Категорияҳо

Дар донишкада 5-уми декабр бо ширкати васеи донишҷӯдухтарон бонувони мулоқоти судманд бо намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар мавзӯъҳои пошхурии оилаҳои ҷавон, нақши зан дар ҷомеа ва пешгирии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстримистӣ доир гардид.

Муовини ректор оид ба тарбия Зебониссо Бобоалиева чорабиниро ифтитоҳ карда, иброз дошт, ки имрӯз бонувони саодатманди кишвар дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳидона, бар зидди ҳамагуна амалҳои номатлуби ҷомеа ва ҷаҳони муосир мубориза мебаранд.

Сипас, аъзои собиқадорони назди Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Адолат Ҷурабоева ва муовини раиси ташкилоти ҷамъиятии Кумитаи сулҳу ризоияти миллии Тоҷикистон Ҳафизабону Ҳамидова дар бораи мақоми зан ва нақши ӯ дар устувории оилаву ҷомеа суханронӣ намуданд.

Иштирокчиён таъкид карданд, ки гаравиш ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстримистӣ бештар ба ҷавонон таҳдид мекунад, зеро бархе ҷавонон аз надоштани саводи кофии диниву дунявӣ ба доми ин гурӯҳҳо гирифтор шуда, оқибат ҳаёти худро зери хатар мемонанд. Бинобар ин, ҳар як фарди кишвар, махсусан ҷавононро зарур аст, ки бо хештаншиносиву меҳандӯстӣ марзи сарзамини хешро ҳимоя кунанд.

P1280820
P1280821
P1280822
P1280823
P1280824
P1280829
P1280831
P1280832
P1280836
P1280840
P1280842
P1280852
P1280854

Top
We use cookies to improve our website. By continuing to use this website, you are giving consent to cookies being used. More details…