Категорияҳо

Бегоҳии 15-уми ноябр садорати факултаи филологияи тоҷик, дар ҳайати декани он Бахтиёр Абдураҳимов ва сарэдвайзер Фирдавс Давлатов аз шароити зисти донишҷӯёне, ки дар хобгоҳ истиқомат мекунанд, боздид намуданд.

Зимни суҳбат бо донишҷӯён муайян гардид, ки аз шароити зиндагиашон дар хобгоҳ розӣ буда, қариб ягон мушкилие надоранд. Ҳамчунин, донишҷӯён гуфтанд, ки пас аз машғулиятҳо дар китобхонаи хобгоҳ вақти босамареро бо мутолиаи адабиёти мавҷуда паси сар мекунанд.

Донишҷӯён барои фароҳам намудани шароит дар бинои нави таълимӣ ва хобгоҳ ба раёсати донишкада, изҳори миннатдорӣ карда, ҳамчунин пешниҳод намуданд, ки агар имкон бошад теъдоди адабиёти бадеӣ ва таълимии китобхонаро бештар кунанд.

Top
We use cookies to improve our website. By continuing to use this website, you are giving consent to cookies being used. More details…