Категорияҳо

Бо ибтикори садорати факултаи филологияи тоҷик ва иштироки муовинони ректор, омӯзгорону донишҷӯён яке аз ҷашнҳои қадимаи мардуми тоҷик – Меҳргон бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид.

Муовини ректор оид ба тарбия Зебониссо Бобоалиева ҳозиринро бо ин ҷашни аҷдодӣ, табрик намуда, афзуд, ки истиқлолият ба аксари ҷашну маросимҳои миллии мо, бавижа Наврӯзу Меҳргон умри дубора бахшид. Меҳргон низ ҳамчун куҳантарин ҷашни мардуми ориёинажод бо хусусият ва шукӯҳу шаҳомати хеш эҳё гардид.

Гулрухсор Абдуллоева, дотсенти кафедраи назария ва амалияи забоншиносӣ ба ҷашни мардумӣ ва сарчашмаи ормону хостаҳои халқ будани Меҳргон ишора карда, қайд намуд, ки дар сарзамини мо ҷашни Меҳргон ҳамчун рамзи фаровониву шукргузорӣ аз табиат ҳамасола қайд карда мешавад.

Донишҷӯён барномаи фарҳангии тарбиявиеро пешниҳод намуда, бо қироати шеъру маърӯзаҳои пурмуҳтавояшон бори дигар исбот карданд, ки воқеан ҳам ба ҷашну ҳунарҳои мардумии худ эҳтироми баланд доранд.

Чорабинии мазкур дар рӯҳияи баланди хештаншиносӣ баргузор гардид, ки ҳозирин таҷлили бошукӯҳи ҷашни Меҳргонро бо хушнудӣ пазируфтанд.

20181024_121355
20181024_121510
20181024_121530
20181024_121559
20181024_121924
20181024_121958
20181024_122022
20181024_122034
20181024_122205
20181024_122330
20181024_122536
20181024_123350
20181024_123959
20181024_124014
20181024_124157
20181024_124209
20181024_124312
20181024_124318
20181024_124437
20181024_125317
20181024_125332
20181024_125356
20181024_125411
20181024_130719
20181024_130926
20181024_131048
20181024_131050
20181024_131057

Top
We use cookies to improve our website. By continuing to use this website, you are giving consent to cookies being used. More details…