ddzt.tj

zoofirma.ru
Thursday, 31 August 2017 09:14

АЗ БАРАКАТИ ИСТЕЪДОД ВА КИЛКИ СЕҲРОФАРИН ДАР ҲОШИЯИ КИТОБИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН «ЧЕҲРАҲОИ МОНДАГОР»

By 
Rate this item
(0 votes)

 Китоби «Чеҳраҳои мондагор» - и Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро ба саҳифаҳои пурифтихори таърихи халқи тоҷик ошно месозад. Ҳамзамон, туфайли он аз рӯзгори шахсиятҳои маъруфу сарбаланди илмӣ, адабӣ ва таърихиву сиёсӣ дарси ибрат мегирем. Мутолиа ва омӯзишу таҳқиқи он дар боло бурдани сатҳи худшиносӣ, ифтихор аз ватану дӯстдории сарзамини аҷдодӣ, ҳувияти миллӣ ва расидан ба қадри неъматҳои Истиқлолияти давлативу пойдории ваҳдати миллӣ мусоидат мекунад.


 Дуруст аст, ки ҳеҷ халқе, миллате мисли мо – тоҷикон ҷабри таърих ва аҷнабиёнро накашидааст. Бо вуҷуди ин ҳама, илму хиради азалӣ, забони ноби ин миллат моро дар ин дарозои таърих аз маҳвшавӣ эмин нигоҳ дошт. 

