Категорияҳо

16-уми ноябр барои мардуми кишвар санаи фархундарақам буд ва соли равон боз арзиши ин сана дучанд афзуд, зеро дар ин рӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти чархаи аввали Неругоҳи барқи обии Роғунро ҳусни ифтитоҳ бахшиданд.

Дар ин рӯйдоди таърихӣ намояндагони воломақоми кишварҳои гуногуни олам, аз ҷумла, Федератсияи Россия, Ҷумҳуриҳои Италия, Ҳиндустон, Покистон, Афғонистон, Белорус, Украина, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, дигар давлатҳо ва ташкилоту созмонҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ ширкат намуданд.

Маросими тантанавии ба кор даровардани чархаи аввали Неругоҳи барқи обии Роғун мустақиман тавассути ҳамаи шабакаҳои давлатии телевизиони Тоҷикистон пахш гардид, ки дар толори фарҳангии донишкада ва синфхонахонаҳои факултаҳо ректори донишкада, профессор Маҳмадулло Раҷабзода ва омӯзгорону донишҷӯён ин рӯйдоди муҳими асрро тамошо карданд.

20181116_150753
20181116_150757
20181116_150820
20181116_150901
20181116_150920
20181116_151959
20181116_152521
20181116_152533
20181116_152552
20181116_153858
20181116_154550
20181116_170219
20181116_170254
20181116_173545

Top
We use cookies to improve our website. By continuing to use this website, you are giving consent to cookies being used. More details…