Категорияҳо

Санаи дуюми ноябр мулоқоти муовинони ректор, мудирони кафедраҳо, сардори шуъбаи кадрҳо ва намояндагони садорати факултети забонҳои романӣ-германӣ бо донишҷўёни соли аввал доир шуд.
Муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, профессор Олимҷон Маҳмадҷонов дар бораи таърих ва фаъолияти донишкада маълумот дода ҳамчунин, қайд намуд, ки имрӯз барои донишҷӯён ҳукумати кишвар ҳамаи шароитҳоро муҳайё намудааст. Аз ин рӯ, ҷавононро мебояд, ки бо масъулияти баланд ҷавобан ба ин ҳама дастгириҳо аз пайи омӯхтани донишҳои муосир бошанд.
Декани факулта Муҳаммад Дуллоев изҳор дошт, ки дар факултаи забонҳои романӣ-германӣ 1349 нафар донишҷӯён аз рӯйи даҳ ихтисос таҳсил менамоянд.
Сардори шуъбаи кадрҳо Шоҳиддин Наҷмуддинов дар бораи муқаррароти Оиннома ва қоидаҳои тартиботи дохилии муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода» ба ҳозирин маълумот муфассал дод.
Ҳамчунин, мудири кафедраи таърих ва робитаҳои байнифарҳангӣ, профессор Назир Азимзода дар мавзӯи «Нашъамандӣ вабои аср» ва эдвайзери факултаи номбурда Ифтихори Амонқул дар бораи Низомномаи низоми кредитии таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ баромад намуданд.

 

mulokot1
mulokot10
mulokot11
mulokot12
mulokot13
mulokot14
mulokot15
mulokot2
mulokot3
mulokot4
mulokot5
mulokot6
mulokot7
mulokot8
mulokot9

Top
We use cookies to improve our website. By continuing to use this website, you are giving consent to cookies being used. More details…