Категорияҳо

28-уми ноябри соли равон мулоқоти судманди ректори донишкада, профессор Маҳмадулло Раҷабзода бо донишҷӯёни хориҷии таълимгоҳ вобаста ба шароити зиндагӣ ва таҳсили онҳо баргузор гардид.

М. Раҷабзода аз ширкати фаъоли донишҷӯёни хориҷӣ дар чорабиниҳои факултетӣ ва донишкадавӣ изҳори хушнудӣ намуда, зикр кард, ки раёсат ва устодону командони донишкада ҳамеша барои баланд бардоштани сатҳи касбияти онҳо кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Зикр гардид, ки айни замон дар донишкада аз кишварҳои гуногуни олам зиёда аз 300 нафар донишҷӯйи хориҷӣ таҳсил менамоянд ва сол то сол теъдоди онҳо зиёд гардида истодааст.

Дар охир донишҷӯён баромад намуда, ба суолҳои бешумори худ аз ҷониби ректор ҷавобҳои дақиқ гирифта, ваъда доданд, ки ҷавобан ба ин ҳама ғамхориҳои устодон тамоми кӯшиши хешро сарфи донишандӯзӣ карда, сарбаландона донишкадаро хатм мекунанд ва дар ҷодаи интихобкардаашон муваффақ мегарданд.

Боиси қайд аст, ки Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода дар тайёр намудани мутахассисони варзида аз рӯйи ихтисосҳои амалкунанда дар самту соҳаҳои гуногуни кишвар пайваста саҳмгузор аст.

1 (1)
P1280628
P1280633
P1280634
P1280637
P1280638
P1280639
P1280640
P1280642
P1280647

Top
We use cookies to improve our website. By continuing to use this website, you are giving consent to cookies being used. More details…