Категорияҳо

1-уми ноябр дар толори Шӯрои олимони донишкада маҳфили мубоҳисавии «Пайравони Пешвои миллат» дар мавзӯи «Ҷудошавии оилаҳои ҷавон: сабабҳо ва пешгирӣ» бо ширкати васеи донишҷӯён доир гардид.
Мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Фирӯз Хоҷаев чорабиниро ифтитоҳ намуда гуфт, ки оила рукни муқаддаси ҷомеа буда, онро бояд ҳифз кард, зеро пойдории оила, пеш аз ҳама, омили таъминкунандаи суботи ҷомеа, устувории пояҳои ахлоқию маънавии он, тарбияи насли худшиносу худогоҳ, ватандӯсту меҳанпараст ба шумор меравад.
Сипас, аъзои маҳфил донишҷӯёни соли дуюми факултаи забонҳои романӣ-германӣ - Мирзосафар Ҳакимов, Раҳматулло Одинаев ва Зулола Сангинова дар бораи аз ҳам пошидани оилаҳо ва роҳи пешгирии он маърӯза намуда, тавассути видиоролику рӯйнамо маводҳои худро дар ин мавзӯъ пешниҳоди ҳозирин карданд. Қариб ҳамаи баромадкунандагон бар он назар буданд, ки дар пошхӯрии оилаҳо на танҳо худи ҷавонон гунаҳгоранд, балки:
- Ҷудошавии оилаҳо дар бештари маврид аз дахолати шахсони сеюм сарчашма мегирад. Мисол, дар ҷудошавии оилаҳои ҷавон калонсолон низ гоҳо сабабгор мешаванд, чунки онҳо камбудиҳои ҷойдоштаро бинанд ҳам, дар роҳи ҳаллашон камтар мекӯшанд. Ин мушкилиест, ки барои ҳалли он бояд дастаҷамъона амал намоем, - иброз дошт узви маҳфил М.Ҳакимов

oila1
oila2
oila3
oila4
oila5
oila6
Top
We use cookies to improve our website. By continuing to use this website, you are giving consent to cookies being used. More details…