Категорияҳо

Дар толори фарҳангии донишкада 30-юми октябри соли равон конфренсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар мавзӯи “Усулҳои муосири таълими забон ва адабиёти рус дар шароити бисёрфарҳангии таълим» бо панҷ забон - тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, арабӣ ва куриёӣ баргузор гардид.

Ректори донишкада, профессор Маҳмадулло Раҷабзода ҳамоишро ифтитоҳ намуда, изҳор дошт, ки ҳадафи асосии конфренсия аз сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ сарчашма гирифта, насли ҷавонро бо ҷаҳони мутамаддин мепайвандад.

- Мақсади ин гуна ҷамъомадҳо омӯзиш ва табодули таҷриба оид ба ҳалли масъалаҳои муносибатҳои стратегии ислоҳоти системаи маориф мутобиқи талаботи муосир ҷиҳати рушди таҳсилот дар шароити бисёрфарҳангӣ ва бисёрзабонӣ дар соҳаи маориф дар заминаи татбиқ ва ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионии таълим ва омӯзиш мебошад, - илова намуд ректор.

Баъдан, Ш. Акрамов, ходими пешбари илмии Институти тадқиқотии иҷтимоӣ – сиёсии АИ Федератсияи Россия дар мавзӯи «Поликультурное и полилингвальное образование как инновационный проект современной лингвистики» баромад карда, аз ҷумла гуфт, ки сатҳи донистани забони русӣ дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон хеле хуб аст, зеро бештари мардум аз забони русӣ огоҳ буда, донишҳои аввалияро доранд. Дар муассисаҳои таълимӣ низ барои омӯзиши забони русӣ тамоми имкониятҳо фароҳам оварда шудаанд.

Дар идома ректори донишкада, профессор М. Раҷабзода дар мавзӯи «Внедрение информационно - коммуникационных технологий в образовательное пространство Таджикистана» маърӯза намуда, иброз дошт, ки ҷаҳонишавӣ ва рушди технологияҳои информатсионӣ-коммуникатсионӣ ба тағйироти асосӣ дар ҳамаи соҳаҳои фаъолияти ҳаёти ҷомеа мусоидат менамояд.

Ҳамчунин, профессори кафедраи забоншиносии умумӣ ва типологияи муқоисавии ДМТ С.Негматов дар мавзӯи «Основные направления полилингвального и поликультурного образования в Республике Таджикистан (постановка проблемы)», М.Афзалӣ, дотсенти кафедраи забонҳои хориҷии факултаи ҳуқуқшиносии ДМТ дар мавзӯи «Self – directed projects in teaching a foreign language” ва унвонҷӯёни донишкада М. Баюмӣ (Ҷумҳурии Мисри Араб) дар мавзӯи «Усулҳои муосири таълими забони арабӣ барои хориҷиён» ва Шин Наг Кюн дар мавзӯи «Усулҳои инноватсионии таълими забони куриёӣ дар муассисаҳои таълимӣ (дар мисоли МТОК-и Ҷумҳурии Куриёи Ҷанубӣ» суханронӣ намуданд.

Зикр гардид, ки ҷиҳати иҷро намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат, дар самти омода намудани мутахассисони ояндаи ҷавобгӯ ба талаботи бозори дохилию беруна ва донандаи ду ё се забонҳои хориҷӣ дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода омӯзиши 11 забонҳои хориҷӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар конфренсия масъалаҳои актуалии омӯзиши забонҳои хориҷӣ бо истифода аз усулҳои нави таълим дар шароити бисёрфарҳангии таълим, воситаҳои баланд бардоштани сатҳу сифати омодакунии забоншиносони оянда, масъалаҳои мубрами забоншиносӣ, усули тадриси забонҳои хориҷӣ тавассути тарҷума ва амсоли ин мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Конфренсия дар бахшҳо бо фарогирии 52 мавзӯъ ва иштироки намояндагони дохиливу хориҷӣ кори худро таҳти роҳбарии муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, профессор Олимҷон Маҳмадҷонов идома дод.

2
20181030_111634
20181030_111853
20181030_111913
20181030_111954
20181030_112242
20181030_112304
P1270812
P1270818
P1270819
P1270827
P1270829
P1270836
P1270840
P1270846
P1270849
P1270855
P1270858
P1270870
P1270877

Top
We use cookies to improve our website. By continuing to use this website, you are giving consent to cookies being used. More details…