ddzt.tj

zoofirma.ru
Tuesday, 29 August 2017 08:02

“Нишасти матбуотӣ дар Донишкада”

By 
Rate this item
(0 votes)

Нишасти матбуотӣ дар Донишкада

 

Санаи 19-уми июли соли 2017, соати 10:00  дар  Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода оид ба ҷамъбасти нимсолаи якуми соли 2017 мутобиқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 15-уми сентябри соли 2011, №АП-1729 нишасти матбуотӣ  баргузор  гардид.

Дар нишасти матбуотї  ректори Донишкада, профессор Мањмадулло Раљабзода, муовинони ректор, деканњои садорати факултетњо, мудирони кафедрањо  ва хабарнигорону рўзноманигорон аз  воситањои  ахбори оммаи кишвар, аз љумла аз рӯзномаи «Садои мардум» -  Ворис Назарзода, Муассисаи давлатии телевизиони «Сафина» - Озодаи  Раҳматулло, радиои «Овози тоҷик» - Зарангези Маҳмадулло, рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» - Хуршед Ховарӣ, рӯзномаи «Ҷумҳурият» -  Бузургмеҳри Баҳодур, радиои «Фарҳанг» - Убайдулло Акрамзода ва Дирафрӯз Қурбонӣ хабарнигори рӯзномаи «Омӯзгор» иштирок намуданд.

 Маҳмадулло Раҷабзода-ректори ДДЗТ ба номи Сотим Улуғзода  зимни ҳисоботи нимсолаи аввали соли 2017 ќайд намуд, ки њайати профессорону омўзгорон, кормандону донишљўёни Донишкадаи давлатии забонњои Тољикистон ба номи Сотим Улуѓзода нимсолаи аввалро дар партави  Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи тадбирњо бахшида ба «Ҷашни байналмилалии Наврӯз-2017», «20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ», «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» ва «Соли ҷавонон» бо дастоварду комёбиҳои назаррас љамъбаст намуданд.

Мавсуф аз љумла зикр намуд, ки дар Донишкада 41 чорабиниҳои илмӣ баргузор гардиданд. Аз қабили:  2 конференсияи байналмилалӣ,  8 конференсияи ҷумҳуриявӣ,  5 конференсияи донишкадавӣ, 15 мизи мудаввар, 10 семинари илмӣ,  1 онлайн - конференсия бо ҷалби олимону мутахассисони Донишгоҳи давлатии шаҳри Пензаи Федератсияи Россия  дар мавзӯи «Проблемы преподавания русской литературы в инокультурной среде». Чорабиниҳои илмии Донишкада дар маҷмӯъ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 17 адад зиёд мебошанд.

Натиҷаи таҳқиқоти илмии ҳайати профессорону омӯзгорон дар маҷаллаву нашрияҳои илмиву методӣ рӯйи чоп омадаанд, аз ҷумла: 18 монография,  6 маҷмӯаи илмӣ, 23 дастури таълимӣ-методӣ,  243 номгӯйи мақола ва  фишурдаи маърӯзаҳо. Дастовардҳои таҳқиқотии олимони Донишкада ба андозаи  6 монография, 17 дастури таълимӣ-методӣ ва 74 мақолаи илмӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад.

 

 

Ҳамчунин,  Маҳмадулло Раҷабзода иттилоъ дод, ки  тибқи дастури Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи 27 ихтисоси амалкунанда аз ҷониби омӯзгорони кафедраҳои Донишкада беш аз 700 номгӯйи барномаи таълимии фаннӣ таҳия гардида, барои тақриз ва хулосабарорї ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ ирсол карда шудаанд.Нақшаҳои таълимии нав аз рӯйи 27 ихтисос барои зинаи бакалавр ва 5 ихтисос барои зинаи магистратура  таҳия ва аз ҷониби Вазорати маориф ва илми ҶТ тасдиқ карда шуданд.

Зикр гардид, КИ То оғози соли таҳсили нави 2017-2018 беш аз 50 синфхонаи замонавии мултимедӣ  ба истифода дода мешаванд.

