Категорияҳо

Товбаева Мавлуда Мусулмоновна 

номзади илмҳои педагогӣ, дотсент

Декани факултет

 

   

 


Самтҳои асосии фаъолият:

  • - тайёр намудани мутахассисон баландихтисос – омӯзгорон ва тарҷумонони соҳибкасб аз забони русӣ;
  • - гузаронидани таҳқиқоти илмӣ оид ба омӯзиш ва таълими забони русӣ дар шароити ду- ва бисёрзабонӣ;
  • - гузаронидани семинар, мизҳои мудаввар ва конференсия доир ба омӯзиш ва таълими забони русӣ;
  • - татбиқи технологияҳои муосири таълим;
  • - тайёр намудани олимони унвон ва дараҷаи илмӣдошта;

Таърихи факултет

Факултет дар заминаи Донишкадаи давлатии омӯзгории забон ва адабиёти рус ба номи А.С. Пушкин таъсис ёфта, ҳамчун сохтори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода фаъолияти худро бурда истодааст. Факултети филологияи рус ҳамчун сохтори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода фаъолияти худро дар асоси Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни ҶТ «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумхурии Тоҷикистон» ба роҳ мондааст.

Вазифаи асосии факултети филологияи рус – тайёр намудани мутахассисон – омӯзгорон ва тарҷумонони соҳибкасб аз забони русӣ, забоншиносонро дар самти фаъолияти ҳуқуқӣ дар зинаҳои бакалавр ва магистратура мебошад. Факултет ҷиҳати иҷрои «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумхурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020» корро тибқи нақша бурда истодааст.

Ҳоло дар назди факултет 2 кафедраи тахассусӣ, аз ҷумла кафедраи забон ва адабиёти рус, кафедраи забоншиносии умумӣ ва типологияи муқоисавии забонҳо ва кафедраи умумидонишкадавӣ – педагогика ва психология фаъолияти худро бурда истодаанд. Фаъолияти кафедраҳо барои баланд бардоштани сифати таълим, корҳои илмию татқиқотӣ, тарбиявӣ, робитаҳои байналмилалӣ ва иқтисодию ичтимоӣ равона карда шудааст.

Донишҷӯён дар шуъбаҳои рӯзона ва ғоибонаи факултет зиёда аз 800 нафар буда, онҳо тариқи квотаи Президентӣ, шартнома ва буҷавӣ таҳсил менамоянд. Бояд қайд кард, ки дар сафи донишҷӯён шаҳрвандони хориҷи кишвар, аз ҷумла, Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Афғонистон таҳсил менамоянд.

Зиёди хатмкунандагони факултет бошад таҳсили худро дар зинаҳои магистратура ва Phd докторантура дар худи Донишкада ва дигар мактабҳои олии кишвар ва Федератсияи Русия давом дода истодаанд. Як қатор донишҷӯёни факултет, ки бо баҳоҳои «хубу аъло» мехонанд ва дар корҳои илмию ҷамъияти фаъолона иштирок менамоянд, сазовори стипендия ба номи М.В. Ломоносов шудаанд. Аз ҷумла, Эгамназарова Ф., Раҳматова М., Ёрова Инобат, Артихолова Г. Инчунин, 2-юм со ласт, ки дар назди факултет донишҷӯёни Донишгоҳи Синзяни Ҷумхурии мардумии Чин дар асоси шартномаи тарафайн як даври академӣ забони русӣ меомӯзанд ва соҳиби сертификат мегарданд.

Ҳайати омӯзгорони факултет бо донишгоҳои Федератсияи Русия (ш. Пенза ва Удмуртия) ҳамкории зич дорад. Бо якҷоягии онҳо тариқи интернет конференсия ва семинарҳо мегузаранд.

Садорати факултет ва ҳайати профессорону омӯзгорон ҳама қувваи худро барои бардоштани сифати таълим ва тайёр намудани мутахассисони баландихтисос равона карда истодаанд.

Top
We use cookies to improve our website. By continuing to use this website, you are giving consent to cookies being used. More details…