Категорияҳо

Яке аз роҳҳои асосии пешгирӣ ва мубориза бар зидди ВНМО ин дарёфти саривақтии сироятёфтагон мебошад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки имкониятҳои фарогирии аҳолӣ ба санҷиши ВНМО сол аз сол зиёд шуда, миқдори умумии дарёфти сироятёфтагони ВНМО кам шуда истодааст, - изҳор дошт Беҳрӯз Сафаров, духтури Маркази саломатии № 14-и шаҳри Душанбе.

Дар вохӯрии намояндагони маркази мазкур, ки 4-уми декабр бо омӯзгорону донишҷӯён баргузор шуд, муовини ректор оид ба тарбия Зебониссо Бобоалиева иштирок намуда, зимни суханрониаш чунин иброз намуд: “Ҳамарӯза оид ба таҳкими давлатдории миллӣ, ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, роҳ надодан ба шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ корҳои судмандро анҷом дода истодаем”.

Дар охири мулоқот Ҳотам Обидов, духтур аз таърихи ВНМО ёдовар шуда, гуфт, ки сол то сол барои пешгирӣ ва бартараф намудани бемории вируси норасоии масунияти одам Ҳукумати кишвар чораҳои заруриро андешида истодааст.

P1280773
P1280775
P1280776
P1280777
P1280778
P1280781
P1280782
P1280784
P1280785

Top
We use cookies to improve our website. By continuing to use this website, you are giving consent to cookies being used. More details…