забони анлисӣ таҳия гардидааст, ки ин асосан дар вақти курсҳои омӯзиши забони тоҷикӣ ва забони англисӣ истифода мешавад.
  • - Таҳия ва нашри фарҳангҳои истилоҳоту таркиботи илмӣ аз осори классикии форсӣ-тоҷикӣ.
  • - Таҳия ва нашри дастури таълимии забони тоҷикӣ барои факултаҳои ғайрифилологӣ.
  • - Таҳия ва нашри муҳовараҳои русӣ ба тоҷикӣ, тоҷикӣ ба русӣ, англисӣ ба тоҷикӣ, тоҷикӣ ба англисӣ, олмонӣ ба тоҷикӣ, тоҷикӣ ба олмонӣ, фаронсавӣ ба тоҷикӣ, тоҷикӣ ба фаронсавӣ, чинӣ ба тоҷикӣ, тоҷикӣ ба чинӣ; омода намудани шакли электронии онҳо.
  • - Таҳия ва нашри порчаҳо аз осори адабии давраҳои ташаккули забони тоҷикӣ.
  • - Таҳияи фарҳангномаҳои электронии умумӣ ва соҳавӣ
  • - Таҳияи маводи аудиоию видеоӣ барои омӯзиши забони давлатӣ дар низоми таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбӣ.
  • - Баргузории ҳафтаҳои фанни забони тоҷикӣ.

Таърихи факултет

Факултети филологияи тоҷик дар заминаи факултети таҳсилоти ғоибона ва фосилавӣ соли 2015 таъсис ёфтааст. Боиси зикр аст, ки факултети таҳсилоти ғоибона ва фосилавӣ дар заминаи шуъбаи ғоибона соли 2002 бо мувофика бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон фармони садорати донишкада (ДДЗТ) таъсис ёфтааст ва аввалин хатми донишҷуён соли 2007 буд.

Аз моҳи апрели соли 2012 шуъба баъд аз мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо қарори Шӯрои илмии донишкада фаъолияти худро ҳамчун факултети таҳсилоти ғоибона ва фосилавӣ оғоз намуд (сур. №5 аз декабри сол 2011). Аз соли таҳсили 2014-2015 факултет ба тариқи таълими кредитӣ гузашт. Бо дарназардошти таъсиси шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ соли таҳсили 2017-2018 ихтисосҳои марбут ба шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ интиқол ёфтанд:

1. Забон ва адабиёти тоҷик (омӯзгор, таҳсилоти ғоибона)

2. Таҳсилоти ибтидоӣ. Забони русӣ (таҳсилоти ғоибона)

3. Ҳуҷҷатшиносӣ ва таъмини иттилоотии идора (таҳсилоти ғоибона)

4. Таҳсилоти томактабӣ. Забони русӣ (таҳсилоти ғоибона)

Ихтисосҳои факултет:

1. Забон ва адабиёти тоҷик (омӯзгор, таҳсилоти рӯзона)

2. Ҳуҷҷатшиносӣ ва таъмини иттилоотии идора (таҳсилоти рӯзона)

3. Забоншиносӣ ва технологияи иттилоотӣ ( таҳсилоти рӯзона)

4. Таълилим компютерии забонҳо(омӯзгор, таҳсилоти рӯзона)

Факултет бо шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ барои тайёр намудани мутахассисони ҷавон ҳамкорӣ менамояд.

Самтҳои асосии кори илмӣ-тадқиқотии факултет дар кафедраҳо:

1. Ҷанбаҳои лингвистӣ.

2. Фарҳангшиносӣ ва минтақашиносии тадриси забонҳо.

3. Таҳқиқ ва пажӯҳиши рӯзгор ва осори шуарои ҷудогонаи адабиёти форсӣ- тоҷикӣ

4. Омӯзиш ва таҳқиқи таҳаввули жанрҳо

5. Таҳқиқ ва баррасии осори ҷудогонаи дорои аҳамияти илмӣ ва эстетикӣ дошта.

7. Таҳқиқи ташаккули нақди адабии форсӣ- тоҷикӣ.

8. Таҳқиқи адабиётшиносии муосир. 

Top
We use cookies to improve our website. By continuing to use this website, you are giving consent to cookies being used. More details…