Категорияҳо

Дар толори фарҳангии донишкада 28-уми ноябр ассистенти кафедраи таърих ва робитаҳои байнифарҳангӣ Юсуф Шарифов барои донишҷӯёни соли 3-юми факултети забонҳои романӣ-германӣ чорабинии тарбиявӣ дар мавзӯи “Бехатарии давлат аз сарҳад вобаста аст” гузаронид.

Ю.Шарифов чорабиниро оғоз карда, таъкид намуд, ки Артиши миллии Тоҷикистон баъди соҳибистиқлол гардидани давлатамон таъсис гардид ва бе ягон заминаи меросии моддиву техникӣ ташаккулу такомул ёфта, аз имтиҳони сангини таърих гузаштааст. Дар айни замон он қодир аст, амнияти давлату миллат ва ҳифзи марзу буми Ватанамонро пурра таъмин намояд.

Баъдан, санъаткорони ансамбили «Марзбон»-и Қушунҳои Сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи зебои фарҳангиеро пешниҳод намуда, бо сурудҳои дилнишину ватандӯстонаи хеш чорабиниро хотирмон карданд.

- Агар имрӯз дар фазои амну осуда зиндагӣ мекунем, гувоҳи он аст, ки фарзандони сарсупурдаи миллат хоби худро пароканда, дар марзҳои кишвар посбонӣ мекунанд. Бовар дорам, ки донишҷӯёни мо низ пас аз хатми донишкада бо ҳисси баланди ватандӯстӣ барои Ватани азизи хеш хизмат менамоянд,- дар фарҷом изҳор дошт, мудири кафедраи номбурда, профессор Назир Азимзода.

P1280574
P1280575
P1280577
P1280578
P1280581
P1280582
P1280584
P1280585
P1280587
P1280589
P1280590
P1280593
P1280594
P1280595
P1280597
P1280598
P1280602
P1280606
P1280609
P1280614
P1280618
P1280625

Top
We use cookies to improve our website. By continuing to use this website, you are giving consent to cookies being used. More details…