Категорияҳо

Санаи 23-юми октябр дар толори фарҳангӣ маҳфили умумидонишкадавии мубоҳисавӣ-сиёсии “Фалсафа ва ҷаҳони муосир” вобаста ба нашри ақидаҳои ғаразноки гурӯҳҳои мухолиф нисбати шароит ва вазъи имрӯзаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баргузор гардид, ки дар он ректори донишкада, профессор Маҳмадулло Раҷабзода ширкат намуд.

Бо ёдоварӣ аз дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди босуботи иқтисодию иҷтимоии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Маҳмадулло Раҷабзода изҳор дошт:

-Маҳз бо заҳматҳои шабонарӯзии Сарвари давлат мардуми тоҷик, ки бар асари ҷанги шаҳрвандии солҳои 90 - уми асри гузашта парешон гашта буд, ба ҳам оварда шуда, сулҳ дар Тоҷикистон барқарор гардид. Аз ин рӯ, бо итминони комил гуфта метавонем, ки мардуми шарафманд ва меҳнатқарини ВМКБ бо заҳмату фаъолияти софдилона, иродаи мустаҳкам, иттиҳоду сарҷамъӣ, масъулияти баланд ва ташаббусҳои созанда баҳри амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми босазои худро мегузоранд.

Баъдан, бо зикр кардан аз тасмими Президенти мамлакат ҷиҳати таҷлили 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ дар маркази ВМКБ – шаҳри Хоруғ, мудири кафедраи таърих ва робитаҳои байнифарҳангӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Назир Азимзода иброз дошт, ки сокинони кишвар, хусусан мардуми фарҳангдӯсти ин минтақаи баландкӯҳ, бояд баҳри таҷлили сазовори ҷашни таърихӣ омодагии ҷиддии сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ дида, дар вусъати корҳои созандагӣ саҳм гузоранд.

Муҳаббатшоҳ Қобилов, муаллими калони кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносӣ зикр намуд, ки имрӯз душманону хоинони миллат аз хориҷи кишвар истода, тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ҳар гуна андешаҳоро паҳн намуда, тадбирҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мавриди ҷамъоварии силоҳ, пешгирӣ аз гардиши мошинҳои берақам, интиқоли маводи мухаддир ва дигар иқдомотро як навъ амалиёти давлат нисбати мардуми Бадахшон маънидод мекунанд, ки ин сирф хусусияти бадбинона ва душманона дорад.

Ҳамчунин, дар идома мудири кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносӣ Диловар Маҷидов ва дотсенти кафедраи филологияи шарқ Наврӯз Саркоров баромад намуданд. Дар поёни маҳфил муроҷиатномаи донишҷӯёни донишкада ба ҷавонони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ироа гардид.

Иштирокдорони чорабинӣ аз дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди босуботи кишвар ва хосса ВМКБ изҳори сипос намуда, таъкид доштанд, ки омодаанд бо баргузории чорабиниҳо, маҳфилҳо ва эҷодикорномаҳо дар ин мавзӯи рӯз саҳми худро гузоранд.

P1270707
P1270712
P1270714
P1270725
P1270726
P1270732
P1270738
P1270743
P1270749

Top
We use cookies to improve our website. By continuing to use this website, you are giving consent to cookies being used. More details…