Категорияҳо

Бо ташаббуси факултаи филологияи рус 16-уми ноябр бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ифтитоҳи чархаи аввали Неругоҳи барқи обии Роғун мизи мудаввар баргузор гардид, ки дар он декани факулта Мавлуда Товбаева ва омӯзгорону донишҷӯён иштирок карданд.

М. Товбаева чорабиниро оғоз намуда, зикр кард, ки ифтитоҳи чархаи аввали Неругоҳи барқи обии Роғун рӯйдоди муҳими таърихӣ, идомаи корномаҳои созандаи мардуми тоҷик, таҳти раҳнамоиҳои Пешвои муаззами миллат ба истиқболи ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Ҳамчунин, мудири кафедраи педагогика, психология ва методикаи таълим Муҳсин Шарипов дар мавзӯи “Нақши Пешвои миллат дар раванди иҷлосияи тақдирсоз” ва муаллими кафедраи забоншиносии муқоисавӣ Гулҷаҳон Мирзоева дар мавзӯи “Пешвои миллат- бунёдгузори иншооти бузурги аср” баромад намуданд.

20181116_101230
20181116_101312
20181116_101321
20181116_101330

Top
We use cookies to improve our website. By continuing to use this website, you are giving consent to cookies being used. More details…