Дар муроҷиат ба хонандаи гиромии китоб Президенти мамлакат таъкид медоранд, ки рӯ оварданашон ба таърих ва симоҳои барҷастаи халқамон боз ба он хотир аст, ки ба ояндагон зарурати донистани гузаштаи худро талқин намуда, онҳоро аз саҳифаҳои дурахшони миллатамон огоҳ созанд. Чаро? Чунки ин ҳама сабақи бузурги худогоҳӣ маҳсуб мешавад. Ба ин васила дар қалби онҳо меҳру муҳаббат ва садоқату вафодориро метавон бедор кард. Ҳамзамон, зарур аст, ки ба онҳо аз ин таърихи пуршараф ифтихор карданро омӯзонанд. Ба таърих, фарҳанг ва адабиёт эътиқод ва эътимод доштан, бовар ба фардои миллат ба шумор меравад.
Дар миёни 25 чеҳраи мондагор устод Сотим Улуғзода низ, ки донишкадаи мо номи ӯро дорад, ҳаст. Адолати таърихиро, дар ҳақиқат, шахсоне барқарор карда метавонанд, ки худ адолатгустаранд ва таърихро хуб медонанду ба он баҳои воқеӣ дода метавонанд. Барҳақ, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамин гуна сифатҳои некро доранд. Мутмаинем, ки бо ин иқдомҳои дурусту ҷавонмардона номашон ҳатман бо ҳарфҳои заррин дар саҳифаҳои таърихи миллат навишта мешаванд. Ин ҳама барои насли мо ва ояндагон беҳтарин сабақ ва дарси ибрат аст.
Тавре менигоранд: «Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон, Арбоби шоистаи ҳунари мамлакат Сотим Улуғзода дар радифи фарзандони бузурги суханвари миллати тоҷик ҷою мақоми хоса дорад».
Агар ба рӯзгори талхи ӯ, ки дар саҳифаҳои таърих сабт гардидаанд,  менигаристем, бовар ҳосил кардан душвор буд, ки ҷою мақоми арзандаи худро соҳиб шавад. Офтоби бахт кам ба рӯи ӯ хандидааст. Ҳатто замоне ки ӯро ба Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ сазовор донистанд, пирона ва бо изҳори таассуф баён доштанд: «Нон ба вақте диҳанд, ки дандон нест». Ҳол он ки хидмати ӯ дар рушди адабиёти миллӣ, илму фарҳанг аз оғози фаъолияташ чашмрас буду нотакрор. 
Бо шинохти ин ҳақиқати бебаҳс Сарвари давлат таъкид менамоянд: «Маҳз аз баракати истеъдод ва килки сеҳрофарини Сотим Улуғзода хонанда, ҷомеаи Тоҷикистон ва берун аз он марҳала ба марҳала ба даврони пурэъҷози Сомониён ва рӯзгори пурфоҷиаи устод Рӯдакӣ дар драмаи «Қисмати шоир», муборизаи беамони мардум алайҳи аҷнабиён дар қиссаи «Ривояти суғдӣ», зиндагиномаи пур аз кашфу эҷоди Ибни Сино, Ҳаким Фирдавсӣ, Аҳмади Дониш, талошҳои ҷоннисоронаи Темурмалику Восеи диловар барои озодии халқу диёр аз ҷабру ситами ғосибон ошно шудаанд. Оре, Улуғзода пас аз устод Айнӣ ба қаҳрамонҳои таърихии миллат дар адабиёт умри зиндаву абадӣ бахшид».
Тибқи сарчашмаҳои муътамад устод Сотим Улуғзода соли 1930 ба пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст. Дар рӯзномаҳои «Ҷумҳурият», («Тоҷикистони сурх»,) «Ҷавонони Тоҷикистон», («Комсомоли Тоҷикистон») ва маҷаллаи «Барои адабиёти сотсиалистӣ» фаъолият намуд. Соли 1933 бар асари фишори сиёсӣ ба Қазоқистон фирор кард. Дар ин хусус адиб навишта буд: «... бо кӯшишҳои миллатчиёни буржуазӣ аз сафи комсомол ронда шудам... ва аз ҳуҷраам хориҷ карда шудам... Моҳи майи соли 1934 аз нав ба Сталинобод баргаштам ва ба сафи комсомол... барқарор кунонда шудам...».
Соли 1946, баъди ду соли сарварӣ, аз вазифаи раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон озод карда мешавад.
Ба андешаи муҳаққиқон, пас аз он бист сол «рӯзгори якнавохт дошт». Охири солҳои шастуми асри гузашта дучори таъқибҳо ва аз сафи ҳизби ягонаи давр ронда шуд. Танҳо моҳи октябри соли 1988, яъне баъди 19 сол аз нав ба сафи ҳизб барқарор мегардад. 
Ҷашнҳои шастсолагӣ, ҳафтодсолагӣ, ҳафтодупанҷсолагӣ ва ҳаштодсолагии адибро баргузор накарданд. Моҳи декабри соли 1992, бар асари вазъи ногувори кишвар дар ҷанги шаҳрвандӣ ба Маскав меравад. Ин дар ҳоле буд, ки вазъи тандурустияш хуб набуд. Бо шиддат ёфтани дардҳо ва бадтар гардидани ҳол бо душворӣ хоҳиш мекард, ки ӯро ҳар чи зудтар ба Тоҷикистон бибаранд. Аммо ҷисми заифу пурдарди ӯро овардан ғайриимкон буд.
25 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав ин адиби забардаст чашм аз олами ҳастӣ мепӯшад. Бо дастури муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷасади ӯро ба Душанбе оварданд. Тобути ӯ барои видоъ дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ гузошта ва баъд ҷисмаш дар гӯристони Лучоб ба хок супурда шуд.
 Бо амри Президенти мамлакат бо нишони олии қадршиносӣ ва барои абадӣ гардондани хотирааш Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи ӯ гузошта шуд.
Тавре бармеояд, агар ба туфайли дахолату мусоидати сарвари вақти давлат Бобоҷон Ғафуров соли 1944 ӯ аз корзори Ҷанги Бузурги Ватанӣ зинда баргашта бошад, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо эҳтирому қадршиносии хоса, зикри ҳама дастовардҳову хизматҳои таърихияш ба адиб умри абадӣ бахшиданд, мақомашро боз ҳам болотар бурданд. Ҳамзамон ӯро дар шумори «Чеҳраҳои мондагор» - и миллат дохил намуданд. Дар ин маврид таъкид ҳам менамоянд, ки: «Барҳақ, мутолиа ва омӯзиши осори пурғановати адиб барои хештаншиносӣ, эҳтироми таърих ва таҳкими сулҳу ваҳдат ва дӯст доштани Тоҷикистони азиз саҳми босазое мегузорад».
Бояд махсус зикр кард, ки ҳеҷ сарвари вақти давлат ва намояндагони баландмартаба ба ҷуз Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин баҳои сазоворро ба адиб надода буданд.  

Маҳмадулло РАҶАБЗОДА,
ректори Донишкадаи давлатии 
забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода

(Бознашр аз рӯзномаи «Ҷумҳурият», 31майи соли 2017, №108 (23 189)

 

 

Read 136 times Last modified on Thursday, 31 August 2017 09:16

Leave a comment

Make sure you enter the (*) required information where indicated. HTML code is not allowed.

Шарикон