Категорияҳо

Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи волейбол байни донишҷӯёни муассисаҳои олии ҳудуди ноҳияи номбурда баргузор гардид, ки дар намояндагони донишкадаи мо низ фаъолона ширкат намуданд.
Мудири кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва фанҳои табиӣ-риёзӣ Ҳ. Нарзуллоев иттилоъ дод, ки дар даври ниҳоии мусобиқа сазовори ҷойи аввал донишҷӯёни Донишкадаи давлатии тарбияи ҷисмонӣ ба номи С. Раҳимов, мақоми дуюм, муҳассилини Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва ҷойи сеюмро дастаи варзишгарони донишкадаи мо соҳиб гардиданд.
Бояд қайд кард, ки ғолибон бо туҳфаву ифтихорномаҳо қадрдонӣ шуданд.

 

voleybol1
voleybol2
voleybol3
voleybol4

Top
We use cookies to improve our website. By continuing to use this website, you are giving consent to cookies being used. More details…