Категорияҳо

Бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ як гурӯҳ донишҷӯёни соли аввали факултаи филологияи рус таҳти роҳбарии куратор Доро Суҳробӣ 28-уми октябри соли равон дар мавзеи таърихии Қалъаи Ҳисор сайёҳат намуданд.

Донишҷӯ Акобир Амирбеков чунин ибрози ақида намуд: «Бори аввал аст, ки чунин сафари хотирмон доштам, зеро муассисаи давлатии ҷумҳуриявии «Мамнӯъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор» - яке аз дурдонаҳои ёдгориҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон аст. Қалъаи мазкур аз ҷумлаи он мавзеъҳои таърихист, ки таваҷҷуҳи ҳар сайёҳро ба худ ҷалб мекунад.

Зикрулло Ҷобиров, директори муассиса, иброз дошт, ки давоми сол 28 120 нафар, аз ҷумла, 6211 сайёҳи хориҷӣ ва 21 909 меҳмони дохилӣ аз тамошои ин ёдгории таърихию фарҳангӣ лаззат бурдаанд. Дар семоҳаи охир бошад 51 гурӯҳ бо ширкати 866 меҳмони хориҷӣ дар ҳайатҳои давлатӣ, ба мамнӯъгоҳ ташриф овардаанд. Аз ин ҳисоб ба буҷети давлат маблағи зиёд ворид гардид.

20181028_105424
20181028_105612
20181028_113335
20181028_115654
20181028_121243

Top
We use cookies to improve our website. By continuing to use this website, you are giving consent to cookies being used. More details…