       Дар нимсолаи аввали  соли  2017   тибқи нақшаи чорабиниҳо вобаста ба санаҳои  муҳими таърихию фарҳангӣ ва дигар ҷашнвораҳову чорабиниҳо, монанди: ҷашни байналмилалии “Наврӯз – 2017”, ”20-солагии Ваҳдати миллӣ”, “Соли ҷавонон”, “Артиши миллӣ”,”Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” инчунин мавзӯъҳои “Худкушӣ ва роҳҳои пешгирии он” Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” зиёда аз 13 чорабинии сатҳи гуногун  доир намудаанд.

Бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз – 2017 зиёда 700 нафар донишҷӯ дар намоиши театрикунонидашуда фаъолона ширкат варзиданд, ки аз ҷониби Донишкада бо як стипендияи муқаррарӣ ва ҷойи зисти ройгон таъмин  карда шуданд.

Раёсати Донишкада пайваста бо донишҷӯёни дар хобгоҳи Донишкада сукунатдошта чорабиниҳои тарбиявӣ ва фарҳангию фароғатӣ доир менамоянд. Аз ҷумла, 8 маротиба вохӯрӣ бо устодони собиқадори кафедраҳо ва аз ҷониби садорати факултетҳо вобаста ба мавзӯъҳои муҳиму зарурӣ шабнишиниҳову ҳамоишҳои судманд баргузор шудааст. 

М. Раҷабзода зикр намуд, ки аз  моҳи январи соли 2017 музди маоши вазифавии ҳайати профессорону устодон ва кормандони донишкада ба андозаи 20 дарсад зиёд гардида, ҷиҳати ҳавасмандгардонии онҳо маоши вазифавии профессор-доктори илм 3502 сомонӣ, дотсент- номзади илм 2411 сомонӣ, муаллими калон 1090 сомонӣ ва ассистент 892 сомонӣ муқаррар карда шудааст. Устодоне, ки кори илмиашонро ҳимоя намуданд ва ҳамчунин  панҷ нафар омӯзгори ҷавон низ ба муносибати Соли ҷавонон бо туҳфаҳои молӣ  сарфароз гардонида шуданд. Донишҷӯёне, ки дар оилипиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва берун аз он ширкат варзидаанд аз тарафи Раёсати Донишкада ҳавасманд гардиданд.

Биноҳои таълимии Донишкада барои зимистонгузаронӣ пурра омода карда шуда, айни ҳол корҳои васлгарии қубури асосӣ идома дорад.

Баҳри татбиқи қарори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба  “150 рӯзи ободонӣ” Донишкада дар атрофи биноҳои таълимӣ ва бинои хобгоҳ пайваста корҳои ободонӣ анҷом дода мешаванд.

Бо мақсади ободонӣ ва боз ҳам зебову ҷолиб гардонидани симои пойтахт дар қитъаи замини ҷудогардида  воқеъ дар кӯчаи Б.Ғафуров - назди биноҳои истиқоматии №33 ва №11 мувофиқи лоиҳаи пешниҳодгардидаи ҶСК “Корезлоиҳа” ба миқдори 19 адад  ниҳолҳои ороишӣ (каталпа), 32 адад арча, 200 кг тухмии майса ва беш аз 3 500 бех гулҳои садбарги зарду сурх шинонида шуданд.

Ҳамчунин, дар ин мавзеъ,  барои ҳамвор намудани замин беш аз 110 м3 хок оварда шуда, роҳи  пиёдагард ба масоҳати 95 м2 бо тахатасангҳои бетонӣ пӯшонида шудааст. Яъне бо азму талоши устодону кормандон ва донишҷӯёни Донишкада ҳусни ин мавзеи пойтахт боз ҳам зебо ва назаррабо гардидааст.

Аз ҷониби рӯзноманигорон низ суолҳо пешниҳод гардиданд, ки ба ҳамаион аз ҷониби ректори Донишкада ҷавобҳои қонеъкунанда гардонида шуд.

Мавриди зикр аст, ки гузориши мухтасари љараёни нишасти матбуотї аз тариќи шабакањои ТВ Сафина (19.07.17) Радиои Тољикистон, Овози тољик ва дар сањифањои рўзномањои Љумњурият, Садои мардум ва Омўзгор инъикос карда шуд.

 

 

                                                        А. Бадалпур

Read 152 times Last modified on Thursday, 31 August 2017 08:00

Leave a comment

Make sure you enter the (*) required information where indicated. HTML code is not allowed.

Шарикон