Категорияҳо

Мулоқоти ректори донишкада, профессор Маҳмадулло Раҷабзода бо сафири Ҷумҳурии Куриё дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ли Учол 1-уми декабри соли равон баргузор гардид.

Дар оғоз суҳбати дуҷониба сурат гирифта, тарафҳо масъалаҳои ҳамкории минбаъда, татбиқи созишномаҳои байни донишкада ва донишгоҳҳои Ҷумҳурии Куриёро баррасӣ намуданд.

Ҳамзамон, пас аз мулоқот дар толори фарҳангии донишкада бахшида ба Рӯзи Куриё чорабинии хотирмони илмӣ-фарҳангӣ доир шуда, дар он ректори донишкада ва ҳайати меҳмонони сафоратхонаи Ҷумҳурии Куриё дар Тоҷикистон ширкат ва суханронӣ намуданд.

М. Раҷабзода зимни суханронии хеш дар бораи донишкада маълумоти муфассал дода, қайд намуд, ки шуъбаи забони куриёӣ аз соли 2004 дар назди факултети забонҳои шарқи донишкада таъсис ёфта, айни замон дар он 83 нафар донишҷӯ ва беш аз 171 нафар дар курси омӯзиши забони куриёӣ таҳсил намуда, ба онҳо 7 омӯзгор, аз ҷумла, 3 нафар омӯзгорони соҳибзабон таълим медиҳанд.

Инчунин сафир Ли Учол аз сатҳи баланди баргузории чорабинӣ изҳори хушнудӣ намуда, баён дошт, ки барои тақвияти равобити манфиатбор бетараф нахоҳад буд.

Дар фарҷом ба ғолибони озмунҳо ва беҳтарин иштирокчиёни чорабинии мазкур туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.

1
20181201_130408
20181201_131429
20181201_132235
20181201_132308
20181201_133223
20181201_144342(0)
20181201_153015
20181201_154221
20181201_162117
P1280696
P1280700
P1280702
P1280704
P1280705
P1280707
P1280710
P1280716
P1280718
P1280729
P1280730
P1280732

Top
We use cookies to improve our website. By continuing to use this website, you are giving consent to cookies being used. More details…