Категорияҳо

Бо ибтикори садорати факултаи филологияи тоҷик аз ҳисоби донишҷӯёни болаёқати он дастаи ҳунарӣ бо номи “Дидадаро” таъсис дода шуд.

Тавре масъулини факулта хабар доданд, дастаи мазкур аз 15 нафар иборат буда, минбаъд аъзои он дар тамоми чорабиниҳои донишкада фаъолона ширкат хоҳанд кард.

Бояд қайд кард, ки фаъолияти чунин дастаҳо, пеш аз ҳама, барои муаррифии истеъдодҳои ҷавон мусоидат намуда, инчунин ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ гузаронидани чорабиниҳои донишкада имконият фароҳам меоранд.

Пешниҳод менамоем, то дар дигар факултаҳо низ чунин дастаҳои ҳунарӣ таъсис дода шавад. Зеро чунин маҳфилҳо барои баланд бардоштани завқи фарҳангии ҷавонон мусоидат хоҳад намуд.

Top
We use cookies to improve our website. By continuing to use this website, you are giving consent to cookies being used. More details…